Дар ин мақола бар он ҳастем, ки бо шумо хонандагони гиромӣ аз чистии мутолиа ва фавоиди он сухан гуфта ва нуктаҳои муфиду куллиро дар ин бора баён кунем.

Нахуст фавоиди мутолиаро аз назар мегузаронем:

1. Дур шудани васвасаҳо ва ғаму андӯҳ.

2. Парҳез аз фурӯ рафтан дар корҳои беҳуда ва дурӣ аз пардохтан ба корҳои пуч.

3. Дур шудан аз афроди бекор.

4. Дилнишин гаштани забон ва омухтани санъати суханварӣ.

5. Рушди ақл.

6. Ба даст овардани дониши фаровон ва ҳифзи мафҳумҳо.

7. Истифода аз таҷрибаи дигарон ва баҳрамандӣ аз андарзҳои фарзонагон ва бардоштҳои илмии донишмандон.

8. Афзоиши имон (хондани китобҳои исломӣ боиси афзоиши имон мегардад зеро китоб, панддиҳандаи бузургест, ки аз бадиҳо боз медорад ва ба хайру хубӣ фаро мехонад).

9. Зеҳн ба василаи хондани китоб аз парешонӣ наҷот меёбад ва қалб аз андӯҳу ранҷ раҳо мешавад ва вақти инсон аз зоеъ шудан эмин мемонад.

10. Китобхонӣ боис мешавад, ки инсон дар фаҳми калимаҳо ва маъноҳову мафҳумҳое, ки дар калимот аст ва низ дар шинохти асрор ва рамзҳои ҳикмат, маҳорат пайдо кунад.

11. Лаззат бурдан аз зиндагӣ.

Аз фаромуш шудани матолиби хондашуда наҳаросед

Мусаллам аст, ки мо тамоми калимоту ҷумлаҳои китобро ба хотир намесупорем ва шояд фаромӯш карда бошем, ки фалон китобе, ки ду сол пеш хонда будем, дар чӣ мавриде баҳс мекард, вале ин ба он маънӣ нест, ки он мутолиаҳо бесамар будааст. Оре, агар ба шакли сатҳӣ ва зоҳирӣ китобро хонда бошем, мутмаинан зуд онро фаромӯш мекунем, вале мутолиа боис шудааст, ки иттифоқоте дар зеҳни мо биафтад ва муҳим ҳамин иттифоқ аст, на ҷумлаҳову достонҳое, ки мехонему фаромуш месозем. Самараи ин таъсироту иттифоқот худро дар қудрати таҷзия ва таҳлили зеҳнии инсон нишон медиҳад. Самараи мутолиа васеътар шудани фазои зеҳнӣ ва амиқтар шудани табақаҳову зинаҳои фикрӣ ва ошноӣ бо дигаргункуниҳои гуногун дар таҳлили падидаҳост. Шояд калимоту ҷумлаҳоеро, ки хондаем фаромуш кунем вале асаре, ки он калимаҳо бар зеҳни мо гузоштаанд аз байн намеравад.

Шоиста аст, ки касе мутолиа мекунад ба диққат дар мавриди он чӣ ки мехонад, бияндешад. Нависандае мегӯяд: «хондан бидуни фикр кардан,бадтар аз нахондан аст».

Китобҳо низ ҳарому ҳалол доранд

Ҳар чизе ҳарому ҳалол ва қонунҳои худро дорад. Китобхонӣ низ одоби худро дорад. Одоб ва шарти хондани китобҳои ҳалол нахондани китобҳои бад аст. Шахсе, ки аз ақидаи нобу воқеии исломӣ огаҳ нест, агар ҳар навъ китоберо бихонад дар парешонию изтироб гирифтор мешавад ва чӣ басо боиси ба фитнаҳо гирифтор шуданаш низ гардад. Пас, мо мусалмонон бояд дар қадами аввал дар мавриди дини мубини ислом, дар мавриди Қуръони пок, Паёмбари бузургвор, дар мавриди қонуни поки Қуръон ва суннати инсонсози Расул, таърихи ислом ва ... мутолиаи дақиқу ҳамаҷониба намоем ва барои касби ин маълумот бояд каме кӯшиш аз худ нишон диҳем. Бояд ҳар лаҳза дар ҷустуҷӯ бошем ва вақте, ки маълумоти мо дар мавриди дини худ зиёд шуд, он гоҳ хондани китобҳои дигар барои мо ҳалол мебошад...

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст