Тафаккур дар нафс. Инсон дар ин бияндешад, ки Худованд нафси инсонро чӣ гуна офарида ва чӣ гуна хусусиятҳое дорад? Ин кор бисёр муҳим аст. Амали арзишгузорӣ, тасҳеҳу беҳтарсозӣ анҷом намепазирад, магар пас аз тафаккур. Агар фикри инсон саҳеҳ бошад айбҳоро мешиносад ва ба иштибоҳҳо пай мебарад. Дар натиҷа аз бори дигар гирифтор шудан ба иштибоҳоти гузашта, пешгирӣ мекунад ва барои пӯшида нигаҳ доштани айбҳои нафси худ талош мекунад. Инсон бояд дар бораи худ ва дар вазъияти хонаводаи худ андеша кунад, ки чӣ гуна айбҳои онҳо ва нуқтаҳои заъфашонро беҳбуд бахшад.

Касе ки хостори ислоҳи аҳволи мусалмонон аст, ҳатман бояд бидонад, ислоҳгарони бузург, ки дар дунёи Ислом омадаанд, чӣ кор кардаанд? Бидуни шакк кори нахусти онҳо ин буд, ки ба вазъияти мусалмонон нигаристанд то бубинанд чӣ нақсу камбуде доранд? Мушкил куҷост? Нуқтаҳои заъф кадоманд? Онгоҳ дар роҳи фароҳам кардани асбобу лавозими нерӯ гирифтан ва беҳбуди аҳволи мусалмонон ва бартараф кардани костиҳову бардоштани нодонӣ, ширк, бидъат ва... камари ҳиммат бастанд.

Тафаккуру андеша дар махлуқоти Худованд. Аз ҷумлаи дигар заминаҳои тафаккур, андеша дар махлуқоти Худованд аст, ки бегумон шигифтиҳо ва аҷоиби далолаткунанда бар ҳикмат ва қудрату азамати Худо дар он бисёр зиёд ва боиси барангехтани мутафаккирон мешавад.

Заминаи тафаккур дар бораи мавҷудотест, ки аз лиҳози қобилияти кашфи илмии дунёӣ дидашавандааст. Аммо он чӣ дида намешавад, наметавон ба он ворид шуд. Чизҳое ҳаст, ки наметавон ҷузъиёти онро дарёфт магар аз тариқи ваҳй (Қуръон ва суннат), монанди: малоика, ҷин, руҳ, пас аз марг, қазову қадар. Тафаккур дар ин маворид танҳо аз роҳи китобҳои муътабари динӣ ва дар маҳдудаи он имконпазир аст. Аммо масоили дунёӣ монанди: ҷаниншиносӣ, ситорашиносӣ ва ғ. дар шумори заминаи тафаккур аст.

Бархе аз донишмандони мусалмон аз ҳудуди ҳазор сол пеш гутаанд: «аз ҷумлаи нишонаҳои бузургии Худованд, инсон аст. Дар инсон чунон шигифтиҳоест, ки далолат бар азамату қудрати Худо дорад, ки замонҳо ва умрҳо бояд сарф шавад то ба як даҳуми он огоҳ шуд». Акнун эй касе ки аз хештан бехабару ғофилӣ! Чӣ гуна умед дорӣ ғайри худро бишносӣ? Худованд дар китоби худ супориш кардааст, ки дар нафси худ, дар вуҷуди худатон тадаббур кунед: «Аҳли яқинро дар замин ва низ дар вуҷуди худатон ибратҳост, оё намебинед» (Зориёт:20-21).
Бинобар ин инсон бояд тафаккуру тааммули дарозмуддат ва муфидро аз даст надиҳад, зеро хушнудии Худо, кушоиши дарунию оромиши дилро ба инсон мебахшад ва тарсу хашийят аз Худо ва ҳикмату басиратро насиби ӯ мегардонад, дилҳоро зинда мекунад, аз шеваҳо ва зиндагии гузаштагон ибрат ва панд мегирад. Чунин аст тафаккур, кори шигифтангези қалбӣ. Аз Худованд мехоҳем моро аз гурӯҳи касоне бигардонад, ки тафаккур ва андеша мекунанд, хирад меварзанд ва тадаббур доранд.

(Фишурдае аз китоби «Кирдорҳои қалб» навиштаи даъватгари бузург Шайх Муҳаммад ибни Солиҳ Ал-мунҷид боби «Тафаккур», бо каме тасарруф).

Аммо эй азизи дилу дида! Бидон, ки тафаккур бидуни дониш на танҳо судманд нест, балки зиёновар аст. Пас, нахуст рӯ ба илм биёр, худатро дарёб, арзиши вақтатро, ки умри туст бишнос, ба худат эътимод кун. Ва ҳамин ҳозир дар пешгоҳи боазамати Парвардигорат ба зону бизан, дастони худро боло кун, ашкони чашмонатро сарозер соз, аз гузаштаи худ пушаймонӣ кун, аз вақтҳои пурарзише, ки дар назди телевизор ва ё бо ашхоси нобоб гузаронидаӣ тавба намо, зиндагии тозаеро шурӯъ намо. Худро ислоҳ намо ва дар фикри ислоҳи хонавода ва ҷомеаи худ барномарезӣ кун!!!

Баргирифта аз сайти андеша

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст