Фӯрсатҳои хӯб ва замонҳои муносиб дар зиндагии мо кам нестанд ва зиёд ҳастанд. Мӯҳим ин аст, ки ин фӯрсатҳои хӯб ва замонҳои муносибро бишносем ва аз он хӯб истифода намоем. Худованди карим ба ҳамаи инсонҳо дар зиндагӣ вақт ва замони муносиб барои дӯр кардани ҷаҳлу зарарҳо ва ба даст овардани илму фазилат ва фойдаҳои ҳақиқӣ ва доимиро додаааст. Аммо инсонҳо бо бепарвоӣ ва бефикрӣ ин фӯрсатҳои хӯб ва замонҳои муносибро аз даст медиҳанд. Инсонҳои бефикр ва ғофил хиёл мекунанд, ки ин фӯрсатҳои хӯб ва замонҳои муносиб дубора бар мегарданд ва ё ҳамеша дар ихтиёр онҳост, ки ҳарвақт бихоҳанд истифода мекунанд. Ҳол он, ки дар хоб будан ва бехабарии хӯдро дар зиндагӣ ва аз даст додани неъматҳои хӯб ва замонҳои муносибро хӯб дарк накардаанд ва нафаҳмидаанд. Замоне инсонҳои бепарво ва бефикр дар зиндагӣ ба фикр меоянд ва ҳӯшёр мешаванд, ки бисёре аз фӯрсатҳо ва сармояҳои асосии хӯдро аз даст додаанд.
Ғафлат ва бефикрӣ дар зиндагӣ офат ва дарди бисёр хатарноке аст, ки ҳамонанди инсонҳои маст, ки ақлашон таътил мебошад. Паёмбари Акрам(с) ҳамеша ёрони хӯд ва мусулмононро аз ғафлат ва бефикрӣ барҳазар медоштанд ва ҳӯшдор медоданд, ки ҳамеша аҳли фикру андеша бошанд, то ба хӯд ва дигарон зарар нарасонанд.
Дар ин ҳадиси пӯрмаъно Расули Худо(с) чунин мефармоянд:
اغْتَنِمْ خَمْسًا قبلَ خَمْسٍ: شبابَكَ قبلَ هَرَمِكَ، وصِحَّتَكَ قبلَ سَقَمِكَ، وغِناءكَ قبلَ فَقْرِكَ، وفَراغَكَ قبلَ شُغلِكَ، وحياتَكَ قبلَ موتِكَ
Панҷ чизро пеш аз панҷ чизи дигар ғанимат ва фӯрсат бидонед: 1. Қадри ҷавониро пеш аз расидани пирӣ. 2. Қадри тандурӯстиро пеш аз расидани беморӣ. 3. Қадри фароғат (осоиш)-ро пеш аз машғулият (гирифторӣ). 4. Қадри тавонгарию дороиро пеш аз фақирию мӯҳтоҷ шудан. 5. Қадри ҳаёту зиндагиро пеш аз расидани марг.[1]
Расули Худо(с) дар ин ҳадиси нӯрониашон неъматҳоеро ёдоварӣ намудаанд ва барои ҳифз ва баҳраварии беҳтари онҳо таъкид кардаанд, ки ҳаётианд ва ҷойгузине надоранд. Аз тарафе ҳам тамоми зидагии инсонҳо ба он неъматҳо ва фӯрсатҳо вобаста аст. Ҳоло ба таҳлил ва шарҳи кӯтоҳе аз ин неъматҳо ва фӯрсатҳои ҳётӣ мепардозем.
  1. Донистани қадри ҷавонӣ пеш аз расидани пирӣ
Ҷавонӣ барои ҳар инсон фӯрсат ва аёми беназир ва такрор нашуданӣ аст. Инсон дар ин даврон дорои ангеза, эҳсоси масъулият, чобӯкӣ, нерӯ, нишот ва шодобии махсӯс, барои рӯшди моддию маънавӣ, касби ҳӯнару таҷриба, андӯхтани фазилату дониш, анҷоми амалҳои нек ва омодагӣ барои сохтани ояндаи хӯд ва ҷомеъа мебошад. Вақте инсон самара ва ҳосили даврони ҷавониро хӯб дарк кунад, ҳеҷгоҳ онро ба беҳӯдагӣ ва ғафлат намегӯзаронад. Балки инсон мақсадҳои бузӯрг, поя ва зербанои хаёти хӯдро дар ин аёми бобаракат поярезӣ менамояд. Тамоми ин неъмат ва ҳосилеро ки инсон дар ҷавонӣ бадаст меоварад, пеш ё баъди ҷавонӣ наметавонад бадаст оварад ва танҳо ҳасрати ин аёми гаронбаҳоро мехӯрад. Шайх Саъдии Шерозӣ ҳолати ғафлати инсонҳоро чӣ қадар зебо баён намудааст:
Биё, эй ки умрат ба ҳафтод рафт,
Магар хӯфта будӣ, ки барбод рафт?
Зи панҷаҳ дирам панҷ агар кам шавад,
Дилат реши сарпанҷаи ғам шавад.
Чу панҷоҳ солат бурӯн шуд зи даст,
Ғанимат шумар панҷ рӯзе, ки ҳаст.
  1. Донистани қадри саломатӣ пеш аз беморӣ
Сиҳатию саломатӣ неъмати бисёр гаронбаҳоест, ки онро наметавон бо чизе муқоиса намуд ё иваз кард. Инсон бо доштани саломатӣ аз зиндагӣ метавонад лаззату ҳаловат бибарад. Агар саломатӣ набошад, хӯрдани ғазоҳои болаззат, дидани манзараҳои зебо, доштани сарват ва ҳаргӯна баҳра бурдан аз неъматҳои моддии дӯнё ва иртиботи бо инсонҳо хеле лаззатовар ва дилчасп нест. Тани сиҳату саломати рӯҳ аст, ки ба зиндагӣ ишқу маъно мебахшад ва рӯҳияи умедвориро дар дил меафзояд ва зинда нигоҳ медорад. Дар дӯнёи имрӯза(системаи капиталистӣ) харҷҳои зиндагӣ болост ва аз тарафе ҳам хостаҳои инсонҳо бештар шудааст, вале даромаду тавони молиашон камтар. Ин нобаробарии хостаҳо бо даромадҳо, агар танзими илмӣ ва мудирияти олимона нашавад, хӯдаш сабаби бемориҳои рӯҳию равонӣ, фишори баланди хун(гипертония) ва сактаи қалбӣ мегардад. Ҳатто ин нобаробарӣ, нокомӣ, ноумедӣ ва норизоятӣ дар зиндагӣ, инсонро ба бимориҳои гуногӯни дигар мерасонад. Ингӯна хостаҳо ва зиёдахоҳиҳои беҷои инсон дар зиндагӣ аз нодида гирифтани дороиҳояш, ҳасадварзӣ ба дигарон(ҳасрат хӯрдани зиндагии сарватмандон), раванди зиндагии табақотӣ ва таблиғоти ширкатҳои тиҷорӣ ва сармоядорӣ сарчашма мегирад. Дармони аслии ингӯна зиёдахоҳиҳои беҷои инсон дар зиндагӣ, боло бурдани савод, шинохтани дурӯст аз тавону дороиҳои хӯд, назар ва диққат намудан ба зиндагии инсонҳои поёнтар аз хӯд аст, ки сабаби қаноатмандӣ, соддазистӣ, шукргӯзорӣ, ризоят ва умедворӣ дар зиндагӣ мегардад. Пайғамбари Худо(с) дар бораи таъсири қаноатмандӣ дар зиндагӣ мефармоянд:
القَناعَةُ مالٌ لا يَنفَدُ
Қаноат сарватест, ки тамом намешавад.[2]
Қаноатмандӣ дар зиндагӣ ҳамчун сарватест, ки ҳеҷгоҳ тамом намешавад ва ҷои нобаробарии хостаҳо бо даромадҳоро пӯр мекунад.
Саъдии бузӯргвор низ дар бораи таъсири қаноатмандӣ дар зиндагӣ чунин гӯфта аст:
Қаноат тавонгар кунад мардро,
Хабар кун ҳариси ҷаҳонгардро.
Қаноат кун эй нафс бар андаке,
Ки султону дарвеш бинӣ яке.
Чу сероб хоҳӣ шудан аз оби ҷӯй,
Чаро резӣ аз баҳри барф оби рӯй.
Дигар ҳирс, ғаму ҳасрати надоштагиҳо ва дӯнёро хӯрдан маъно надорад ва ризоят ба доштаҳо ва ба саломатӣ умедвориро дар зиндагӣ меафзояд. Ин қаноатмандӣ ба доштаҳои хӯд, шукргӯзорӣ аз Худо ва бандагонаш, қадри саломатиро донистан ва бо илму маърифат зиндагӣ намудан аст, ки саломати рӯҳӣ ва ҷисмиро таъмин мекунад.
  1. Донистани қадри тавонгарӣ пеш аз фақру нотавонӣ
Тавонгарӣ ва бениёзӣ дар дини ислом танҳо ба молу сарватдоштан  нест, балки ҳар неъматеро, ки инсон дар ихтиёр дорад, онро дарбар мегирад. Неъматҳои маънавӣ монанди илму маърифат, ақлу фаросат, имону ихлос, ахлоқу парҳезкорӣ..., аммо неъматҳои моддӣ монанди молу сарват, саломатӣ ва қӯввати баданӣ, ёру дӯстон, хешу табор, фарзандони солеҳ ва нек, касбу ҳӯнар, ҳолату вақти муносиб доштан ва забону иртиботи хӯб доштан ва ғайра мебошанд. Инсони тавонгар то нотавону фақир нагардад, мӯҳтоҷи дигарон намешавд.
Тавонгарӣ ва дороии моддӣ ва маънавиро хӯб бишносӣ, дар хизмати хӯд, халқу ватан хӯб истифода намоӣ ва қадрашро бидонӣ аз байн намеравд, балки меафзояд.
  1. Донистани қадри амнияту оромӣ пеш аз ранҷу гирифторӣ
Амнияту оромӣ ва сулҳу тинҷӣ аз бузӯргтарин неъматҳои Худованди карим аст, ки ба инсонҳо додааст. Тамоми инсонҳо дар сояи сулҳу оромӣ, рӯшд ва пешрафти фардӣ ва иҷтимоъӣ мекунанд ва ба дастовардҳои моддӣ ва маънавӣ мерасанд. Аммо инсонҳои нодону ғофил самара ва қадри амнияту оромишро намедонанд ва даст ба ноамнӣ ва гирифтор кардани хӯд ва дигарон мезананд. Ҳарчанд ки баъд пӯшаймону ғамдор шаванд, вале пӯшаймонӣ дигар фойдаашон надорад. Барои ҳамин Пайғамбари Худо(с) таъкид мекунад, ки инсон бояд ҳамеша ақлашро ба кор бигирад ва олимонаю оқилона интихоб кунад ва олимнаю оқилона зиндагӣ намояд. Қадру арзиши ҳар неъматро пеш аз нобуд шудану азбайн рафтанаш бидонад ва дар нигоҳдории он талош кунад ва ҳӯшёр бошад то мисли ғофилу нодонҳо набошад.
  1. Донистани қадри ҳаёт пеш аз расидани марг
Ҳаёт ва зинда будан неъмати бисёр бузӯрг ва фурсатест, ки инсон дар он метавонад ба интихоби дурӯст ва амалҳои неку саъодат бирасад. Ҳаёт ва зиндагӣ неъмати зӯдгӯзар ва такрор нашуданӣ аст, ки ҳар инсоне бояд қадрашро бидонад ва аз ин фӯрсат баҳраи лозим ва хӯбро бибарад. Беҳтарин баҳра бурдан аз ҳаёт, ки пӯшаймонӣ ҳам надорад, бандагии Худованду хизмат ба мардӯм аст ва машғӯл шудан ба корҳоест, ки ризояти Худованд ва падару модарро дар пай дошта бошад. Ҳарчанд марг дар дасти Худост, вале инсон бо ба коргирии ақлу талоши хӯд, саъй мекунад вазифаи инсонию виҷдонӣ ва ахлоқию диниашро ба хӯбӣ анҷом диҳад. Дигар тарсу пӯшаймонӣ аз марг надошта бошад ва маргро поёни зиндагӣ намедонад, балки оғози расидан ба подошу натиҷаи амалҳои некаш мешуморад ва аз он истиқбол менамояд.

Хулоса ин ҳадиси нӯронӣ бо «Ғанимат шуморидани панҷ чизро пеш аз панҷ чиз» ба мо ёд медиҳад, ки вақте ин неъматҳоро дорем, бояд дар замони муносиб барои корҳои дурӯст ва фоидабахш истифода барем. То монанди инсонҳои ғофилу нодон дар дӯнё ва охират пӯшаймон намонем ва дар дӯнё ва охират сарбаланду саъодатманд бошем.



[1] - Мустадраки Ҳоким, ҳ. 7846
[2]- Канзул-уммол, ҳ.7080
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст