Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

          Таҳлили хулоса аз ҳадиси "Ихтилофи уммати Пайғамбар(с) раҳмат аст"

       Дар моҳ ва дар рӯзҳои мавлуди бо баракати Ҳазарти Пайғамбар(с) қарор дорем, Пайғамбари меҳрyбониҳо, касе ки Қуръон вуҷуди ӯро боиси бартараф шудани кинаҳо, тафриқаҳо ва раҳмат барои ҷаҳониён медонад.

«وَ ما أَرْسَلْناكَ إِلَّا رَحْمَةً لِلْعالَمِين»   

       "Ва туро ҷуз раҳмате барои ҷаҳониён нафиристодем. (Сураи Анбиё, ояти 107)

      Худованд вуҷуди ӯро боиси раҳмат дар миёни ҷомеа ва ҷаҳониён медонад. Зиндагии Пайғамбар (с) қабл аз рисолат ҳам боиси рамат буд ва Араби он замон ихтилофоташонро бо ҳузур ва қазовати он Ҳазрат (с) ҳалу фасл мекарданд, достони таъмири хонаи Каъба худ баёнгари ин ҳақиқат аст, бо ин вуҷуд аз забони Пайғамбар (с) ҳадисеро нақл кардаанд, ки фармуданд: Ихтилоф дар миёни уммати ман раҳмат аст:

»اخْتِلافُ اُمّتی رَحمَةٌ «    

       "Ихтилоф дар миёни уммати ман раҳмат аст"(Кнзулаъмол, ҷ 10 саҳ 136..

      Чигуна ихтилоф метавоанад раҳмат бошад, ҳол он ки ихтилоф кушандаи миллатҳо шуда ва монеъи рушди фикри ҷомеа мешавад? Аз Ҳазрати Али (к) нақл шудааст, ки мефармояд:

«الخلاف يهدم الرأي»    

      "Ихтилоф нобудкунандаи андеша аст."

      Яъне ихтилоф агар дар ҳар ҷомеае омад, дигар фикру андеша кор намекунад ва тасмимот эҳсосӣ ва ғайри оқилона гирифта мешаванд. Ҳол бояд пурсид ки чи гуна метавон гуфт ихтилофи уммати Пайғамбар(с) раҳмат аст?.

      Ихтилоф ва тафовути дидгоҳҳо дар миёни мардум як амри табии аст ва наметавон онро аз миён бурд, чаро ки салиқаҳои инсонҳо мухталиф аст ва дар илми ҷомеашиносӣ ҳам собит шудааст, ки агар ин ихтилофот ва тафовути салиқаҳо набуд, башар лаҳзае тавони идомаи зиндагиро надошт. Бо ин вуҷуд бояд гуфт набояд манзур аз ихтилоф кинатузӣ, эҷоди ноамнӣ, тарсу ҳарос ва тафриқа бошад, чаро ки инҳо василаи нобудии уммат ва аз байн рафтани рушди тафаккур аст, на раҳмат.

     Агар бо ин нигоҳ бихоҳем ба ҳадис баргардем ва таҳлил кунем ҳатман маънои дигаре ба даст меоварем, на маънои тарсу ҳарос ва ноамнӣ ва изтироб эҷод кардан дар миёни уммати Пайғамбар (с) ва ҳатман ҳам манзури ҳадис чизи дигаре аст.

     Ихтилоф дар миёни уммати ман раҳмат аст, ин ҳадис ба як нуктаи бисёр дақиқ ва асоси ишора ва таъкид дорад, он нкута ин ки мегӯяд: ихтилофи уммати ман раҳмат аст, на ин ки бигӯяд ихтилоф раҳмат аст, уммати Пайғамабр (с) будан шарти раҳмат шудааст; на ихтилоф ба таври куллӣ, чаро ки уммати Пайғамбар (с) будан ба иддао нест, уммати ҳақиқӣ бояд буд. Уммати ҳақиқӣ дар роҳи рост ва сироти мустақиме, ки Пайғамбар(с) барои он заҳмат кашидаанд, устувор ва дар бандагии Худо кӯтоҳӣ намекунанд, уммати Пайғамбар (с) дар сироти мустақим бо ҳам ихтилоф надоранд ва дар тарҳ ва барномае, ки он бузургвор барои уммат оаварадааст, бо ҳам ҳастанд, ихтилоф уммат бояд дар сабил бошад, на дар сирот (фарқаст миёни сабил ва сирот, Фарқи сабил ва сирот, ҳамон тваре ки дар худи Қуръон омадааст ва баъдан ояташ баҳс мешавад, сабил роҳҳое аст, ки ба роҳи мустақим ва бар ҳадафи тавҳид хатм мешавад.) чаро ки сироти мустақим яке беш нест ва уммати Пайғамбар (с) будан ва сиротҳои мустақим доштан маъно надорад, тарҳ ва барномаи он Ҳазарат (с) ҳатман дар сироти мустақим аст, уммат бояд худро аз роҳу равиши он Ҳазрат (с) ҷудо накунад, ҳарчанд ки бо роҳҳои гуногӯн онро иҷро кунанд ва аз тарҳи он Ҳазрат берун нашаванд ва ба иҷрои тарҳи душман саргарм нашаванд.

      Ихтилофи уммат раҳматаст, яъне онҳое, ки дар зери тарҳ ва ҳадафи Пайғамбар (с) қарор доранд ва дар сироти мустақим ҳастанд ва дар роҳҳо ва равишҳо ихтилоф доранд, раҳмат ва муфид аст. Ин таҳлили ҳадис метавонад бошад. Мӯъминон ва уммат агар дар сироти мустақим ва дар ҳадафи беъсати Пайғамабр (с) бо ҳам яке шуданд, ба субул (роҳҳо) роҳнамоӣ ва ҳамоҳанг мешаванд, Қуръон мефармояд:

«وَ الَّذِينَ جاهَدُوا فِينا لَنَهْدِيَنَّهُمْ سُبُلَنا... »    

     "Ва касоне, ки дар [роҳи] Мо талош карданд, ҳатман ба роҳамон ҳидояташон мекунем;" (Сураи Анкабут, ояти 69).

    Фитнагар ва тафриқаандозонро Қуръон мунофиқ медонад, оё онҳо метавонанд дар сафи уммати Пайғамбар (с) бошанд? Дар Қуръон касоне, ки иддиои уммати Пайғамбар (с)- ро мекунанд, вале ба дунболи фитна ва тафриқа дар миёни ҳамин уммат ҳастандро мунофиқ мегӯяд.

          Мунофиқон бо ихтилофафканӣ умматро аз роҳи Худо берун мекунанд, онҳо муқобили мӯъминон намеистанд ва қиём намекунанд, балки дар канор ва дар сафи онҳо қарор мегиранд, масҷид месозанд, ба хайр даъват мекунанд, вале ба дунболи тафриқаандозӣ ва ихтилофпароканӣ ҳастанд. Бархе аз муфассирон менависанд: Асли ихтилоф дар дин саранҷом ба мунофиқон хатм мешавад.( Ҷаводи Омулӣ, Тафсири Тасним, ҷ 15 саҳ 303) Инро аз оятҳо ҳам метавон ба даст овард, Қуръон дар сураи Тавба ба ин матлаб ишора кардааст, ки мунофиқон чи гуна дар миёни мӯъминон ихтилофпароканӣ мекарданд:

«وَ الَّذِينَ اتَّخَذُوا مَسْجِداً ضِراراً وَ كُفْراً وَ تَفْرِيقاً بَيْنَ الْمُؤْمِنِينَ وَ إِرْصاداً لِمَنْ حارَبَ اللَّهَ وَ رَسُولَهُ مِنْ قَبْلُ وَ لَيَحْلِفُنَّ إِنْ أَرَدْنا إِلاَّ الْحُسْنى‏ وَ اللَّهُ يَشْهَدُ إِنَّهُمْ لَكاذِبُونَ»  

      "Ва [аз мунофиқон] касоне ҳастанд, ки барои зарар расондан ва куфр варзидан ва тафриқа андохтан байни мӯъминон ва камингоҳ сохтан барои касе, ки пеш аз ин бо Худо ва Паёмбараш ҷанг кардааст, масҷиде баргузиданд; ва қатъан савганд мехӯранд, ки ҷуз некӣ қасде надоштем. Ва Худо гувоҳӣ медиҳад, ки дар ҳақиқат, онҳо дурӯғгӯ ҳастанд." (Сура Тавба, ояти 107).

      Ин гуна ҳадис таҳлил шавад итиҳодро дар миёни мӯъминон ба вуҷуд меоварад ва метавонад роҳи ҳалҳоро дар пеши чашми мо қарор диҳад, то аз тафриқа андохтан ва дар тафриқаи дигарон гирифтор шудан наҷотамон диҳад.

       Хотимаи баҳс

      Ихтилоф вақте аз уммат бошад, ки дар тарҳи Ҳазрат (с) қарор бигирад, як чизи табии аст ва хуб ҳам ҳаст, чаро ки Худо дар даруни инсон қарор додааст, Пайғамбар (с) намехоҳад салиқаҳо ва ихтилофҳои башарро аз миён бибарад, балки он Ҳазрат (с) бо вуҷуди онҳо уммати худро зери пачами калимаи тавҳид ва тавҳиди калима ва бар меҳвари барномаи ҳақ ҳидоят ва роҳнамоӣ мекунад. Ихтилоф пеш аз тафриқа аст, чизи баде нест, бояд эҳтиёт крад, ки думшан ихтилофро ба тафриқа, дугонагӣ ва дудастагӣ иҷод накунанд, то обро гилолуд кунад ва худ моҳи бигирад ва ҳадафи шумашро ба даст оварад. Ихтилоф ва гуфтугӯ воқеан ҳам раҳмат аст, ба шарте, ки дар дасти душманони қасамхӯдари дин қарор нагирад, ки ба тафриқа ва ҷудоӣ бианҷомад. Ихтилоф аз рушди истеъдодҳо ба вуҷуд меояд, вақте истеъдодҳо мутафовит ва гунонгун аст, ихтилоф ҳам ба вуҷуд меояд ва сабаби рушд мешавад, ба шарте ки, ба тафриқа кашида нашавад ва дар дасти душман дода нашавад.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст