Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Эъҷози Қуръон

  Гоҳе баъзеҳо ба Қуръон ишкол ва шубҳа мекунанд ва мегӯянд: Муъҷизаи Қуръон чӣ ҳаст, ки дар ҳамаҷо аз он сухан гуфта мешавад ва муътақидон ба он, онро китоби дорои муъҷиза медонанд?

         Бояд ба онҳо посухе дод, ки мутаносиб ба андешаи онҳо ва ҳиссӣ бошад, чаро ки ба ғайб ва бар чизҳои ғайри ҳисси ва ғайри дидани бо чашм бовар надоранд, бар ин асос бояд гуфт: Муъҷизаи Қуъон он аст, ки:

          Вақте Ҷабраӣл (а) онро аз ҷониби Худованди Мутаол ба Паёмабр (с) нозил кард, ӯ дар миёни ин ҳама фаришта бузургтарин фаришати иллоҳӣ шуд;

          Вақте бар Муҳаммад (с) нозил шуд, Паёмбар (с) беҳтарин башар ва сайиду сарвари ду ҷаҳон ва улгӯи башарият шуд;

          Вақте ба сӯи уммати Паёмбар (с) омад, онҳо дар миёни уматҳо беҳтарин уммат дар пешгоҳи Худованд шуданд;

          Вақте дар моҳи рамазон нозил шуд, ин моҳ дар миёни дувоздаҳ моҳ беҳтарин моҳ шуд;

          Вақте дар шаби қадр нозил шуд, шаби қадр беҳтарин шаб ва беҳтар аз ҳазор моҳ шуд;

          Пас агар ин Қуръон дар дилҳои мо ва шумо ҳам нозил шавад ва қалбҳоямонро пур аз нуронияти худаш кунад, чӣ хоҳад шуд!

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст