Душманони ақл дар суханони ҳазрати Алӣ(к)

Неъматҳои Худованд бари инсон бешумор аст, яке аз муҳимтарини он неъматҳо ақлу фаросат аст, ки Худованд ба инсон тӯҳфа кардааст. Дар Қуръони Карим омадааст, ки дар рӯзи қиёмат касонеро, ки ба тарафи ҷаҳаннам мебаранд, бо ҳасрат ва пушаймонӣ аз неъмати ақл ёд мекунанд ва ҳасрат мехӯранд, ки чаро ақлу хиради худро бакор нагирифтнад, то имрӯз гирифтори азоб нашаванд.

لَوْ كُنَّا نَسْمَعُ أَوْ نَعْقِلُ ما كُنَّا في‏ أَصْحابِ السَّعير

"Ва гӯянд: «Агар мешунидем ё меандешидем, дар миёни аҳли оташи сӯзон набудем»."(Сураи Мулк, ояти 10).

Дар ривоятҳо ҳам омадааст, ки миёни куфр ба Худованд ва имон ба Ӯ ба ҷуз набуди ақл чизи дигаре нест, яъне иллати кофир шудан ба Худованд камақлӣ ва бакор нагирифтани ақл аст, вагар на ақли солим ба имон ҳукм мекунад ва ба Худованд эътимоду гараоиш дорад, ба инсон ёдоварӣ ва такид мекунад, мӯъмин ба Худованд бошад.

Инсон бояд коре кунад, ки ақлаш гирифтори ҳавову ҳавас, худписандуву худхоҳӣ нашавад, чаро ки ақл душманоне дорад, ки дар сурати бетаваҷҷӯҳӣ инсонро ба партгоҳи нестӣ мекашонанд. Дар инҷо душманони ақлро аз дидгоҳи ҳазрати Алӣ(к) меоварем, то равшан шавад, ки душманони ақл чӣ ҳастанд?

Амиралмӯъминин Алӣ (к) дар ин бора мефармояд:

کم من عقل أسير تحت هوي أمير

“Басо ақле, ки асир ва зердасти ҳаво ва ҳавас аст.”(Наҳҷулбалоға, ҳикмати 221)

Агар ақл аз ин асорат ва зиндони ҳавову ҳавас озод нашавад ва ба сӯи камолаш барангехта нашавад, дучори асорат ва хуфтагӣ мешавад ва чунин таназзул ва суқут одамиро ба пойинтарин маротиб мерасонад ва ба фарди шарур мубтало месозад. Амиралмӯъминин Алӣ (а) дар ин бора чунин мефармояд:  

نعوذ بالله من سبات العقل و قبح الزلل و به نستعين

“Паноҳ мебарем ба Худо аз хоб рафтани ақл ва зиштии лағзишҳо, ва ҳамвора ёри аз Ӯ металабем”. (Наҳҷулбалоға, хутбаи 224).

Оқил корҳоро он гуна анҷом медиҳад, ки лозим аст, на бештар ва на камтар аз он. Вақте аз Амиралмӯъминин (к) пурсида шуд, ки ақлро тавсиф кунад, ҳазрати Алӣ (к) мефармояд:

صف لنا العاقل. فقال عليه السلام: هُوَ الِذِي يَضَعُ الشَّيْءَ مَوَاضِعَهُ. قيل: فصف لنا الجاهل. قال: قَدْ فَعَلْتُ. يعني: أن الجاهل هو الذي لا يضع الشيء مواضعه، فكأن ترك صفته صفة له، إذ كان بخلاف وصف العاقل

Ба ҳазрати Алӣ(к) гуфтанд, оқилро ба мо бишносон, ҷавоб дод: Хирадманд касе аст, ки ҳар чизеро дар ҷои худаш мегузорад. Гуфтанд, пас ҷоҳилро муаррифӣ кун, фармуд: Бо муаррифии оқил, ҷоҳилро ҳам шиносондам. Яъне ҷоҳил касе аст, ки ҳар чизеро дар ҷои худаш намегузорад, бинобар ин бо тарки муаррифии дубора, ҷоҳилро шиносонд. (Наҳҷулбалоға, ҳикмати-235)

Оқил бар асоси ақлу хирад корҳои худро пеш мебарад, аммо ҷоҳил бар асоси ҳаво ва ҳавас. Дар тарбияти динӣ, сайр додани инсон аз худбинӣ ба Худобинӣ ва аз худхоҳӣ ба Худохоҳӣ ва аз худшиносӣ ба Худошиносӣ расидан аз муҳимтарин аҳдоф аст. Ҳазрати Али (к) фармудааст:

من‏ عرف‏ نفسه‏ فقد عرف ربّه

"Ҳар касе худро бишносад дар ҳақиқат Худоро шинохтааст."

Ва ё дар ҷои дигар мефармояд, ки бузургтарин офат худписандӣ аст.

عجب المرء بنفسه أحد حساد عقله

“Худписандии одами яке аз ҳасад кунандагон ақли уст.” (Наҳҷулбалоға, ҳикмати,212).

Ва ҳамчунин дар васияти беназири тарбиятию ахлоқии худ ба фарзандаш Имом Ҳасан (рз) фармудаанд:  

و اعلم أن الاعجاب ضد الصواب و أفه الالباب

“Ва бидон худписанди зидди дурусти ва офати уқули (ақлҳо) башари аст.” (Наҳҷулбалоға, номаи 31).

Ва низ фармудааст:

اعجاب المرء بنفسه دليل علي ضعف عقله

“Худшифтагии мард нишонаи сустии ақли уст.”

Дар ҷои дигар мефармояд:

و اعلموا أن الامل يسهي العقل و ينسي الذکر فأکذبوا الأمل فأنه غرور و صاحبه مغرور

Ва бидонед орзу ақлро пӯшонда ва зикри Худовандро ба фаромӯшӣ месупорад. Орзуро такзиб кунед, зеро орзу фиребанда ва соҳибаш фиребхӯрдааст”. (Наҳчулбалоға, хутбаи 86),

Агар ақл бар ҳама умури инсон таъсиргузор ва соягустар набошад, инсон ба роҳати мағлуби он чизҳое мешавад, ки метавонад тамаъ ва ҳирсу зиёдахоҳии инсонро барангезад ва хостаҳоеро дар назараш меорояд, ки боис мешавад инсонро аз маротиби инсонӣ ба маротиби ҳайвонӣ поён оварад ва дар ниҳоят ба ҳалокат бирасонад. Имом Али (к) бештарин ҷойгоҳҳои ҳалокатро ингуна баён мекунад ки:

أَكْثَرُ مَصَارِعِ الْعُقُولِ تَحْتَ بُرُوقِ الْمَطَامِعِ

Бештар ҳалокат ва сукути ақлҳо, зери барқи тамаъҳо аст” (Наҳҷулбалоға, ҳикмати 219),

Имом Али (к) ҳамвора дар суханони худ бар истифодаи инсон аз қувваи тааққул дар тамоми мароҳили зиндагӣ ва баён ва фаҳми матолиб аз тариқи истидлоли мутқан ва муҳкам ва ақлписанд таъкид дорад ва мефармояд:

ليست الرويه کالمعاينه مع الابصار فقد تکذب العيون أهلها و لا يغش العقل من استنصحه

“Тадбир бо тааққул монанди дидан бо чашмон нест, зеро гоҳе чашмон ба муқтазиёти сохтор ва мавзеъгири бинанда, хилофи воқеъро нишон медиҳад, дар сурате, ки ақл, касеро ки аз он панде бихоҳад, фиреб намедиҳад."

Яъне ин ки истифода аз ақл, бештар ва беҳтар аз чашм, инсонро дар ҷустуҷӯи чораҳои саҳеҳ кӯмак мекунад.

Хотима ва натиҷа

Ҳамон тавре ки гуфта шуд, ақл аз неъматҳои бузурги илоҳӣ дар ихтиёри инсон аст ва касоне ҳам, ки дар рӯзи ҷазо ҳасрат мехӯранд ва орзӯ мекунанд, ки эй кош саҳфа баргардад, касоне ҳастанд, ки аз ақлу хиради худ истифода накардаанд. Бинобар ин аз ақл метавон ба унвони мушовири амин ва қобили эътимод дар умур истифода кард, аммо пеш аз он ки асири ҳавову ҳавас шуда бошад. Бо таваҷҷӯҳ ба суханони Амиралмуъминин Алӣ (к) душманони ақлро метавон ингуна ном бурд: 1. Ҳаво ва ҳаваси инсон, 2. Худбинӣ ва худхоҳӣ, 3. Орзуҳои дунёӣ ва дилбастагӣ ба онҳо, 4. тамаъ ва ҳирсу зиёдахоҳӣ.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст