Чӣ гуноҳе боиси фишори қабр мешавад?

Ва барои дӯрӣ аз он чӣ бояд кард?

Мӯъмин бояд тарс ва умедаш ба Худо дар як сатҳ ва бо ҳам баробар бошад, агар тарсаш аз азобҳои илоҳӣ беш аз ҳад бошад, аз раҳмати Худованд ноумед мешавад ва ба истилоҳи улум мегӯяд: Об, ки аз сар гузашт, чӣ як ваҷаб ва чӣ сад ваҷаб ҳам бошад, фарқе намекунад. Ва аз тарафе агар умедаш ба фазлу раҳмати илоҳӣ беш аз андоза бошад, аз макри илоҳӣ дар амон мемонад ва аз ҷониби дигар суқут мекунад ва ангезае барои анҷоми аъмоли нек ва писандида пайдо намекунад, дар ҳоле, ки Худованд каримтар аз он аст, ки бандаи заиф ва залилро азоб кунад. Дар натиҷа ба ҳар амали ношойистае тан дода ва боз ҳам дам аз фазлу карам ва лутфу раҳмати Худо мезанад, дар ҳамин бора Ҳазрати Паёмбари Аъзамё(с) мефармоянд: “Агар андозаи раҳмати Худоро медонистед, ҳар оина бар он такя мекардед ва ҷуз аъмоли андаке анҷом намедодед ва агар андозаи ғазаб ва хашми Худоро медонистед гумон мекардед, ки дигар наҷот нахоҳед ёфт ”.[1] Вале бинобар фармоиши Имоми Содиқ(рз), ки мефармояд: “Ҳеҷ бандаи мӯъмине нест магар, он ки дар қалбаш ду нур вуҷуд дорад, нури хавфу тарс (аз азоби илоҳӣ) ва нури умед (ба раҳмати Парвардигор), ки агар ҳар якро бо ҳам бисанҷад, аз якдигар зиёдтар нахоҳад буд ”.[2] Яъне ҳар ду ба як андоза хоҳанд буд, пас шумо дӯсти азиз ҳам ба ҳамон андоза, ки аз азоби илоҳӣ бимнок ҳастед ва метарсед, ба фазлу раҳмати Парвардигор ҳам умедвор бошед, то андозаи худро барои анҷоми аъмоли хуб ва писандида аз даст надиҳед ва ба гуноҳи кабира, ки ҳамон ноумед шудан аз раҳмати Парвардигор аст, гирифтор нашавед.

Инсон .... пушти сар ниҳода ва оламҳои дигареро дар пеши рӯй дорад, инсон ба василаи марг аз олами дунё ба ҷаҳони охират мунтақил мешавад, ки охират ҳам ибтидояш “олами барзах” ва интиҳояш, ки баъд аз барпойи қиёмат аст, биҳишт ё дузах мебошад.

Яке аз нишонаҳо ва вижагиҳои олами барзах “фишори қабр” мебошад. Фишори қабр барои ҳар фарде мутафовит ва гуногун аст. Баъзе аз афрод фишори қабр надоранд ва онҳое, ки фишори қабр доранд, фишорашон аз назари шиддат ва заъф яксон нест ва бастагӣ ба аъмоли онҳо дорад.

Сабабҳое, ки боиси фишори қабр мешавад

1 Бадахлоқӣ.

2 Суханчинӣ.

3 Риоят накардани таҳорат ва наҷосат ва парҳез накардан аз бавл.[3]

4 Кӯмак ва ёрӣ накардани мазлум. Дар китоби Савобулаъмол омада аст, ки яке аз олимҳои бани Исроил аз дунё рафт ва фишори қабр бар ӯ ворид шуд, чаро ки ӯ як бор намозро (амдан ва аз рӯи қасд) бе вузӯ хонда буд ва аз канори мазлуме гузашта буд ва ӯро кӯмак ва ёрӣ накарда буд.[4]

5 Аз байн бурдан ва ҳадар додани неъмати илоҳӣ. Ҳазрати Паёмбари Акрам(с) фармуданд: “Фишори қабр барои мӯъмин кафораи табоҳ намудани неъматҳо аз тарафи ӯст”.[5]

Сабабҳое, ки боиси кам шудан ё аз байн бурдани фишори қабр мешавад[6]

1 Намози шаб ва комил намудани рукӯъ. Имом Ризо(рз) дар ин бора мефармоянд: “Касе, ки намози шаб бихонад ва дар қунути намози “Витр” ҳафтод бор истиғфор кунад, аз азоби қабр паноҳ дода мешавад”. Ва имом Боқир(рз) низ дар ин замина фармуда аст: “Ҳар кас рукуъи намозашро комил анҷом диҳад, ваҳшати қабр ба ӯ намерасад”.[7]

2 Садақа ва намози махсус.[8]

3 Намози Ваҳшат. Ин намоз бисёре аз мурдагонро аз азоби қабр ва фишори қабр наҷот додааст, ки ҳикоятҳои аҷибе дар достонҳои шигифти шаҳид Дастғайб дар ин бора мавҷуд аст, ки метавон ба он муроҷиъа намуд.[9]

4 Ҳаҷ ба ҷой овардан. Дар ривоят аст, ки ҳар кас чаҳор маротиба Ҳаҷ ба ҷой оварад, азоби қабр аз ӯ бардошта мешавад.[10]

5 Хондани баъзе аз сураҳои Қуръон. Ҳазрати Али(к) мефармояд: “Ҳар кас дар ҳар ҷумъа сураи Нисоро тиловат кунад, аз фишори қабр амон меёбад”.[11] Сураҳои Зухруф, Ёсин, Такосур ва Таборак, низ дар ин маврид супориш кардаанд.

 

Тоҷикон



[1] Мизонул ҳикмати 10 ҷилдӣ, ҷ.3, с 178.

[2] Биҳорул анвор, ҷ. 8, саҳ.259.

[3] Ҳамон, ҷ.75, саҳ. 265.

[4] Савобул аъмол, саҳ. 111.

[5] Биҳорул анвор, ҷ.6, саҳ.221.

[6] Бо истифода азкитоби “Олами барзах дар чанд қадамии мо” Муҳаммади Муҳаммадии Иштиҳордӣ, интишороти набавӣ.

[7] Ҳамон, ҷ.85, саҳ.107.

[8] Биҳорул анвор, ҷ. 91, саҳ. 219.

[9] Ҳошияи Мафотеҳул ҷинон, Шайх Аббоси Қумӣ.

[10] Ман ло яҳзуруҳул фақеҳ, ҷ. 2, саҳ. 217, ривояти 2209, боби 2.

[11] Васоил, ҷ. 7, боби 54, саҳ. 409, ривояти 9714.

Добавить комментарий

Защитный код
Обновить

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст