Ҷаҳон, ба хусӯс Ҳиҷоз ва нимҷазираи Арабистон дар баҳри ошӯб ва ҷаҳл ғарқ буд ва тӯдаи араб дар оташи фасод ва хурофот месӯхт. Абрҳои сиёҳи ҷаҳолату хушӯнат сартосари зиндагии арабҳоро торик сохта буд. Онон дар рӯзгори сиёҳ умр ба сар мебурданд, чӣ молҳо, ки ба ғорат мерафт ва чӣ хунҳо, ки ба ноҳақ рехта мешуд!
Аз ҳама нангинтар муҷассамаҳои беҷоне буданд, ки мавриди парастиши онҳо воқеъ мешуд.[1] Мавҳумот, тасаввӯроти хурофотӣ ва ихтилофоти табақотӣ бо шадидтарин вазъ ҳукӯмат мекард. Чизе, ки вуҷӯд надошт, қонун ва адолат буд. Тавонгарони бераҳм аз дастранҷи дигарон ва хӯни дили ятимону бевазанон симу зар меандӯхтанд ва табақаи деҳқону заҳматкашро истисмор мекарданд. Барномаи онон дар касбу тиҷорат ба андозае нодӯруст буд, ки дар баробари қарзи шавҳари нотавон, занро масъӯл медонистанд ва дар баробари қарзе, ки аз зани нотавон ва дармонда доштанд, шавҳари Ӯро боздошт мекарданд.[2]
Баҷои ин, ки хӯд ба камол ва таҳсили улӯм бипардозанд ба гӯзаштагон ва зиёдии афрод ифтихор мекарданд. Гоҳе низ барои ин ки исбот кунанд, бархе аз онон аз қабилаи дигар бештар аст, ба гӯристон мерафтанд ва қабрҳоро шуморида замима мекарданд!
Шаҳватронӣ, майгусорӣ ва хунрезӣ аз корҳои рӯзмарра ва пешипоафтодаи онон буд.[3]
 
Ҷомеаи Рӯм ва Эрони он замон низ аз зӯлмҳои табъизомези норавои ду импературии бузӯрг, ба сутӯҳ омада буданд ва табақаи заҳматкаш ва кишоварз зери фишори дардноки табақаи ҳоким дасту по мезаданд ва сояи шуми ноумедӣ, миллатҳои ҷаҳонро тираву тор сохта буд. Мардони ислоҳталаб аз ҳар гӯна ба вуҷӯд овардани дигаргӯнӣ ва ислоҳе ноумед шуда буданд ва миллатҳои ҷаҳон дар интизори дигаргӯнӣ ва ислоҳоти амиқ ва асосие ба сар мебурданд.
 
Ин дӯрнамоӣ аз вазъи умумӣ, ахлоқ ва рафтори ҷомеае он замон буд, ки ногаҳон нури Ислом аз уфуқи торики Арабистон зоҳир шуд. Дар ин шароит дар як сарзамине, ки қобили кишту кор нест ва аз як нуқтаи дӯр афтода аз тамаддӯн, аз миёни як миллати ба тамоми маъно ақиб афтода ва аз як хонадони шариф, марде бархост. Ӯ хӯдро раҳбари миллатҳои ҷаҳон, поракунандаи занҷирҳои асирӣ, саркӯбкунандаи ҳар гӯна бутпарастӣ ва табъизҳои нораво, ҳимояткунандаи мазлумону побараҳнагон, хостори адлу дод, тарафдори илму дониш ва маънавият хонд. Ӯ асоси ислоҳот ва даъвати хӯдро фармонҳои илоҳӣ ва ваҳйи осмонӣ муаррифӣ намуд ва хӯдро охирини паёмбарон ва дини хӯдро охирини динҳо донист.
 
Худованди Мутаол ҳазрати Пайғамбари Акрам(с)ро бо дини ошкор, нишонаи пойдор, Қуръони устӯвор, нури дӯрахшон, фармони равшан ва далелу истидлолҳои маҳкам фиристод, то ҷаҳл ва шакҳои башаро нобуд кунад. Ва бо оёти илоҳӣ мардӯмро аз гӯноҳу амалҳои бад бипарҳезонад ва аз оқибати амалҳои бад ва кайфарҳои илоҳӣ битарсонад.
Ба сӯи фикру анадеша дар оёт ва офаридаҳои илоҳӣ даъват кунад то Офаридгори ҷаҳонро бишносанд ва пай ба ҳадафи офариниши хӯд бибаранд. Онгоҳ бо шинохтани аз оёт ва далелҳои офоқӣ ва анфусии маҳками илоҳӣ, бар ақлу яқин, имону ахлоқи нек ва истеъдодҳои хӯд биафзоянд то дар ниҳоят ба сарманзили ҳаёти поку одилона ва саодат бирасанд ва дар дӯнёву охират сарбаланд бошанд.
 
Ин барномаи дини мубини Ислом, дини ақлонӣ,фитрӣ ва одилона аст, ки ҳамеша тарафдори маҳрӯмону фақирон ва нобуд кунандаи золимону зӯргӯён аст.
 
Оё вазифаи як шахси оқил ва боинсоф, ки пайваста дар пай ҳақиқат ва адолатхоҳӣ аст, ин нест, ки дар бораи ин дини ҷаҳонӣ ва оварандаи он, даст ба таҳқиқ бизанад ва агар пайрави ин дин аст, пайравияшро ҳамроҳ бо далелу мантиқ намояд то пайрави ҳақиқӣ ва намӯнаи ин дини ақлонӣ ва адолатгӯстар бошад.
 
Яке аз мӯҳимтарин ҳадафҳои дини мубини Ислом барпо кардани адолат дар ҷомеаи башарӣ мебошад ва Қуръони карим мефармоянд:

… لَقَدْ أرسَلْنا رسلنا بِالْبَيِّناتِ وَ أنْزَلْنا مَعَهُمُ الْكِتابَ وَالْمِيزانَ لِيَقُومَ النّاسَ بِالْقِسْطِ

“Мо расулони хӯдро ба далелҳои равшан фиристодем ва ба онҳо китоби осмонӣ ва мизонро (шиносоии ҳақ аз ботил ва қонунҳои одилонаро) нозил кардем, то мардӯм дар ҷаҳон адолатро барқарор кунанд” (сураи Ҳадид, ояти 25).

Паёмбарони Худо махсусан Паёмбари Ислом (с) ҳеҷ гӯна бартарии нажодӣ ва қавмиро намепазирӯфтанд, балки тамоми нажодҳо ва забонҳо ва миллатҳои ҷаҳон, ҳама дар назарашон баробар буд. Дини Ислом ихтилофи табақотӣ ва нажодиро, ки омили бисёре аз ҷангҳо ва ҳодисаҳои номатлуб аст ба беҳтарин роҳ ҳал кард. Вале дӯнёи мутамаддини имрӯза ҳанӯз гирифтори он аст ва ҳамарӯза оташи ҷангро ба баҳонае шӯълавар месозад. Сулҳҷӯӣ ва адолатхоҳии Ислом ба андозае аст, ки бо камоли сароҳат (равшанӣ) аҳли китобро ба сӯи ваҳдат ва ҳамоҳангӣ даъват мекунад. Шоҳиди зиндаи он, сулҳ бо чанд тоифа аз яҳӯд буд, ки дар соли аввали ҳиҷрат анҷом гирифт. Ислом хоҳони сулҳ ва ҳамзистии умӯмӣ аст ва дар ин замина барномаҳои олӣ ва муфиде тарҳ намӯд.
 
Тӯҳматҳои ноҷавонмардона, озорҳои баданӣ, фаҳшҳои гӯшношунид, фишорҳои иқтисодию молӣ, аз ҷӯмла васоили бешармонае буд, ки сарони қурайш бар зидди Паёмбари Ислом (с) ва ёронаш ба кор бурданд. Ҳазрати Муҳаммад (с) дарду ранҷи зиёд кашид вале кӯшиши зиёд намӯд дар мӯдати 23 сол тақрибан тамоми шибҳи ҷазира(нимҷазира)-и Арабистонро дар замони ҳаёти хӯд ба Ислом даъват намӯд. Дар давраҳои баъд, гӯстариши Ислом идома ёфт ва ба тадриҷ Ислом, як дини ҷаҳонӣ ва мондагор шуд.
 
Ислом бо вуҷӯди сиёсатҳои истеъмории истеъморгарони ҷаҳон ба пеш меравад ва тӯҳматҳо, бадгӯиҳои беасос ва фаъолияти дӯшманон ба хотири дарҳам кӯбидани пояҳои Ислом, натавонистааст коре анҷом диҳад. Ислом рамзи бақо, пирӯзӣ ва умумиятро дар даст дорад ва бо таваҷҷӯҳ ба он аст, ки дастӯру қонунҳои одилона ва барномаҳои саодатовараш мӯтобиқ бо фитрати инсонҳост, ки ҳама ба таври куллӣ аз он бархӯрдоранд ва асоси зиндагӣ бо он устӯвор аст.
 
Паёмбари Ислом(с) бо надоштани васоили лозим, таълимоти осмонӣ ва паёмҳои ҳаётбахши хӯдро тавонист ба атрофи ҷаҳон бирасонад.

Акнун рӯҳи Паёмбари мо(с) нигарони уммат ва ҷомеаи мусулмонон аст, ки чӣ гуна дар роҳи рисолати Ислом талошу фаъолият мекунанд ва оё барои умумӣ ва ҷаҳонӣ кардани таълимоти софу зулоли Ислом аз васоили ҷадид ва фикру тарҳҳои нав истифода мекунанд ва пешрафту истиқлол доранд ё не?
Ё баръакс таълимоти софу зулоли Исломро раҳо намӯданд ва дӯшманонро дӯст ва дӯстонро дӯшман пиндоштанд ва дар макру чоҳи ҷаҳлу ихтилофи дӯшманон гирфтор шуданад ва солҳост месӯзанду зарар мебинанд ва дӯшманон бар онҳо ҳукумат мекунанд...... ва ин хилофи рӯҳи беъсату пешрафту саодат аст.
 
Умедворем, ки Худованди Мутаол бо баракати ин аёми беъсат, рӯҳи бедорӣ ва пойдориро бар уммати Паёмбари Ислом(с) иноят бифармоянд. Омин.



[1] - Таърихи тамаддӯни Вилл Дӯронт, китоби чаҳорум, тарҷумаи
Абулқосим Поянда, ҷ.11, саҳ.1-10.
[2] - Доиратулмаорифи Фарид Ваҷдӣ, ҷ.5, саҳ.250
[3] - Ал-асрулҷоҳилӣ, доктор Суфӣ Сайф, саҳ.70
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст