Дар Қуръони Карим оёте ҳаст, ки мумкин аст касоне аз он оёт ингуна натиҷа бигиранд, ки Паёмбари Акрам(с) (алъаёзу биллоҳ) муртакиби гуноҳ шуда аст. Ба ин ҷиҳат мо дар ин мақола ба яке аз ин маворид мепардозем.

Мурод аз مَا تَقَدَّمَ مِنْ ذَنْبِکَ وَ مَا تَأَخَّرَ

«إِنَّا فَتَحْنَا لَکَ فَتْحاً مُبِیناً * لِیَغْفِرَ لَکَ اللَّهُ مَا تَقَدَّمَ مِنْ ذَنْبِکَ وَ مَا تَأَخَّرَ وَ یُتِمَّ نِعْمَتَهُ عَلَیْکَ وَ یَهْدِیَکَ صِرَاطاً مُسْتَقِیماً»[1]

“Эй Расул! Мо ин фатҳ ва пирузиро насиби ту кардем то инки гуноҳони гузашта ва ояндаи ту омурзида шавад ва неъмати худро бар ту тамом карда бошем ва туро ба роҳи мустақим ҳидоят кунем.”

Шубҳае, ки дар ин оят матраҳ шуда ин аст ки : Паёмбари Акрам(с) пеш аз нузули ин оят муртакиби гуноҳе шуда буд ва баъд аз он нузули ин оят ҳам то фатҳи Макка гуноҳеро муртакиб мешуд, ки бо фатҳи Макка ҳамаи онҳоро Худованд бахшид.

Фахри Рози дар мавриди ин оят мегуяд: Ин оят далолат дорад, ки Паёмбар(с) муртакиби гуноҳ шуда чун мағфират дар ҷое дуруст аст, ки гуноҳе ё хатое аз шахсе сар зада бошад.

Ҷавоб:

“Занб”дар ин оят ба чанд маъно метавонад бошад?

1.“Занб” дар оят ба маънои исён ва маъсияти ва нофармонии Парвардигор нест, балки ин гуноҳ як гуноҳи иҷтимоӣ аст, зеро ҳар ислоҳкунандае, ки наҳзат мекунад ва ҷомеаи худро дигаргун месозад арзишҳоеро, ки то он рӯз маънои арзиши иҷтимои матраҳ буда, дигаргун месозад ва он арзишҳо ба беарзиши табдил мешавад ва чизҳое, ки арзиш надошт, мешавад соҳиби арзиш. Чун инқилоби ҳақиқи он аст, ки решадор бошад, яъне дигаргуни ва вожгунии фарҳангӣ.

Иртиботи ҷумлаи لِیَغْفِرَ لَکَ اللهُ бо масъалаи фатҳ ин аст ки гуфта шуд, наинки Паёмбар(с) гуноҳонеро байни худ ва Худо (алаёзу биллоҳ)муртакиб шуда бошад ки танҳо бо фатҳи Макка, он гуноҳон пинҳони қобили афв ва омурзиш бошанд, ҳамчунин ояти шарифа ба гуноҳи хоссе, ки Паёмбар(с) худ ба он дучор шуда бошад ишора надорад, балки чизе аст, ки назари иҷтимои нописанд маҳсуб мешавад.

Хулоса ҷавоби ин шубҳа ин шуд ки: Мурод аз занб он мухолифати ҳазрат бо рафтор ва одот ва ахлоқи куффор ва мушрикин аст, ки дар назари онон гуноҳи бузурге маҳсуб мешуд. Ва ин амр барои Паёмбар(с) сахт буд то инки Худованд фатҳи Маккаро насиби ӯ гардонид ва мушрикон гароиш ба ислом пайдо карданд ва дарёфтанд, ки Паёмбар(с) ҳақ ва ҳақиқатро баён мекард ва дар гунаҳкор донистани ҳазрат муртакиби хато шуда буданд.

2.Дар ҳар инқилобе хунҳое рехта мешавад, бисёре аз чизҳои азиз ва дуст доштани дар ҷомеа аз даст меравад. Агар рӯзе раҳбар ва парчамдори он ҳаракат қиём бар пешбиниҳояш даст набояд тамоми касоне ки рузгоре бо ӯ  дар канораш буданд бар ӯ мешуриданд. Пас мардум дар роҳи инқилоб фидокори мекунанд аммо рӯзе ба натиҷае бирасанд, ки орзуҳояшон дастнаёфтани аст он вақт аст, ки сар ба эътироз бармедоарнд.

Аммо агар инқилоб ба пирӯзи бирасад, тамоми ин ҳарфҳо дар баробари он пирӯзи чандон аҳамияте надорад. Ин буд ки Худованд фармуд: Мо ин фатҳро насиби ту кардем.

اَلْیَوم غلبَ الاِسلامُ کُلّه عَلَی الشِّرْکِ کُلّه

Вақте, ки ҷанги аҳзоб анҷом шуд ва фатҳи Макка ба поён расид, ислом ба тамоми маъно бар ширк бо тамоми аъзояш пируз шуд ва барои мушрикон чизе боқи намонд. Гуруҳе ба зури мусалмонон шуданд ва ҷамъе фирор кардад. Боқимондаи онҳо ҳам заиф буданд. Худо ин фатҳ ва пирӯзиро насиби Паёмбараш кард то гуноҳони гузашта ва ояндааш (гуноҳони иҷтимоие, ки як шахси муслиҳ дар роҳи ба бор нишонадни инқилоби худ мумкин аст муртакиб шавад) бахшида шавад. Пас ҳам касоне ки аз бадхоҳони инқилоб даҳонашон баста мешавад ва ҳам дар худи ҷомеае, ки инқилоб шуда, тамоми бадиҳо чашмпуши мешавад. Ончиро ки то он ҳангом ба унвони гуноҳ ва исён матраҳ буд акнун мояи ифтихор мешавад.

Ва аммо иртиботи ҷумлаи «لِیَغْفِرَ لَکَ اللهُ»  бо масъалаи фатҳ ин аст, ки гуфта шуда, на инки Паёмбар гуноҳонеро байни худ ва Худо (алаёз биллоҳ) анҷом дода бошад, ки танҳо бо фатҳи Макка, он гуноҳони пинҳони қобили афв ва омурзиш бошанд, ҳамчунин ояти шарифа ба гуноҳи хоссе, ки Паёмбар(с) худ ба он дучор шуда бошад ишора надорад, балки чизе аст, ки аз назари иҷтимои нописанд маҳсуб мешавад.

Аз маҷмуи ончи гуфта шуд метавон натиҷа гирифт ки :

1.Мурод аз занб, гуноҳоне аст, ки мушрикин нисбат ба Паёмбар(с) медоданд, ки бо фатҳи Макка бар мушрикон мушаххас гардид, ки дар ҳаққи Паёмбар(с) хато кардаанд.

2. Агар мурод мағфират гуноҳони Паёмбар(с) бошад, чи иртиботе ба фатҳи Макка дорад?

Чи гуноҳе аст, ки ба фатҳи Макка мавриди мағфират қарор мегирад?



[1] Сураи Фатҳ, оёти 1 ва 2.

Добавить комментарий

Защитный код
Обновить

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст