Мавлуди Ҳазрати Муҳаммад (с)

           Ваҳдати имрӯз барои наҷоти уммати Пайғамбар (с) аз ҳар замоне муҳимтар шудааст, чаро ки душманони қасамхӯрдаи дини Ислом аз ҳар замони дигар имрӯз ба тафриқа ва ихтилоф дар миёни мусаломонон чашми тамаъ доранд. Онҳо ихтилофафканиро танҳо роҳе мебинанд, ки метавонад инсоният ва уммати Муҳаммад (с)-ро ба нобудӣ бибарад ва ягона роҳи ҳифзи қудрат дар дастони золимонаӣ худро, вуҷуди ихтилоф дар меёни мусалмонон мебинанд, лизо талош мекунанд, ки ваҳдат ва итифоқ дар миёни мусалмононро аз байн бибаранд ва ҳар замоне ки мусалмонон бихоҳанд дар канори ҳам қарор бигиранд, онҳо бо ҳиллаю найранг парчами ихтилофро баланд мекунанд.

          Мутаассифона ин фитнаҳоро гоҳе бо дасти баъзе аз мусалмонҳо анҷом медиҳанд. Афроди ноогоҳро аҷир мекунанд ва решаҳои ихтилофро ташдид мекунанд ва ин ихтилофотро таблиғ мекунанд, дар ҳоле ки инсонҳои дилсӯз ва огоҳ фитнаи фитнагаронро мефаҳманд ва дар замини душман бозӣ намекунанд ва дини Худоро заиф намекунанд.

            Аз ҳазрати Али (рз) нақл шудааст, ки мефармояд:

        Ҳеҷ касе нест, ки ба ваҳдат ва иттиҳоди уммати Пайғамбар (с) аз ман дилсӯзтар бошад.

          Дар шеъре омадааст:

Дар ҳаққталабӣ ҳамеша бо иззат бош

Ҳамвора барои дини худ зиннат бош

Монанди имом сабр! Монанади Алӣ!

Эй дӯст биё мунодии ваҳдат бош.

       Мелоди бо саодати Ҳазорати Пайғамбар (с)-ро бар тамоми мусалмонон ва ҷаҳониён табрик арз менамоям. Он Ҳазрат (с) замоне мутаваллид шуданд, ки замину замонро ҷаҳлу хурофа, кибру худпарастӣ ва бутпарастӣ фаро гирифта буд. Инсон рӯз ба рӯз аз инсонияташ дур ва дуртар мешуд. Холиқи ҳастӣ дар рӯӣ замин парастандае надошт, ҷуз андаке аз инсонҳо. Ҳадафи офариниши инсон фаромӯш шуда буд. Метавон гуфт замин ҷаволнгоҳ ва маҳали шайтон ва шайтонсифатон шуда буд. Ҳар қавме барои худ худое интихоб мекард, дар шаклҳои гуногӯн ва ба шеваҳои дилхоҳ парастишаш мекард. Дар чунин замоне Ӯ омад, таваллуди ӯ танҳо таваллуди як писарбача дар яке аз сарзаминҳои Макка набуд, таваллуди дубораи инсоният, меҳру муҳаббат ва тавҳиду яктопарастӣ буд. Таваллуди ӯ боис шуд роҳи инсон ба сӯи осмонҳо дубора боз шавад ва роҳи шаётин баста шавад. Баъд аз таваллуди Муҳаммад (с) замин маҳали рафту омади фариштагон шуд. Табиате, ки солҳо бо инсон қаҳр карада буд ва борон ҳозир набуд аз худ чизе бар замин бирезад ва замин барои инсон чизе бирӯёнад. Ӯ омад, то миёни замину осмон оштӣ диҳад. Ӯ омад то инсон аз ҳайрату изтироб, аз нигаронию саргардони раҳоӣ ёбад.

        Шоир замони пеш аз таваллуди он Ҳазрат ва баъд аз онро дар шеъри чунин тавсиф мекунанд:

Замин гаҳвораи кобусҳои инсон буд

Замон чун кӯдаке дар кӯчаҳо хобу ҳайрон буд

Худо дар издиҳоми нохудоёнӣ ҷаҳолат гум

Ҷаҳон дар изтиробу тарс, дар оғуши ҳазён буд

Садо дар кӯчаҳо гиҷ мепечид беҳосил

Сукути ҳарза саргардони саҳрову биёбон буд

Намерӯяд дар чашм, ба ҷуз тардиду ваҳму шак

Яқин танҳо саробе дар шикористони шайтон буд

Шаби рӯъёи даври осмон дар ҳайати мардӣ

Ба рағми фитнаҳои пешрав дар хок меҳмон буд

Ҷаҳон бо номаш аз рангу садо сероб шуд охар

Муҳаммад вопасин Пайғамбари хуршеду борон буд.

Add comment

Security code
Refresh

Ҳама ҳуқуқҳо ба сайти тоҷикон ҳифз карда шудаанд
Дар Сама тарроҳӣ шудааст