Бисмиллоҳир Раҳмонир Раҳим

Дуои Эмом Ҳусейн (а) дар рӯзи Арафа

Ситоиш махсуси он Худое аст, ки ҳеҷ кас дар олам сар аз ҳукм ва фармонаш натавонад кашид ва бахшиши Ӯро манъ натавонад кард. Ва ҳеҷ созандае дар офариниш монанди ӯ натавонад сохт ва Ӯст бахшандаи бепоён. Навъҳои махлуқоти аҷибе меофаринад ва бо ҳикмати комилаш ҳар чизеро дар ҷойи худаш мустаҳкам сохт. Ҳеҷ чизе дар ҷаҳон падид намеояд, ки аз назари инояташ пинҳон бошад ва ҳар чи дар наздаш амонат бошад ҳеҷгоҳ нобуд намешавад. Амали ҳар касро подош диҳад ва корҳое аҳли қаноъатро ислоҳ кунад, ба ҳоли ҳаркас ба даргоҳаш тазаруъ ва зори кунад тараҳҳум (раҳм) фармояд, ҳар фоидаеро ба халқ, Ӯ нозил гардонад, чунон ки китоби ҷомеъро бо нури илм ва равшаншудани имон, Ӯ нозил фармуд. Ӯст, ки дуъои бандагонро мустаҷоб мекунад ва гирифториҳояшонро дафъ мекунад ва мақомашонро боло мебарад ва гарданкашонро саркуб мекунад, пас ғайри он зоти якто ҳеҷ Худое нест. Ва Ӯ мисл ва монанд надорад, шунавои дуъои халқ ва бинои корҳои оламиён аст. Ба дақоиқи ашёъ (чизҳо) басир ва огоҳ аст. Ва бар ҳар чиз тавоноӣ ва қудрати комил дорад. Эй Худои ман! Иштиёқ (майл) дорам ва ба яктоият гувоҳ ва ба рубубиятат муътарифам ва медонам, ки Ту мураббӣ ва парвардигори манӣ ва бозгашти ман ба суи Туст. Ту дар аввал, ки ман набудам ба ман неъмати вуҷуд бахшидӣ ва маро аз хок офаридӣ, онгоҳ дар сулби падаронам ҷой додӣ ва аз ҳодисаҳои замон ва монеъҳои рӯзгор ва ихтилоф ва тағйироти рӯзгорон маро ҳифз намудӣ, то онки пай дар пай аз яко яки пушти падаронам ба раҳми модарон интиқол ёфтам. Дар он айёми пешин ва даврони гузашта ва аз он ҷо, ки бо ман раъфат ва меҳрубони доштӣ ва назари лутф ва эҳсони маро дар даври салтанати пешвоёни куфр ва залолат, ки аҳди Туро шикастанд ва расулонатро такзиб (дурӯғгу) карданд ба дунё наёвардӣ, валекин замони ба вуҷуд овардӣ, ки аз баракати пешвои тавҳид Ҳазрати Хотами Пайғамбаронат мақоми ҳидоят, ки дар илми азаллият муқаррар буд, бар ман муяссар фармудӣ. Ва дар асри ҳидоят маро парвариш додӣ ва аз ин пеш ҳам пайваста бо ман некуӣ ва меҳрабони кардӣ. Неъмати бисёре ба ман додӣ, то онгоҳ , ки офаринишамро ба машиятат аз оби нутфа биофаридӣ ва дар зулумоти сегона дар миёни гушт, хун ва пӯст маскан (хона) додӣ. Маро аз кайфияти хилқатам огоҳ насохтӣ ва ҳеҷ коре дар офаринишам ба ман вогузор накардӣ, то онки маро бар он мақоми маърифат ва ҳидояти илми азалӣ бо хилқати комил ва ороста ба дунё овардӣ. Ва дар гаҳвора, ки кудаки нотавон будам маро нигаҳ доштӣ ва аз шири модар ғизои гуворо рӯзиям кардӣ ва дилҳои дояҳоро (ширдеҳ) ба ман меҳрабон сохтӣ. Модарони меҳрубонро барои муҳофизатам аз осиби ҷин ва шайтон бароям таъйин кардӣ ва аз айб ва нуқсон хилқатамро нигоҳ доштӣ, ба ҳар ҳол чи қадар баланд мартаба ва Худои меҳрабонӣ, пас онгоҳ, ки забонам ба сухан гушудӣ ва неъмати беҳадатро бар ман тамом кардӣ ва дар ҳар сол ба тарбиятат бузургтар шудам ва хилқатам мақоми камол ёфт ва қувватҳои бадан ва ҷонам ба ҳадди миёна расид. Пас далел ва ҳуҷҷатро ба ман тамом кардӣ ва маърифати худро ба қалбам илҳом фармудӣ ва дар аҷоиби ҳикматҳои хеш чашми ақламро ҳайрон сохтӣ ва маро бедор ва ҳушёр кардӣ, то дар осмон ва замин зебоиҳои махлуқотатро мушоҳида кунам ва маро ба ёди худ ва шукри неъматҳои бе ҳадди хеш мутазаккир сохтӣ. Ва фарз намуди бар ман тоъат ва ибодататро ва фаҳми илмҳо ва ҳақиқатҳое, ки паёмбаронат ба ваҳй оварданд ба ман ъато фармудӣ ва рӯҳи бузурги маро барои фаҳм пазируфтан ъато кардӣ ва ба тавоноии қалб дар ёфтани мақоми ризо ва таслимро бар ман осон кардӣ ва дар тамоми ин марҳаматҳо бар ман ба ёрӣ ва лутфи худ миннат гузоштӣ сипас, ки маро аз беҳтарин хок офаридӣ ва барои оромиши ман ба як навъ неъмат рози нашудӣ, балки ба анвоъи неъматҳои бешумор маро мутанаъим (неъмат додӣ) сохтӣ. Ва ба ҳаргуна таом ва либос ва асоси зиндагӣ бархурдорам кардӣ. Ва ҳама сарфи лутфи беҳад ва эҳсони беохири Ту буд. Ва чун ҳаргуна неъматро бар ман тамом кардӣ ва ҳаргуна ранҷ ва балоро аз ман бартараф намудӣ, боз ҷаҳлу нодонӣ ва бебокии ман Туро монеъ аз ин лутфи бузург нашуд, ки далолатам кунӣ ва ба ҳарчи сабаби хашм ва ғазаби Туст ва ба мақоми қурби (наздик) худ муваффақ созӣ ва бо ҳамаи бебокӣ ва гуноҳ боз ҳар вақт Туро хондам иҷобатам кардӣ ва чун аз Ту дархости кардам ато фармудӣ. Агар Туро итоъат кардам подоши комил додӣ ва агар шукрат ба ҷо овардам бар неъматам афзудӣ, ҳамаи ин лутфҳоро бароям додӣ, то неъмат ва эҳсонатро бар ман ба ҳади камол расонӣ..

Офарин, пок ва муназзаҳ Худое, ки падид оварандаи ҳастӣ ва бозгардонандаи халқи сутудасифот ва бо маҷду иззат ҳастӣ, номҳои муқаддасат пок ва неъматҳоят бузург аст. Парвардигоро чи навъ аз неъматҳои беҳисобатро метавон зикр ва шумориш кард? Кадом як аз неъматҳое ки ба мо ато карди ро метавонем шукр гуем? Ва дар ҳолате, ки неъматат беш аз он аст, ки ҳисобдонон бишуморанд ё ҳофизон ба он доно шаванд ва боз Парвардигоро он ранҷ ва зиёнҳоро, ки аз ман ба марҳаматат дафъ кардӣ беш аз он ҳаманеъмат ва офиятат аст, ки ба зоҳир мушоҳида мекунам.

Гувоҳи медиҳам барои Худо аз хулус ва ҳақиқати эмонам ба аҳди қалбам, ки аз фароизи мақоми яқинии ман аст ва тавҳиди холис ва пок аз ботини сирри дарунам ва аз риштаҳои биниши нӯри чашм ва асрори нақшҳои ҷабинам(рӯй) ва шикофи роҳҳои нафасҳоям ва махзан(анбор) ва маҳфазаи(шикофҳои) бинӣ ва гушҳоям ба системаи бадани ман ва ончиро, ки ду лабам аз барҳам ниҳодан мепӯшонад ва ба ҳаракатҳои бешумори забонам ва маҳали иртиботи фуки(ком) боло ва фуки поинам ва макони рӯйидани дандон ва асаби қувваи таъм (чишои) ки ҷойгоҳи идрок гувороии (дарки перфективӣ) таъом ва шароб аст ва он устухоне, ки дар сари ман бар он устувор аст ва вусъатгоҳе, ки макони риштаҳои асабҳои гардани ман аст ва ончи фазои синаи ман бар он муҳит(иҳота дорад) аст ва онҷо, ки риштаи раг ва он чи ки бар гарданам овехта шуда аст.

Ва онҷо, ки пардаи қалбам ва қитъаҳои атрофи ҷигарам ба он иртибот дорад ва қавғаҳои устухон ва ғузруфи паҳлу(крак, устухони сафеди сахттар аз гушт) ва сарбандҳои буғумҳо ва вусъ ва тангии қувваҳои ман, ки амал мекунад ва сари ангуштони ман ва гушт ва хун ва мӯй ва пуст ва асабҳо ва рагу шараёни ман ва устухон, мағз, раг ва пойҳои ман ва тамоми баданам, тамоми бофандагии пардаҳое, ки дар вақти ширхорагиам бофта шудааст ва ончи замин аз ман дар пушти худ бардошта аст ва хоб ва бедории ман ва оромиш ва ҷунбиши ман ва рукуъ ва суҷуди ман, ки аз бисёри онҳо агар ба қасд ва кушиш дар забти онҳо умре бипардозам тули муддати асрҳо ва балки қарнҳо агар умр кунам шукри яки аз он неъматҳоро натавонам кард.

Боз ба неъмати дигарат, ки он низ бар ман шукре аз нав ва ситоиши тоза воҷиб гардонд. Бале, агар ман ва тамоми ҳисобдонони олами хилқат бихоҳем наҳояти неъматҳоят аз гузашта ва ҳол ва ояндаро бишморем, ҳаргиз бар ҳисоб ва шуморааш ва дарки ниҳояташ қодир нахоҳем буд.

Дареғо, мо наметавонем неъматҳоятро бишуморем дар ҳоле, ки ту худ дар китоби нотиқи Қуръон (баёнкунандаи ҳақ ва ҳақиқат аст) баён фармудӣ, агар хоҳед, ки неъматҳои Худоро бишуморед, ҳаргиз наметавонед. Эй Худо албатта китоб ва ахбори ту рост ва ҳақиқат аст, сухане аст, ки ба паёмбарон ва расулонат илҳом шуда ва аз мақоми ваҳйят нозил гардида аст. Ва дини худро ба он ваҳй ва руйи он китоб ташриъ (навиштӣ) кардӣ. Эй Худо илова бар ин, ки ман шаҳодат медиҳам бо тамоми таваҷҷуҳ ва камоли ҷиддият ва ба қадри тоъат ва тоқатам вусъату фикру маърифатам ва бо мақоми эмон ва яқин мегӯям ки ҳамду ситоиш махсуси Худои аст, ки фарзанд надорад, то вориси бар Ӯ бошад ва шарике дар салтанат надорад, то дар навоварӣ ва ихтироаш касе мухолифат ва зиддият кунад ва қудрати комилааш дар сунъу (сохтан) навоварӣ муҳтоҷ ба кумаки касе нест, то ӯро ёри кунад. Муназзаҳ аст Худои яктое, ки агар ҷуз Ӯ худоёне буданд назми осмону замин фосид гашта ва аз ҳам ҷудо шуда буданд. Муназзаҳ (пок аст) аст Худои ягонаи яктое, ки дар зоташ сарватманд аст. Фарзанд надорад ва худ фарзанди касе набошад ва ҳеҷ кас мислу монанди Ӯ нест, ситоиш(сипос) Худоеро он гуна ситоиши, ки фариштагони муқарраб ва анбиёи мурсал кунанд ва дуруд ба ҳабиби баргузидаи Ӯ Муҳаммад (с) хотами пайғамбаронаш ва бар оли ӯ(хонаводаи ӯ), ки ҳамаи покон ва покизагони олам ва бандагони хосу холиси Ӯ ҳастанд.

Эй Худо ба ман он мақоми тарс ва хашият аз ҷалоли азамататро ато кун, ки гуё Туро мебинам ва маро ба тақво ва тоатат саъодат бахш ва ба исёнат   шақоватманд магардон ва қазо ва қадаратро бар ман хайру муборак соз, то дар хушу нохушии муқаддаротат он чи дер мехоҳи бар ман, зудтар дуст надорам ва ончи зудтар мехоҳи, дертар моил набошам. Худоё маро ба бениёзӣ дар нафс ва яқин дар қалб ва ихлос дар амал ва нур дар чашм ва басират дар дин ато фармо ва ба аъзо ва ҷавориҳам баҳраманд кун ва гӯш ва чашмро ду вориси ман гардон ва бар ҳар кас ба ман зулм мекунад, маро ёри фармо ва интиқом ва мусаллатам бигардон ва ба он тасаллуте, ки бар золим дорам маро дилшод гардон.

Эй Худо! Ту ғамҳоям бартараф ва айбҳоям мастур соз ва аз хатоҳоям даргузар ва шайтонро аз ман бирон. Эй Худои ман дар дунё ва охират ба ман олитарин дараҷаро ато фармо. Эй Худо Туро ситоиш мекунам, ки ба қудрати комила маро офаридӣ, пас онгоҳ шунаво ва бино гардонидӣ ва Туро ситоиш мекунам, ки чун маро офаридӣ аз лутф ва инояте, ки ба ман доштӣ хилқатамро неку гардонидӣ. Дар ҳоле ки аз вуҷуди ман бениёз будӣ.

Парвардигоро! чун маро халқ кардӣ фитрат ва табиатамро эътидол бахшидӣ, Парвардигоро! чунон ки маро халқ кардӣ ва суратамро зебо нигоштӣ, Парвардигоро! чунон ки маро нигоҳубин кардӣ ва тавфиқ додӣ, Парвардигоро! чунон ки ба ман анъом(бахшиш,ато) фармудӣ ва ҳидоятам кардӣ, Парвардигоро! чунон ки маро интихоб кардӣ ва ҳар хайреро ба ман ато намудӣ, Парвардигоро! чунон ки маро ғизо додӣ ва серобам кардӣ, Парвардигоро! чунон ки маро бениёз гардонидӣ ва сармоя ва шаъну шараф бахшидӣ, Парвардигоро! чунон ки маро ба либоси каромати хос пушонидӣ ва аз маснуъотат ба андозаи кофӣ дар дастраси ман гузоштӣ, чунон ки ин муҳабатҳоро фармудӣ, пас дуруд фирист бар Муҳаммад(с) ва хонадонаш.

Дар сахтиҳои рӯзгорон ва ҳаводиси шабҳо ва рӯзҳо маро ёри кун ва аз хатарҳои дунё ва ғам ва андуҳи охиратам наҷот бахш ва аз бадии корҳои ситамкорони дар рӯйи замин ҳифзам кун! Эй Худо! Ту аз ҳар чӣ битарсам ёриам (кифоятам) кун ва аз ончи ҳаросонам нигоҳам дор ва дар ҷон ва дин муҳофизатам кун! Ва дар сафар нигаҳдорӣ кун ва дар авлод ва молам маро ҷонишин ато кун ва дар ончи насибам кардӣ баракат бахш ва маро дар пеши худам хор ва дар чашми мардум бузург бигардон ва аз шарри ҷин ва инс саломатам дор ва ба гуноҳонам ва ба андешаҳои ботинам расвоям магардон! Ва ба амали ношоистаам мубтало насоз ва неъматҳоятро аз ман нагир ва маро ба ғайри Худат вогузор макун!

Эй Худо маро ба ки месупорӣ, ба худам ва ё наздиконам, ки аз ман иртиботашонро қатъ кардаанд? Ё ба касоне, ки аз ман дур ва бегона ҳастанд ва бо ман хушунат ва нафрат доранд? Ё ба онҳое, ки мехоҳанд маро заиф ва нотавон бубинанд? Дар сурате, ки Ту парвардигори ман ва соҳиби корҳои ман ҳастӣ ба Ту аз ғурбат ва зиллати худ шикоят мекунам ва аз дурии манзилам шикоят мекунам ва аз зиллат ва хориям дар баробари касе, ки ӯро соҳиби кори ман гардониди ба Ту менолам.

Эй Худо! пас ту бар ман қаҳр ва ғазаб накун, зеро ки ғайр аз маъсияти (гуноҳ) Ту аз ҳеҷ чиз тарс надорам, он ҳам эй зоти пок осон аст, ки лутф ва офиятат маро васеътар(бахшиши гуноҳ) аст. Пас аз Ту эй Парвардигори ман дархост мекунам ба нури ҷамолат, ки бар замин ва осмон тобиш карда ва зулмат ва торикиро аз ҷаҳон гирифтааст. Ва ислоҳи амр аввалин ва охирин ба он бастагӣ дорад, ки маро дар ҳоли қаҳр ва ғазабат намиронӣ(ҳалок нагардонӣ) ва хашматро бар ман нозил нагардонӣ, ки метавони аз хашм ба лутф боз ойӣ ва аз ман хушнуд шавӣ пеш аз он, ки бар ман ғазаб фармоӣ.

Оламро, Худои ҷуз Ту нест, ки Худои Макка ва Машъар-ул-ҳаром ва Байт-ул-атиқ ва дар он ҳарами баракат ва раҳмат фуруд овардӣ ва онҷоро мақоми амн ва амон барои мардум қарор додӣ. Эй он ки ба тавоноият аз гуноҳони бузурги бандагонат гузаштӣ ва аз фазл, неъмататро бар халқ ба ҳади камол расонидӣ ва неъматҳои бузург ба карамат ато кардӣ. Эй захираи рӯзи сахтии ман, эй ҳамдами вақти танҳоии ман, эй фарёдраси ман ҳангоми ранҷу бало, эй соҳиби неъмати ман, эй Худои ман ва Худои падарони ман, Иброҳим, Исмоил, Исҳоқ ва Яъқуб ва эй Парвардигори Ҷабраил ва Микоил ва Исрофил ва эй Парвардигори Муҳаммад(с) хотами анбиё ва оли баргузидаи покаш, эй Худои фиристандаи китоби Таврот, Инҷил, Забур ва Фурқон ва фиристандаи Коф Ҳо Ё Айн Сод ва То Ҳо ва Ёсин ва тамоми Қуръони Ҳаким.

Эй Худо Туйи паноҳам ҳаргоҳ роҳи зиндагони бо ҳамаи вусъаташ бар ман мушкил шавад ва замин бо ҳамаи фазояш бар ман танг гардад, агар раҳматат шомили ҳолам нагардад бешубҳа аз аҳли ҳалокат хоҳам буд. Ва Ту ҳасти, ки аз лағзишам бармегардонӣ ва гуноҳонамро пинҳон месозӣ, ки агар пардапушии Ту набуд, албата расво ва шарманда мегардидам ва Ту ба ёрият маро ба душманон ғолиб мекунӣ, ки агар ёриат набуд ман мағлуби душман мешудам.

Эй он, ки зоти худро ба баландтарин мақому мартаба махсус гардонидӣ ва дӯстдоронатро ба иззати Худ азиз сохтӣ, эй он, ки подшоҳонро ба даргоҳат хор ва залил гардондӣ, ки сахт аз қаҳр ва азаматат ҳаросон ва тарсонанд, эй он, ки бар нигоҳи гушаи чашмҳо ва асрори пинҳон дар дилҳо ва ҳодисаҳои ояндаи замон ва дурии рӯзгорон бар ҳама чизу кас огоҳӣ, эй он, ки чигунагии он зоти пинҳонро касе ҷуз Ӯ, огоҳӣ надорад, эй он, ки ҳақиқати Ӯро ҷуз Ӯ, ҳеҷкас намедонад, эй он, ки бар Ӯ ғайри Ӯ, ҳеҷкас огоҳ нест, эй он, ки заминро дар об фурӯ бурдӣ ва ҳаворо ба осмон сад(маҳкам) кардӣ, эй он ки Ӯро гиромитарин номҳост, эй соҳиби караме ҳасти, ки ҳаргиз эҳсонаш мунқатеъ (бурида) нашавад, эй он ки қофилаи (Миср)-ро барои (наҷот)-и Юсуф дар биёбони “Қафр”(биёбони хушк) нигоҳ доштӣ ва аз қаъри чоҳ баровардӣ ва пас аз бандагӣ ба авҷи шоҳӣ расонидӣ, эй он, ки Юсуфро ба Яъқуб бозгардонидӣ, пас аз онки ду чашми Яъқуб аз хун ва андуҳ сафед гашт ва ғами дилашро пинҳон мекард.

Эй бартарафкунандаи ранҷу азоби Айюб ва нигоҳдорандаи ду дасти Иброҳими Халил дар синни пирӣ ва поёни умр аз зебҳи фарзандаш Исмоил, эй онки дуои Закариёро мустаҷоб кардӣ ва Яҳёро дар пирӣ ба ӯ ато фармудӣ ва ӯро танҳо ва бекас (ворис) нагузоштӣ, эй онки Юнусро аз шиками моҳӣ берун овардӣ, эй онки дарёро барои бани Исроил шикофтӣ ва онҳоро наҷот додӣ ва Фиравн ва лашкарашро ғарқи дарёи ҳалокат намудӣ, эй онки бодҳоро ба башорат пешопеш (борон)-и раҳмат фиристодӣ, эй онки дар кайфар ва муҷозоти маъсияткорони (гуноҳкорон) бандагонат таъҷил намефармоӣ, эй онки соҳирони(ҷодугарон)-и асри Мусоро баъд аз муддатҳо куфр ва инкор аз азоб наҷот бахшидӣ, дар ҳоле ки доим аз неъматҳоят истифода бурданд ва рузиятро хурданд ва ғайри Туро парастиданд ва ба душмании Худо ва ширк ба Ӯ бархостанд ва Паёмбаронашро инкор карданд.

Эй Худо! Эй Худо! эй падид оварандаи бесобиқа, эй онки бе мислу монанд ҳастӣ, эй зоти доими абадӣ, ки ҳаргиз фано напазирӣ(аз байн наравӣ), эй зиндаи азалӣ, ҳангоме ки ҳеҷ зиндае набуд, эй зиндакунандаи мурдагон, эй онки ҳар касро бо ҳар чи касб ва кор кунад нигаҳбони кунӣ, эй онки ман шукратро андак (кам) кунам ва боз аз неъматат маҳрумам насохтӣ ва хатои бузург ва бисёр кардам ва маро расво накардӣ ва маро дар ҳоле исён (гуноҳ) бисёр дидӣ ва беобрӯям накардӣ.

Эй онки маро дар кудакӣ аз балоҳо нигоҳ доштӣ, эй онки маро дар пирӣ рӯзи додӣ, эй онки алтоф, ва неъматҳояш шумориш нашуда ва сипос гуфта нашавад, эй онки бо ман ба хайр ва эҳсон ва хуби руй оварда ва ман дар дар баробараш бадӣ ва гуноҳ кардам, эй онки маро бар мақоми эмон ҳидоят кардӣ пеш аз онки шукри неъмататро бишносам, эй онки дар ҳоли мариз (беморӣ) Туро садо кардам ва маро шифо додӣ ва дар ҳоли бараҳнагӣ Туро хондам либос пушонидӣ ва дар ҳоли гуруснагӣ ва ташнагӣ Туро хондам таъомам додӣ ва серобам намудӣ ва дар хорӣ Туро хондам азизам кардӣ ва дар нодонӣ ба мақоми маърифат расонидӣ ва дар танҳоӣ, танҳоям нагузоштӣ ва ғоиб аз аҳлу ватан шудам, (ғариб шудам) ба ватан баргардонидӣ ва дар фақр ва бенавоӣ Туро хондам сарватмандам гардондӣ, ёри талабидам ёриам кардӣ ва пирузам гардонидӣ ва дар ҳоли сарватмандӣ будам дороиямро нагирифтӣ ва агар Туро ёд накардам, Ту ба ман некӣ кардӣ, пас сипос махсуси Туст, эй онки узри лағзишҳоям пазируфтӣ ва ғам ва андуҳам бартараф сохтӣ ва дуъоям иҷобат намудӣ ва гуноҳамро бахшидӣ ва ба беҳтарин ҳолам расондӣ ва бар душман ёрӣ ва нусратам додӣ. Ба ҳар ҳол неъмат ва хубиҳо ва атоҳои гиромиятро ҳаргиз ба шумор натавонам овард.

Эй Мавлои(Худои) ман Ту ҳасти, ки ато фармудӣ, Ту ҳасти, ки неъмат доди, Ту ҳасти, ки некӣ кардӣ, Ту ҳасти, ки некуӣ кардӣ, Ту ҳасти, ки фазл ва каромат фармудӣ, Ту ҳасти, ки лутфатро комил гардонидӣ, Ту ҳасти, ки рӯзи бахшидӣ, Ту ҳасти, ки тавфиқ додӣ, Ту ҳасти, ки ба халқ ато фармудӣ, Ту ҳасти, ки фақирро сарватманд сохтӣ ва сармоя додӣ, Ту ҳасти, ки паноҳ додӣ, Ту ҳасти, ки корҳои бандагонатро кифоят кардӣ, Ту ҳасти, ки ҳидоят кардӣ, Ту ҳасти, ки хубонро исмат (пок) аз гуноҳ кардӣ, Ту ҳасти, ки гуноҳонро мастур ( махфӣ) сохтӣ, Ту ҳасти, ки гуноҳонро омурзидӣ, Ту ҳасти, ки узри гуноҳонро пазируфтӣ, Ту ҳасти, ки бойгарӣ ва сарват бахшидӣ, Ту ҳасти, ки иззату ҷалол додӣ, Ту ҳасти, ки кумак кардӣ, Ту ҳасти, ки мадад кардӣ, Ту ҳасти, ки тасдиқи тавоноӣ додӣ, Ту ҳасти, ки ёри фармудӣ, Ту ҳасти, ки беморонро шифо додӣ, Ту ҳасти, ки офият бахшидӣ, Ту ҳасти, ки икром кардӣ, Ту ҳасти, ки бартарӣ додӣ. Пас ҳамд ва сипос махсуси Ту аст ва шукр ва сипос доим Туро сазовор аст.

Эй Худои ман ба гуноҳонам иқроркунанда ва эътироф мекунам, пас Ту ба карами худ аз ман даргузар. Ман ҳамон бандае ҳастам, ки бад кардаам, ман ҳамон касе ҳастам, ки хато кардам, ман ҳамон касе ҳастам, ки ба сӯи гуноҳ рафтам, ман ҳамон касе ҳастам, ки нодонӣ кардам, ман ҳамон касе ҳастам, ки ғафлат варзидам, ман ҳамон касе ҳастам, ки саҳв ва фаромӯш кардам, ман ҳамон касе ҳастам, ки ба худам эътимод кардам, ман ҳамон касе ҳастам, ки (ба хостаи дилам) қасдан гуноҳ кардам, ман ҳамон касе ҳастам, ки ба ваъдаи худ вафо накардам, ман ҳамон касе ҳастам, ки аҳди худро шикастам, ман ҳамон касе ҳастам, ки иқрор ба гуноҳам кардам, ман ҳамон касе ҳастам, ки ба неъматҳое ки ба ман ато кардӣ эътироф кардам ва боз ба гуноҳон руҷуъ намудам. Пас чун эътирофкунанда ва тавбакунанда ба гуноҳонам ҳастам Ту аз гуноҳонам даргузар ва маро бубахш.

Эй Худое ки гуноҳони бандагонат ҳеҷ Туро зиён нахоҳад зад ва аз тоаташон низ, бениёз хоҳӣ буд ва он касоне ки амали шоиста анҷом медиҳанд ба тавфиқу кумак ва раҳмати Ту аст. Пас эй Худои ман ва Мавлои ман ситоиш махсуси Туст. Эй Худо Ту маро амр кардӣ ва ман нофармонии амри Тӯ кардам. Ту наҳй кардӣ ва ман онро анҷом додам. Акнун ҳеҷ касе нест, ки гуноҳонамро пок созад ва ҳеҷ кас ҳам соҳиби қудрат нест, ки аз ӯ барои дурӣ аз азоб ёрӣ талабам. Пас бо чи василае ба сӯи Ту рӯй оварам. Оё бо қувваи шунавоӣ ё биноӣ ё ба василаи забон узрхоҳӣ кунам? Ё бо дасту по хизмате кунам? Оё ин қувва ва аъзое, ки ман дорам ҳамааш неъматҳои Ту нест ва бо ҳамаи онҳо маъсият (гуноҳ)-и Ту накардаам?

Эй мавлои ман, пас Ту бар ман ҳуҷҷатро тамом кардӣ ва роҳи эътирозро ҳам бастаӣ. Ту касе ҳасти, ки манро аз азоби падарон ва модарон мастур ва маҳфуз доштӣ ва аз сарзаниши хешон ва бародарон ва қаҳру иқоби подушоҳон нигоҳдорӣ фармудӣ. Агар инҳо(хешон), эй Мавлои ман чунон ки Ту бар зиштӣ ва расвоиҳои ман огоҳ ҳастӣ, мутталеъ мебуданд, ҳаргиз муҳлат намедоданд ва маро аз худ меронданд ва барои ҳамеша аз ман мегурехтанд.

Худоё! Ман бандаи (пургуноҳ) ҳастам, ки дар ҳузурат ҳастам. Эй мавлои ман сарафканда ва хор ва залил ва оҷиз ва ночизам, барои бегуноҳ нишон додани худам узре наметавонам биёварам ва на бар наҷоти худ соҳибқудрате, ки аз ӯ ёри талабам ва на ҳуҷҷат ва далиле, ки ба он чанг бизанам ва натавонам гуфт, ки ман ин гуноҳ накардам ва ин кори зишт ба ҷо наёвардаам. Ва агар инкор кунам эй Мавлои ман он инкор бар ҳоли ман фоидае нахоҳад дошт. Чигуна аз ин кори худам фоидае ёбам, дар ҳоле ки тамоми аъзои баданам бар ҳар чи кардаам ба яқин ва бе ҳеҷ шаку тардид ҳама бар зидди ман гувоҳӣ медиҳанд ва Ту ҳатман аз корҳои бузург аз ман савол хоҳӣ кард ва Ту албатта ҳокими боадл ва ҳаргиз ҷабру ҷафо ба касе нахоҳӣ кард. Ва ҳамон адли Ту маро ҳалок хоҳад кард ва аз адли Ту боз ба адли куллии Ту паноҳ металабам. Пас ҳаргоҳ бихоҳӣ азобам кунӣ ин натиҷаи гуноҳони ман аст ва пас аз итмоми ҳуҷҷат бар ман аст. Ва агар бар ман бибахшӣ аз Караму Бахшиши Туст. Ҳеҷ Худое ҷуз Ту нест ва муназзаҳ ҳасти Ту. Ва ман аз ситамкорон ҳастам. Ҳеҷ Худое ҷуз Ту нест ва муназзаҳ ҳасти Ту ва ман аз даргоҳи лутфат бахшиш ва омурзиш мехоҳам. Ҳеҷ Худое ҷуз Ту нест ва муназзаҳ ҳасти Ту ва ман аз яктопарастонам. Ҳеҷ Худое ҷуз Ту нест ва муназзаҳ ҳасти Ту ва ман аз қаҳрат сахт тарсон ҳастам. Ҳеҷ Худое ҷуз Ту нест ва муназзаҳ ҳасти Ту ва ман аз ғазабат сахт ҳаросонам. Ҳеҷ Худое ҷуз Ту нест ва муназзаҳ ҳасти Ту, ман ба даргоҳи карамат аз умедворонам. Ҳеҷ Худое ҷуз Ту нест ва муназзаҳ ҳасти Ту ва ман барои дидани ҷамолат сахт муштоқам. Ҳеҷ Худое ҷуз Ту нест ва муназзаҳ ҳасти Ту ва ман ба яктоият иқрор намуда эътироф мекунам. Ҳеҷ Худое ҷуз Ту нест ва муназзаҳ ҳасти Ту ва ман ба даргоҳат аз гадоён ва фақиронам. Ҳеҷ Худое ҷуз Ту нест, муназзаҳ ҳасти Ту ва ман аз тасбеҳ ва танзеҳгуён Ту ҳастам. Ҳеҷ Худое ҷуз Ту нест, муназзаҳ ҳасти Ту ва ман аз такбиргуёни мақоми кибирёии Ту ҳастам. Ҳеҷ Худое ҷуз Ту нест, муназзаҳ ҳасти Ту, ки Худои ман ва Худои падарони пешини ман ҳастӣ.

Эй Худои ман! Ин аст сано ва ситоиши ман дар пешгоҳи маҷд ва иззатат ва ихлоси ман дар зикру мақоми тавҳид ва яктоият ва иқрор ва эътирофи ман ба неъматҳое ки шуморидам, гарчи эътирофкунандае ҳастам, ки неъматҳоятро аз бас зиёд ва фаровон ва ҳувайдо аст дар вуҷуди ҳодиси ман сибқат дошта он неъматҳоро ба шумор натавонам овард, ки аз аҳди азал маро манзур доштӣ ва бо он неъматҳо аз аввали хилқат ва зиндагонӣ эҳтиёҷамро бар ғино ва бениёзӣ мубаддал(табдил) сохтӣ, ранҷу аламро аз ман дур кардӣ ва асбобу васоили осоиш ато кардӣ ва ҳар сахтиро дафъ намудӣ ва аз ҳар ғам ва андӯҳам раҳоям сохтӣ ва офият дар тан ва саломат дар дин бахшидӣ.

Эй мунъими (неъмат диҳанда) ҳақиқӣ, неъматат бар ман он қадар бисёр ва беҳад ва бешумор аст, ки агар халқи аввалин ва охирин маро ба зикри он неъматҳо кумак кунанд боз на ман ва на тамоми аввалин ва охирин бар шумориши неъматҳоят қодир нестанд.

Эй зоти поку баланд мартаба Парвардигори бузургу кариму меҳрабон, ҳеҷ кас натавонад неъматҳоятро шумориш кунад, ҳамду саноятро кас натавонад кард ва неъматҳоятро сипосгузорӣ ва подош натавон гузорд. Ва дуруд фирист бар Муҳаммад(с) ва хонадонаш ва неъмататро бар мо ба ҳади камол расон ва моро ба тоатат саъодатманд гардон, Ту муназзаҳ аз ширк ва шарик ҳастӣ ва ҳеҷ Худоӣ ҷуз Ту нест. Эй Худо албатта Ту дуои бандагони музтар (дил шикаста) ва парешонро иҷобат(қабул) мекунӣ ва ҳар ранҷу аламро бартараф мегардонӣ ва ғамдидагонро ба фарёдашон мерасӣ ва беморонро шифо мебахшӣ, ва фақиронро ғани мегардонӣ ва ҷуброни ҳоли шикастадилон кунӣ, ба кудакон раҳм ва ба бузургон ёрӣ фармоӣ. Ҷуз Ту касеро ёру ёваре нест ва болотар аз Ту дар олам қодир ва тавоно нест ва Ту баланд мартаба ва бузург ҳастӣ.

Эй Худои, ки асирон ва зиндониёнро аз ҳабс озод кунӣ ва ба кудаки кучак (майдаҳак) рӯзи бахшӣ, эй паноҳи ҳар дили тарсон, ки ба Ту паноҳанда шавад. Эй Худои яктойи, ки ҳеҷ кас шарик ва мададкори Ту нест. Дуруд фирист бар Муҳаммад (с) ва хонадонаш ва дар ин охири рӯз ҳар неъмате, ки ба ҳар як аз бандагон ато мекунӣ ба ман беҳтарини онро ато фармо, аз анвои неъмати зоҳирӣ, ки ба халқ мебахшӣ ва неъмати ботинӣ, ки барои ҳама зиёд мекунӣ ва тоза мегардонӣ ва мусибатҳоеро, ки бартараф месозӣ ва андуҳ ва ғаме, ки зоил(аз байн мебарӣ) мекунӣ ва дуое, ки мустаҷоб мегардонӣ ва амали неке, ки аз лутф мепазирӣ ва кори зиште, ки мепушонӣ, албата Ту бо лутфи азалӣ ва илми зоти бар тамоми умур огоҳӣ ва бар ҳамаи чиз Қодирӣ (Тавоноӣ).

Эй Худо Ту наздиктарин касе ба ман ҳасти, ки аз Ту метавон чизе дархост кард ва зудтар аз ҳама кас дуои моро иҷобат мекунӣ ва аз ҳар бахшандае, карам ва бузургворият бештар ва атоят васеътар аст ва дархосткунандагонро беҳтар аз ҳар кас иҷобат кунӣ, эй ки дар дунё ва охират ба халқ бо лутф ва бахшиш ва дар ду олам бар бандагон меҳрабон ҳастӣ. Мақсад бемислу монандӣ ва ҷуз дидори Ту орзуе надорем ҳар вақт дуо кардам иҷобат фармудӣ ва талаб намудам ато фармудӣ ва изҳори шавқ намудам бо ман меҳрубони кардӣ ва бар сахтиҳо бар Ту эътимод(бовар) кардам, маро наҷот додӣ ва ҳаргоҳ ба даргоҳат зори кардам, маро кифоят фармудӣ.

Эй Худо дуруд фирист бар Муҳаммад(с), ки банда ва расул ва фиристодаи Туст ва бар ҳамаи аҳли байташ, ки некуён ва покони оламанд ва неъматҳоятро бар мо ба ҳади камол расон ва атоятро бар мо гуворо соз ва моро аз шукргузорон ва мутазаккирони неъматҳои хеш маҳсуб дор ва ин дуоро аз карам иҷобат фармо эй Парвардигори оламин.

Эй Худо! эй онки бар мулки вуҷуд моликӣ ва бар ҳар чиз, тавонову қодирӣ ва қоҳири айб ва нуқсони халқро мастур медорӣ ва чун омурзиш талабанд меомӯрзӣ. Эй охирин мақсуди талабкунандагону муштоқони олам ва эй охирин орзуи дили умедворон, эй онки илми азалият бар ҳар чиз муҳит(иҳоташуда) ва ҳилм(бурдборӣ) ва раъфат ва раҳматат бар узрхоҳон густардааст. Эй Худо дар ин аср, ки ба василаи Пайғамбар ва Расули гиромият Ҳазрати Муҳаммад(с) шараф ва азамат бахшидӣ, ки бар гузидаи халқ ва амини ваҳй ва мубашир ва мунзири аҳли замин ва чароғи рушани олам аст, ба даргоҳи Ту руй овардем ҳамон Пайғамбаре, ки ба вуҷудаш неъмати бузург ба мусалмонҳо ато кардӣ ва Ӯро раҳмати густарда бар ҷаҳониёнаш қарор додӣ. Боро Худоё дуруд фирист бар Муҳаммад(с) ва хонадонаш, ки Ӯ аз ҷониби Ту лоиқи ин дуруд аст.

Эй Худои бузург дуруд фирист бар Ӯ ва бар аҳли байташ, ки ҳама аз баргузидагон ва некуён ва покони оламанд ва зиштиҳои моро пардаи бахшиш бипӯшон. Ту ҳасти, ки ба даргоҳи раҳматат фарёд ва фиғони халқ ба анвоъи забонҳо баланд аст. Пас моро ҳам дар ин аср аз ҳар хайр ва саодате, ки миёни бандагонат қисмат мекунӣ насиби комил ато фармо ва аз ҳар нуре, ки ба он халқро ҳидоят мекунӣ ва раҳмате, ки бар оламиён муяссар месозӣ ва баракате, ки нозил мегардонӣ ва либоси офияте, ки мепӯшонӣ ва ризқе, ки вусъат медиҳӣ.

Эй меҳрабонтарини меҳрубонони олам Эй Худо! моро дар ин ҳангом растагорӣ ва пирузӣ бахш ва аз онон, ки некукорӣ ва баҳрамандӣ ёфтанд қарор бидеҳ ва аз маҳрумон магардон ва аз раҳмати бепоёнат моро бебаҳра насоз ва аз чашми умеде, ки ба фазлу карамат дорем ноумед насоз ва аз раҳматат моро маҳрум магардон ва аз он фазилат ва мартабате, ки аз атоят чашми интизор дорем ноумед магардон ва аз даргоҳи карамат моро маъюсу мардуд магардон.

Эй он касе ки бо ҷуд ва бахшиш, бо лутфу карам ба даргоҳи Ту бо яқин ба фазл ва эҳсонат руй оварда ва даъват ба хонаи Каъбаатро иҷобат кардаем ва қасди зиёрати он дорем. Пас Ту эй Худо бар аъмоли ҳаҷ моро ёрӣ фармо ва ҳаҷи моро комил ва мақбул гардон ва аз тақсироти мо даргузар ва офият ва осоиш ато фармо, ки мо дасти бозиллат ва хорӣ, эътироф ба гуноҳ ба даргоҳат дароз кардаем.

Эй Худо моро ба карамат дар ин аср ҳар чи дархост мекунем ба мо ато фармо ва дар корҳои муҳиме, ки аз Ту ба лутф ва раҳматат металабем моро ёрӣ кун, ки мо бар кифояти умурамон ҷуз Ту касе надошта ва Парвардигоре ғайри Ту надорем. Қонунат бар мо нофиз(фурураванда) аст, донишат моро муҳит(фарогир) аст, ҳукму қазоят дар бораи мо одилона аст, Ту дар ҳақи мо хайр муқаддар фармо ва моро аз аҳли хайр ва салоҳ қарор бидеҳ.

Худоё! Подоши бузург ва захираи каримона ва давоми осоишро ба ҳаққи ҷуд ва бахшишат бар мо лозим гардон ва гуноҳони ҳамаи моро бибахш ва моро бо мустаҳиқини ҳалок ва азоб ба ҳалокат марасон ва аз мо раъфат ва раҳмататро магир, эй меҳрубонтарини меҳрубонон.

Эй Худо моро дар ин ҳангом аз онон қарор деҳ, ки аз Ту дархост карданд ва Ту ба онҳо ато фармудӣ ва шукратро ба ҷо оварданд ва Ту бар неъматат афзудӣ ва ба даргоҳат тавба карданд ва Ту тавбаашон пазируфтӣ ва аз ҳамаи гуноҳонашон безорӣ ҷустанд ва Ту ҳамаро омӯрзидӣ.

Эй соҳиби ҷалол ва бузургворӣ, эй Худо моро ба ҳар кори хайр муваффақ бидор ва бар тоатат қавӣ гардон ва зории моро ба дагоҳат бипазир. Эй беҳтарин касе, ки аз Ӯ чизе дархост кунанд ва эй меҳрубонтар зоте, ки аз Ӯ тараҳҳум ҷӯянд, эй Худое, ки бар Ту чизе аз ҳаракати мижагон ва ишора ба гушаи чашмон ва он чи дар даруни вуҷуд истиқрор ёбад ва ниҳонҳои дилҳо печида ва пушида нест ва ба таҳқиқ, тамоми инҳоро донишат фаро гирифта аст, ҳилмат гушодагӣ бахшидааст.

Муназзаҳи Ту ва болотар ва бартар аз ончи бедодгарон ва кофирон бигуянд бузург ва бартар ҳастӣ. Тасбеҳ гуяд Туро осмонҳои ҳафтгона ва заминҳо ва он чи дар байни онҳост ҳама ба тасбеҳ ва тақдисат машғуланд ва ҳеҷ чизе дар олам нест ҷуз он, ки Туро тасбеҳ мекунад. Пас ҳар ситоиш ва маҷд ва баландӣ ва иззат махсуси Туст.

Эй Худои соҳиби мақом ва ҷалол ва бузургворӣ ва фазл ва эҳсон ва неъматҳои бузург, танҳо Туйи дорои ҷуд ва бахшиш ва раъфат ва меҳрабонӣ. Эй Худо Ту аз ризқи ҳалолат маро рӯзии васеъ бидеҳ ва саломатӣ ва осоиш дар тан ва динам ато фармо ва дар хавф ва ҳаросам эмини (амният) ато кун ва аз оташи дузахам озод гардон.

Эй Худо маро ба макри худ мубтало магардон ва ба азобат сахтам магир ва маро расво макун ва шарри фосиқони ҷин ва инсро аз ман дур соз.

Эй шунавотарини шунавандагон ва бинотарини биноён ва зудтарини муҳосибон ва меҳрубонтарини меҳрубонони олам, дуруд фирист бар Муҳаммад(с) ва хонадони Ӯ, ки бузурганд ва бо хайру баракаттарини оламиёнанд. Аз Ту эй Худо дархост дорам он ҳоҷатамро, ки агар ато кунӣ дигар аз ҳар чизе, ки маҳрумам кунӣ зараре намерасонад ва агар он ҳоҷатам раво насозӣ дигар ҳар чи ато кунӣ ҳеҷ фоидае ба ҳолам надорад, аз Ту дархост дорам, ки аз оташи дузах раҳоиям бахшӣ, Худое ҷуз Ту нест, ки яктоӣ ва шарик надорӣ ва мулки вуҷуд ва ситоиш махсуси Туст ва Ту бар ҳар чизе қодирӣ, эй Парвардигор эй Парвардигори олам.

Эй Худои ман дар вақти тавонгарӣ ва сарват фақирам ва ба Ту муҳтоҷам, то чи расад ба ҳангоми фақр ва бенавойи, эй Худои ман дар ҳоли доноӣ, нодонам, то чи расад ба вақти нодонӣ, эй Худо пас тадбират мухталиф ва гуногун ва тақдиротат тағйир мекунад, бандагони бомаърифататро ин тадбир ва тақдир монеъ мешавад, аз инки бар неъматат ором ёфта ва хотир ҷамъ шаванд ё дар бало ва сахтӣ аз лутфат ноумед бошанд, эй Худо аз ман он раво дор, ки ба мақоми бузургворӣ ва карамат шоиста аст, эй Худо Ту пеш аз онки ин вуҷуди заифи маро биёфарини худро ба раҳмат ва лутф бо ман тавсиф кардӣ, оё акнун бар ин вуҷуди нотавон аз он лутф ва раҳмат манъ хоҳи кард?

Эй Худо агар корҳои неке аз ман падид ояд он аз фазл ва атои Туст ва Туро бар ман миннат аст ва агар аъмоли зишти ман ошкор гардад, он ба адли Туст ва Туро бар ман ҳуҷҷат аст. Эй Худо чигуна маро ба худ вомегузорӣ дар ҳоле ки Ту худ кафили корҳо ҳастӣ ё чигуна касе бар ман зулм тавонад кард дар ҳоле ки Ту носир ва ёвари ман ҳастӣ ва чигуна ман аз лутфат маҳрум монам дар ҳоле ки Ту дар ҳақи ман раъуф ва меҳрабонӣ, бале ман ба даргоҳат ба фақр ва бечорагиям мутавассил мешавам ва чигуна фақр, ки роҳ ба ноҳияи қудси Ту надорад, василаи ман тавонад буд ё ман чигуна аз ҳоли худ бар Ту шикоят кунам? Дар ҳоле ки ҳолам бар Ту пинҳон нест, ё чигуна суханам тарҷумони дарунам тавонад буд дар ҳоле ки он сухани Ту ошкор ба суи Ту мегардад, ё чигуна Ту аз умед ва орзуҳое, ки ба карамат дорам ноумед хоҳи кард, дар ҳоле ки он орзӯҳо бар даргоҳи чун Ту Карим ҳастӣ ворид аст. Ё чигуна аҳволи маро неку нагардонӣ ва ҳоло онки қиёми аҳволам ба Туст.

Эй Худо чиқадар Ту бо ман лутф ва муҳаббат дорӣ, бо онки ҷаҳл ва носипосиям бисёр аст ва чиқадар дар ҳақи ман меҳрабонӣ, бо инки кирдорам зишт аст, эй Худо Ту чӣ андоза ба ман наздикӣ ва ман то чи ҳад аз Ту дурам ва чиқадар Ту бо ман раъфат дорӣ ва боз он чист, ки маро аз Ту пинҳон дошта, эй Худои ман аз ихтилофи корҳоям ва таҳавулоти ҷаҳон бар ман, донистам, ки ғарази Ту аз офаринишам он аст, ки Ту худро дар ҳарчиз ба ман бишносонӣ ва ман дар ҳеҷ як аз умури олам аз Ту ғофил ва ҷоҳил набошам.

Эй Худо ҳар чи беқадрӣ ва хориям, забони маро гунг мекунад, карам ва бузургворият боз забонамро гуё мегардонад ва ҳарчанд васфи ман, маро маъюс месозад, эҳсони Ту маро ба тамаъ меоварад, эй Худо касеки корҳои хуб ва хубиҳояш бад аст, пас чигуна зиштӣ ва бадиҳояш бад нахоҳад буд, эй касе ки ҳақиқатҳояш иддиои ботил аст, чигуна иддиоаш барои ҳақиқат ботил нахоҳад буд? Эй Худо фармони нофизат, машияти қоҳират, на ҷойи сухан бар гӯянда боқӣ гузорад ва на ҳоле собите бар соҳиб ҳол.

Эй Худо чи бисёр тоате, ки анҷом додам ва азме, ки маҳкаму устувор намудам, адолатат эътимодамро бар онҳо аз байн бурд, вале фазл ва карами Ту узри маро аз онҳо қабул мекунад. Эй Худо Ту худ медонӣ ва огоҳӣ, ки агар ман дар мақоми амал доим ба тоатат машғул нестам, албата дар дил азми муҳаббат ва тоататро доим дорам.

Худоё чигуна тасмим бигирам дар ҳоле ки Ту Қодир ҳастӣ ва чигуна тасмим нагирам дар ҳоле ки Ту дастурдиҳандаӣ? Худоё шаку тардид шудани ман дар осорат, сабаби дурии дидори Ту мешавад, пас маро бо вуҷудат наздик соз, ба василаи ибодате, ки маро ба Ту расонад. Чигуна бар вуҷуди Ту истидлол шавад, бо мавҷуде, ки дар вуҷудаш ниёзманд бар Туст? Оё барои ғайри Ту зуҳур ва равшаноие ҳаст, ки барои Ту набошад, то онон ғайри василаи зуҳури Ту бошанд? Кай пинҳон будаӣ, то ниёзманд ба далел бошӣ, ки бар Ту далолат кунад? Кай дур будаӣ, то осоре васлкунандаи ба Ту бошад? Кур бод дидаҳое, ки Туро бар он дидагон набинад?

Ва зиёнкор бод тиҷорати бандае, ки аз муҳаббатат барои Ӯ саҳме қарор надодаӣ. Худоё маро ба руҷуъ кардан ба осорат фармон додӣ, пас маро ба пушише аз нӯрҳо ва ҳидояти басиратҷӯ ба сӯи худ боз гардон, то бо онҳо ба сӯят бозгардам, ҳамонтавре ки аз онҳо ба даргоҳат роҳ ёфтам. Бо нигоҳдории ботинам аз нигоҳ кардан ба онҳо ва баргирифтани ҳимматам аз эътимод бар онҳо, ба суят боз гардам ҳамоно Ту бар ҳарчизе тавоноӣ.

Худоё ин хории ман аст, ки дар баробарат аён аст ва ин ҳоли ман аст, ки бар Ту пӯшида нест, аз Ту расидан ба Туро хоҳонам ва бар Ту истидлол мекунам, пас ба нӯрат маро ба сӯи Худат роҳнамоӣ кун ва дар баробарат ба сидқ ва ростии бандагият ба по дор.

Худоё аз илми хазонаат ба ман биомӯз ва бар пардаи нигоҳдориат ҳифзам кун. Худоё маро ба ҳақоиқи аҳли қурб(наздиконат) бирасон ва бар роҳу равиши аҳли ҷазб(ба суи худ кашидан) бибар. Худоё бар тадбират нисбат бар ман, маро аз тадбирам ва ба ихтиёрат аз ихтиёрам бениёз гардон ва маро ба ҷойҳои бечорагиам огоҳ кун. Худоё маро хории нафсам наҷот деҳ ва аз шак кардан ва ширкам пок кун ва пеш аз онки вориди қабр шавам аз Ту ёрӣ меҷӯям, пас маро ёрӣ деҳ ва бар Ту таваккул мекунам, пас маро танҳо магузор ва аз Ту дархост мекунам, пас ноумедам накун ва дар бахшиши Ту майл дорам, пас маҳрумам макун ва худро ба Ту нисбат медиҳам, пас дурам масоз ва дар пешгоҳи Ту меистам, пас маро марон. Худоё хушнудии Ту муназзаҳ аст аз инки иллате аз ҷониби Ту дошта бошад, пас чигуна мумкин аст барои он иллате аз ҷониби ман буда бошад? Худоё Ту бениёзӣ аз инки фоидае аз ҷониби Худ ба Худат расад, пас чигуна бениёз аз ман набошӣ? Худоё қазо ва қадар маро ба орзӯ андохт ва ҳавоӣ нафсам маро дар бандҳои шаҳват асир кард, пас Ту ёварӣ ман бош, то пирӯзам намоӣ ва биноям кунӣ ва ба фазли Худ бениёзам фармо, то ба воситаи Ту аз хостаҳои нафсониам бениёз гардам, Ту ҳасти, ки нӯрро дар дилҳои дӯстонат тобонидӣ, то Туро шинохтанд ва ягонаат донистанд ва Ту ҳасти, ки бегонагонро аз дилҳои ошиқонат дур сохтӣ, то ғайри Туро дӯст надошта бошанд ва ба ғайри Ту паноҳ набаранд. Ту муниси онҳое ҳасти, онҷо ки дарду ранҷ онҳоро ба ваҳшат андозад, Ту ҳасти, ки онҳоро ҳидоят намудӣ, ҳарҷо ки нишонаҳое барои онҳо ошкор шуд.

Касе ки Туро гум кардааст, чӣ ёфтааст? Ва касе ки Туро ёфтааст чӣ гум кардааст? Ҳамоно маҳрум шуд касе ки ба ҷои Ту ба дигар кас розӣ шуд ва зиёнкор шуд, касе ки аз Ту бар дигар кас рӯй овард, чигуна ба ғайри Ту умед баст, ҳоло онки эҳсонатро қатъ накардӣ ва чигуна аз ғайри Ту хоста шавад, дар ҳоле ки Ту роҳи неъматбахшиатро тағйир надодаӣ.

Эй ки ба ошиқонаш ширинии ҳамдамбуданро чашонидӣ, дар натиҷа танҳо дар ҳузури Ту ба тамаллуқ истоданд, эй онки авлиёашро ҷомаҳои ҳайбат пӯшонид, пас омӯрзишҷуёна дар муқобилаш қарор гирифтанд, Ту ҳасти ёдкунанда, пеш аз ёдкунандагон ва Ту ҳасти шуруъкунанда ба эҳсон, пеш аз таваҷҷуҳи бандагон ва Ту ҳасти бахшанда, пеш аз хостани хоҳандагон ва Ту ҳасти бахшанда ва сипас ончиро, ки ба мо бахшидӣ аз мо қарз мехоҳӣ.

Худоё маро ба раҳматат бихоҳ, то ба Ту расам ва маро бар атоят ҷазб кун, то ба ҷониби Ту рӯй оварам. Худоё умедамро аз Худат қатъ накун, гарчи нофармоният кардам, чунонки тарсам аз Ту аз байн наравад, гарчи итоатат намудам. Ҳамоно ҷаҳониён маро ба ҷониби Ту рондаанд ва донишам ба карамат маро ба остонаи Ту андохтааст. Худоё ман чигуна ноумед шавам ва ҳоло онки Ту орзӯи ман ҳастӣ, ё чигуна хор гардам дар ҳоле ки эътимодам бар Ту аст? Худоё чигуна иззат хоҳам дар ҳоле ки дар хорӣ исботам кардаӣ ва чигуна иззат нахоҳам бо онки ба Худат нисбатам додаӣ? Худоё чигуна ниёзманд набошам ва ҳоло онки маро дар ниёзмандон қарор додӣ, ё чигуна ниёзманд бошам дар ҳоле ки Ту ба ҷуду бахшишат бениёзам кардаӣ? Ту ҳасти ки маъбуде ҷуз Ту нест, Худро ба ҳар чиз шиносондӣ, пас чизе ҷоҳил ба Ту нест ва Ту ҳасти ки Худро бо ҳар чиз ба ман шиносондӣ, пас Туро дар ҳар чиз намоён дидам ва Ту ҳасти намоён бар ҳар чиз.

Эй онки Раҳмонияташ бар олам иҳота дорад, дар натиҷа арш дар зоташ пинҳон шуд, осори вуҷудеро бо осори вуҷуди дигар нобуд кардӣ, бегонагонро(душманон) бо иҳотаи мадори ситорагони Худ маҳв намудӣ, эй ки дар саропардаҳои арши ҷалолат аз дидаҳо пинҳон гаштӣ, эй онки ба камоли зебоияш таҷаллӣ кард, пас азаматаш таҳаққуқ ёфт.

Чигуна пинҳон шавӣ, дар ҳоле ки намоён ҳастӣ, ё чигуна ғоиб шавӣ, дар ҳоле ки дидабон ва ҳозирӣ, ҳамоно Ту бар ҳар чизе тавоноӣ ва сипос танҳо аз они Худои Ягона аст.

Вассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу.

Добавить комментарий

Защитный код
Обновить

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст