Марде барои ислоҳи сару сураташ ба сартарошхона рафт дар байни кор гуфтугуи зебое байни онҳо даргириф.

Онҳо дар мавриди матолиби мухталифе суҳбат карданд вақте ба мавзуъи Худо расид сартарошхона гуфт: Ман бовар намекунам ки Худо вуҷуд дорад.

Он мард пурсид: Чаро бовар намекунӣ?

Сартарош ҷавоб дод: Кофист ба берун бирави то бубини чаро Худо вуҷуд надорад? Шумо ба ман бигу агар Худо вуҷуд дошт ин ҳама бемор мешуданд? Баччаҳои бесарпараст пайдо мешуд? Агар Худо вуҷуд дошт дарду ранҷе вуҷуд надошт? Наметавонам Худои меҳрубонеро тасаввур кунам, ки иҷоза диҳад ин ҳама дарду ранҷ вуҷуд дошта бошад.

Он мард лаҳзае фикр кард аммо ҷавобе надод чун намехост баҳс кунад. Сартарош корашро тамом кард ва он мард аз сартарошхона берун рафт. Вақте аз сартарошхона берун омад мардеро дид бо муҳои баланд ва жулида ва ба ҳам печ хурда ва риш ислоҳ накарда зоҳираш чиркин ва ба ҳам рехта буд.

Он мард баргашт ва дубора вориди сартарошхона шуд ва ба сартарош гуфт: Медони чие! Ба назари ман сартарошҳо ҳам вуҷуд надоранд.

Сартарош гуфт: Чаро чунин ҳарфе мезанӣ? Ман инҷо ҳастам. Мар сартарошам. Ҳамин ҳозир муҳои туро кутоҳ кардам.

Сартарош бо эътироз гуфт: Не! Сартарошҳо вуҷуд доранд аммо мавзуъ ин аст, ки мардум ба мо муроҷиа намекунанд.

Он мард гуфт: Дақиқан нукта ҳамин аст. Худо вуҷуд дорад. Фақт мардум ба ӯ муроҷиа намекунанд ва дунболаш намегарданд.

Барои ҳамин аст ки ин ҳама дарду ранҷ дар дунё вуҷуд дорад....

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст