Имрӯза баъзе аз инсонҳо вуҷуди Худоро қабул надоранд ва мегӯянд: Ин ҷаҳон бар асари тасодуф ба вуҷуд омада аст ва Худое вуҷуд надорад. Оё касе, ки ақл дорад ин суханро мегӯяд, ин ҷаҳон аз табиат ба вуҷуд омада ва табиат ҳам бар асари тасодуфҳо?

Оё дар ин ҷаҳон ҳамаи чиз дар ҷои худ қарор гирифта аст метавонад батаври тасодуфӣ ба вуҷуд биёяд?

Оё рӯзе шуда аст, ки Хуршед набарояд ва шаб нашавад ва ё рӯз нашавад?

Инҳо ҳама нишон медиҳад, ки ин ҷаҳон соҳиб ва мураббӣ дорад, ки мо онро Худо меномем Худое, ки олим, қодир, ҳаким, басир, холиқ ва ....

Ҳоло инак ба як достон таваҷҷӯҳ кунед:

Ду олим буданд яке Худоро қабул дошт ва дигаре Худоро қабул надошт! Ҳар ду қарор гузоштанд дар маконе бо ҳам мунозира ва гуфтугӯ кунанд. Олими мусалмон дер омад. Олими ғайри мусалмон ба ӯ гуфт вафои ба аҳд ҷузъи хислатҳои мусалмонон аст, пас чаро дер омадӣ? Олими мусалмон гуфт дар роҳ дидам дарахтеро, ки як дафъа тикка тикка шуд ва тиккаҳои он сари ҳам шуданд ва як киштӣ сохтанд, ки савори он киштӣ шудам ва аз дарё гузаштам, ба хотири ҳамин каме дер кардам. Олиме, ки Худоро қабул надошт гуфт дуруғ мегӯӣ! Магар чунин чизе мумкин аст?! Олими мусалмон каме ба чеҳраи ӯ нигоҳ кард ва гуфт ту ки қабул надорӣ, як дарахт худ ба худ киштӣ шавад, чигуна мегӯӣ ин ҷаҳон худ ба худ ба вуҷуд омада аст ва Худое надорад?!

Ҳоло шумо қазоват кунед оё ин дуруст аст, ки бигӯем Худо вуҷуд надорад?

Добавить комментарий

Защитный код
Обновить

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст