Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Масҷид ва коркардҳои он

         Чӣ касе золимтар аст аз касе, ки  бандагии Худоро дар масҷидҳо манъ мекунад ва коркарди масҷидро тағйир медиҳад?

        Масҷид яке аз маконҳои муқаддас ва муҳимме аст, ки Худованд дар онҷо ибодату бандагӣ мешавад ва мусалмонон дар канори ҳам ба ибодати Худои Ягона мепардозанд. Масҷид намоёнгари нури тавҳид ва парваришдиҳандаи истеъдодҳои наҳуфта дар инсонҳо, умедбахши мӯъминон ва сафодиҳандаи қалбҳо, парваришдиҳандаи сифоти инсонӣ ва арзишҳои илоҳӣ дар инсон аст. Ба ин хотир Худованд касонеро, ки масҷидро мебанданд ва ё монеи намозгузорӣ дар он мешаванд ва ҳадафи онро тағйир медиҳанд, золимтарини инсонҳо ва бадтарини ситамгарон медонад:  

«وَ مَنْ أَظْلَمُ مِمَّنْ مَنَعَ مَساجِدَ اللَّهِ أَنْ يُذْكَرَ فِيهَا اسْمُهُ وَ سَعى‏ فِي خَرابِها أُولئِكَ ما كانَ لَهُمْ أَنْ يَدْخُلُوها إِلاَّ خائِفِينَ لَهُمْ فِي الدُّنْيا خِزْيٌ وَ لَهُمْ فِي الْآخِرَةِ عَذابٌ عَظِيمٌ»

          "Ва чӣ касе золимтар аст аз касе, ки аз ёд кардани номи Худо дар масҷидҳо манъ намояд ва дар вайронии онҳо кӯшиш мекунад? Ононро сазовор нест, ки вориди он [масҷидҳо] шаванд, магар бо тарс ва ваҳшат. Барои онон дар дунё расвоӣ ва барои онҳо дар охират азоби бузурге хоҳад буд."

         Золимон аз ин ки мӯъминон Худои Ягонаро парастиш мекунанд хашмгинанд, чаро, ки агар инсон дар масҷид парвариш ёбад ва нури тавҳид дар аъмоқи вуҷудаш ҷой гирад, дар муқобили золимон ва ситамгарон сокиту хомӯш наменишинад, то онҳо ҳар коре хостанд бар зидди дину диндорон бикунанд, балки садо баланд мекунанд ва монеъ аз ситами ситамгарон мешаванд. Ситамгарон ҳам аз ин нороҳатанд, дар масҷиде, ки аз ҳақиқати худ дур нашуда бошад, фикру истеъдоди афрод парвариш дода мешавад ва инсонҳо дарк мекунанд, ки золимон бар сари мардум чӣ меоваранд. Агар олимони ҳақиқӣ масоҷидро дар ихтиёр дошта бошанд, метавонанд инсонҳое парвариш диҳанд, ки ба ҷуз Худо каси дигареро бандагӣ накунанд.

      Золимон дар давоми таърих борҳову борҳо чунин кори зиштро карданду мекунанд. Мусалмонон ҳам вазифа доранд, ки дар муқобили онҳо сокит нанишинанд ва дар тӯли таърих чунин буда аст, золимон масҷид мебастанд, вале мусалмонон муқобила мекарданд ва онҳоро аз ин тасмими худ бармегардонданд ва ин оятро мехонданд, ки шумо бар асоси гуфтаи Қуръон золим ва ситамгар ҳастед.  

        Ҳеҷ кас ҳам дӯст надорад, ки ба унвони ситамгар шинохта шавад, ҳатто ситамгартарини афрод худро инсонҳои одил нишон медиҳанд. Инҷо буд, ки ситамгарон найранг ва ҳилаи дигареро пеш гирифтанд, онҳо гуфтанд: Набояд мо чунин кунем, чаро ки зуд дар чашми мардум шинохта мешавем ва мардумро дар муқобили худ қарор медиҳем. Мо бояд коркард ва ҳадафи масҷидро тағйир бидиҳем, на ин ки масҷидро бибандем ва монеи намозгузорон шавем, балки намозгузорон бошанд ва бештар ҳам бошанд, вале ҳадаф ва коркарди масҷидро бояд тағйир дод!  

        Манъ кардан аз масҷид то як замон ва то як вақте мушахас аст, ҳангоме ки эҳсос карданд, ки масҷид дигар он хатареро, ки барои ситамгарон дошт, надорад ва онҳо маҳкум намешаванд ва масҷид он хислати ошкор кардани зулмро надорад, худи онҳо шурӯъ мекунанд ба сохтани масҷидҳои бузургтар, дигар дар чунин масҷидҳое Худо парастиш ва бандагӣ намешавад, аз зулму ситам ҳимоят мешавад, олимони ҳақиқӣ ва мӯъминони воқеие, ки бихоҳанд бар зидди зулм садо баланд кунанд ва монеи зулм шаванд, аз ҳамин масҷид ва минбарҳо маҳкум ва сарзаниш мешаванд.

«وَ أَنَّ الْمَساجِدَ لِلَّهِ فَلا تَدْعُوا مَعَ اللَّهِ أَحَداً»      

             “Ва ин ки масҷидҳо аз они Худост; пас, ҳеҷ касро бо Худо нахонед. (Сураи Ҷин, ояти 18)

         Ин ки Хулованд мегӯяд дар масҷид ба ҷуз Худо каси дигареро нахонед, яъне чӣ? Мухотаби ин оят чӣ касоне ҳастанд, мушрикон ва ё мусалмонон? Танҳо Худоро парастиш кунед ва дастуроти Ӯро анҷом диҳед. Савол оё дар масҷидҳое, ки мустакбирон месозанд танҳо Худо парастиш мешавад ва ё Худо маҳкум мешавад ва дастуроти Ӯ ба фаромӯшӣ супурда мешавад? Ин ки Худованд дар амр аз золим пайравӣ накунед ва золимро маҳкум кунед, чӣ тавр мешавад, ки имрӯза дар масоҷид барои золимон дуо мекунанд ва дастаҷамъӣ барои мувафақияташон дуо мекунанд?

         Дар чӣ мувафақ шавад дар зулми бештар ва ё дар кӯмак ба мазлумон? Дар чунин масҷидҳо ба ҷои пайраваӣ аз аҳкоми дин, барои дин аҳком таъйин мешавад ва диндорон ҳам вазифадор ба иҷрои он мешаванд. Дар чунин масҷиде диндорӣ намешавд, балки динсозӣ ва бо дин бозӣ мекунанд.

        Масҷид вақте ки он ҳадафи асосӣ ва он коркардеро, ки Худованд таъйин кардааст, надошта бошад, набояд барои ибодат ба онҷо рафт, масалан намоёнгари тавҳид ва парастиши Худованд набошад, инсонро дар қавл, қалб, фикру амал алайҳи зулм нахезонад; инсонро ба сафо ва оромиш нарасонад, заминаи саодат ва растагориро фароҳам накунад, золимон ва ситамгаронро ошкор накунад, ба дунболи адолат дар ҷомеа набошад, дар ҳақиқат барои золимон хидмат мекунад, на барои парастиши Худованд. Золимон бояд дар масҷид маҳкум шаванд, вақте масҷид тамоми ин ҳадафҳоро аз даст дода бошад, дигар бояд аз байн бурда шавад. Аввалин масҷиде, ки аз байн бурда шуд ва вайрон гардид, бо дастури Худованд ва эҳтимому талоши Пайғамбар (с) буд, чаро? Магар Худованд худ монеъшавандагон аз масҷидро золимонтаринҳо нагуфтааст? Магар аввалин нафаре, ки дар Ислом масҷидеро аз  байн бурд, Расули Худо (с) набуд? Чаро? Чигуна ин ду сухани зидди ҳамро  бифаҳмем?

       Посухи ин пурсишҳо он аст, ки масҷид бояд дар хидмати дин ва макони бандагӣ ва ибодати Худованд бошад.

         Масҷид маконе барои омода кардани инсонҳои шойиста ва парҳезгор дар ҷомеа аст, вале ин масҷиде, ки бо дастури Худо ва бо иқдоми Пайғамбар (с) нобуд шуд, ҳамон маконе буд, ки барои мубориза бо Худо ва дастуроту аҳкомаш сохта шуда буд.

         Ин ҳамон пинҳон кардани зулму ситам ва куфру нифоқ дар пушти номи зебои масҷид аст, ки камтар инсоне метавонад онро ташхис диҳад, камтар афроде метавонанд дастони золимонро дар чунин ҷое мутаваҷҷеҳ шаванд. Инсонҳои оддӣ ва афроде, ки огоҳии лозимро надошта бошанд, наметавонанд ташхис диҳанд.  

      Чунин масҷидҳое барои бандагии Худо ва эҳтироми дастуроташ сохта намешавад, дар чунин масҷидҳое инсонҳои шойиста тарбият намешаванд, балки барои муқобила бо Худо ва Пайғамбараш аст. Чунин масҷидҳо дар зоҳир маҳалли ибодат аст, вале дар ботин ва ҳақиқат барои аз байн бурдани дини Худост, на аз рӯи тақво сохта шуданд ва на аз шавқи савоб, балки барои тафриқа дар дин ва миёни мӯъминон сохта мешаванд.

وَ الَّذِينَ اتَّخَذُوا مَسْجِداً ضِراراً وَ كُفْراً وَ تَفْرِيقاً بَيْنَ الْمُؤْمِنِينَ وَ إِرْصاداً لِمَنْ حارَبَ اللَّهَ وَ رَسُولَهُ مِنْ قَبْلُ وَ لَيَحْلِفُنَّ إِنْ أَرَدْنا إِلَّا الْحُسْنى‏ وَ اللَّهُ يَشْهَدُ إِنَّهُمْ لَكاذِبُونَ لا تَقُمْ فِيهِ أَبَداً لَمَسْجِدٌ أُسِّسَ عَلَى التَّقْوى‏ مِنْ أَوَّلِ يَوْمٍ أَحَقُّ أَنْ تَقُومَ فِيه 

          “Ва [аз мунофиқон] касоне ҳастанд, ки барои зарар расондан ва куфр варзидан ва тафриқа андохтан байни мӯъминон ва камингоҳ сохтан барои касе, ки пеш аз ин бо Худо ва Паёмбараш ҷанг кардааст, масҷиде баргузиданд; ва қатъан савганд мехӯранд, ки ҷуз некӣ қасде надоштем. Ва Худо гувоҳӣ медиҳад, ки дар ҳақиқат, онҳо дурӯғгӯ ҳастанд. Ҳаргиз дар он [масҷид ба ибодат] наист! Дар ҳақиқат, масҷиде, ки аз рӯзи аввал бар тақво бунёд шудааст, сазовортар аст, ки дар он [ба ибодат] биистӣ;”(Сураи Тавба, ояти107).

          Сохт ва бунёни ин масҷид барои зарар ва зиён расондани дини Худо ва Пайғамабар (с) ва мӯъминон буд, тафриқа дар миёни мусалмонон ва доштани марказе барои мубориза бо дин буд, дар ибтидо ва замони сохти масҷиди Зирор мусалмононе, ки асли достон ва умқи тарҳи душманро нафаҳмида буданд, хушҳол шуданд ва барои созандагони он дуо ва дуруд мефиристоданд, ки масҷиди бузург ва беҳтар аз масҷиди Пайғамбар (с) дар наздикии онҳо сохта шудааст ва ба он ифтихор мекарданд. Бехабар аз ин ки ин масҷид маҳалу маркази фитна ва барои мубориза бо дину мусалмонон аст, ҳамон дине, ки барояш ҷонфишонӣ карда буданд; тамоми сахтиҳоро бар худ таҳаммул карданд, то дин пирӯз шавад. Вале Худованд мегӯяд: Ин масҷиде нест, ки битавонад шуморо ба Худо бирасонад, шумо дар он наметавонед бандагии Худоро кунед, ҳол он ки дар ояти қабл омада буд ки:

           “Масҷидҳо аз они Худост; пас, ҳеҷ касро бо Худо нахонед.”

          Вале масҷиди Зирор, ки бо дасти мунофиқон сохта шудааст, ки бо Худо ва Пайғамбар (с) дар ҷанганд, лизо аз он садои тавҳид ба гӯш намерасад, дар он шумо танҳо душмани Худо ва Пайғамбар (с)-ро тақвият мекунед, на дину диндоронро. Он масҷиде нест, ки бар алайҳи зулму ситам садо баланд кунад ва чеҳраи ҳақиқии онҳоро ошкор кунад. Он масҷиде нест, ки садои адолат аз он шунида шавад, ҳарчанд ба он бештар биравед, ба ҷои ин ки ба Худо ва Пайғамбар (с) наздик шавед, дар муқобили Худо ва Пайғамбар (с) қарор мегиред. Ҳеҷ далел ва асосе вуҷуд надорад, ки дар он намоз бихонед,

      " لا تَقُمْ فِيهِ أَبَداً"Ҳаргиз дар он [масҷид ба ибодат] наист!.”

      Дар масҷде намоз бигузоред, ки бар асоси тақво ва парҳезгорӣ сохта шудааст. Чунин масҷиде метавонад шуморо барои расидан ба растагорӣ ва саодат кӯмак кунад, ин масҷиди сохта шудаи мунофиқон шоистагии онро надорад, ки дар он намоз барпо кунед.

"لَمَسْجِدٌ أُسِّسَ عَلَى التَّقْوى‏ مِنْ أَوَّلِ يَوْمٍ أَحَقُّ أَنْ تَقُومَ فِيه "

        "Дар ҳақиқат, масҷиде, ки аз рӯзи аввал бар тақво бунёд шудааст, сазовортар аст, ки дар он [ба ибодат] биистӣ;."

      Худованд масҷиди Зирорро барои ибратгирӣ зикр кардааст, то мусалмонон диққат ва таваҷҷӯҳ дошта бошанд ва дар масҷиде, ки золимон онро сохтаанд ва пушти пардаи он мубориза бо дин аст, намоз нагӯзоранд, агар чунин кунанд, баъд аз муддате дар ҷомеа фитна барпо мекунанд, ҳамон ҳадафе, ки душманон дунболи он буданд.

        Хотима

     Ин матлаб ба дунболи он нест, ки масҷидеро Худое накарда маҳкум кунад, балки ба дунболи он аст, ки назари хонандагонро нисбат ба оятҳое, ки дар Қуръон нисбат ба масҷид ва коркарди он огоҳ кунад, то диққати бештаре дар ҳадафи масҷидсозӣ дошта бошанд. Дуввум ин ки бидонанд чаро гоҳе ситамгарон бо пули зиёде масҷид месозанд? Огоҳӣ аз ҳадафи золимон барои намозгузорон лозим аст. Ин нуктаро дар назар дошта бошанд, ки оё он масҷиде ки дар он намоз мегузоранд ин вижагиҳои гуфташударо дорад ё на? Агар надорад барои зинда кардани онҳо кӯшиш кунанд. Оё ғайри Худо дар масҷид ёд мешавад ё на? Чаро ки Худованд дар Қуръон масҷидро танҳо ва танҳо маҳал ва макони ибодати худ донистааст. Достони масҷиди Зирор ҳам барои таваҷҷӯҳ додани намозгузорон аст.

Добавить комментарий

Защитный код
Обновить

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст