Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Худованд рӯзирасон аст

(қисмати ҳафтум)

Дар ҷомеаи мӯъминон ризқу рӯзӣ зиёд аст.

            Худованд дар Қуръон шарт ва таъкид кардааст, ки имон ва поябандӣ ба дастуроҳи динӣ боиси зиёд шудани ризқу рӯзии афрод ва ҷомеа мешавад.

«وَ لَوْ أَنَّ أَهْلَ الْقُرى‏ آمَنُوا وَ اتَّقَوْا لَفَتَحْنا عَلَيْهِمْ بَرَكاتٍ مِنَ السَّماءِ وَ الْأَرْضِ...»

         "Ва агар аҳли ободиҳо имон меоварданд ва тақво пеша мекарданд, қатъан аз осмону замин баракотеро бар онон мекушодем." (Сураи Аъроф, ояти 96)

        Қуръон таъкид мекунад, ки имон биоваред ва тақво дошта бошед, то барактҳои осмонию заминӣ барои шумо муяссар шавад. Шарти баракат имон  ва тақвои иллоҳӣ аст. Манзур аз имон эътиқод ба Худо ва Пайғамбарон (а) ва дури аз куфру ширку нифоқ аст ва манзур аз тақво парҳез аз гуноҳони бузургу  кӯчак  ва сар супурдан ба дастуроти иллоҳӣ ва амал ба аҳкоми исломӣ аст.

           Агар ҷомеае ин ду вижагиро дошта бошад (имон ба Худованди Ягона ва тақво) саодатман мешавад. Ин оят рамзи саодатмандии ҷомеаро имон ва тақвои илоҳӣ медонад. Табиатан дурӣ аз Худо ва бетақвоӣ омили сарнагун шудани ҷомеа мешавад. Манзур аз "баракот" ба чизҳое гуфта мешавад, ки поӣдор, хайри зиёди модӣ ва маънавиро шомил шавад.

             Имон ба Худо ва парҳезкорӣ амри фитрӣ барои инсон аст. Худованд дар инҷо барои ин ки баракати осмону замин барои инсон муясар шавад, аз ӯ чизе фаротар аз тавон ва ё чизи бегона барои инсон нахостааст. Дар тафсири ин оят гуфта шуда, ки "имон ба Худо" ва "тақво ва прҳезкорӣ" ҳар ду фитрӣ ҳастанд. Инсон ба фитрати худошиносву  худопарастӣ, хайрхоҳ ва гиройш ба некӣ дорад, бинобар ин, фурӯд омадан ва нозил шудани баракоти осмонӣ ва баракоти заминӣ вобаста ба пойбандии инсон ба фитрати иллоҳияш аст.

         Ширк ба Худо, ки бо фитрати инсон ҳамоҳангӣ надорад ва инҳирофе аз парастиш аст, боиси азобу бебаракатӣ дар зиндгӣ хоҳад шуд. Пас ҳифзи фитрати инсон боиси ҳифзи ҳаёти маънавӣ ва сомон бахшидан ба зиндгии модӣ мешавад. Пас бояд гуфт дури аз фитрат боиси дури аз худопарастӣ ва пайдоиши бемаънои зиндагӣ, набуди маънавият, гирифтори ва изтироб дар зиндагӣ мешавад. Инсоният ва некӣ ба дигарон мунҷар ба зиндгии маънодор хоҳад шуд. 

           Дар ин оят нуктаҳои зиёде вуҷуд дорад; аз ҷумала ин ки пешрафт ва ободӣ ва ё бадбахтии ҷомеа дар дасти худи афроди он ҷомеа аст, онҳо ҳастанд, ки бо дасти худ сарнавишташонро рақам мезанад.

«...إِنَّ اللَّهَ لا يُغَيِّرُ ما بِقَوْمٍ حَتَّى يُغَيِّرُوا ما بِأَنْفُسِهِمْ...»

         "Ба дурустӣ ки Худо он [сарнавиште]-ро ки дар қавме ҳаст, тағйир намедиҳад, то ин ки он чиро дар худашон аст, тағйир диҳанд." (Сураи Раъд,ояти11 )

        Инсони мӯъмин дар зиндагӣ бо тавакул бар Худо ҳаракат мекунад, ин ба он маъно нест, ки Худо рӯзиро мерасонад гуфта аз худ ҳеҷ ҳаракате нишон надиҳад. Худи Қуръон бар ин таъкид дорад, ки инсон бояд дар паи ризқу рӯзи бошад. Зиндагии инсони мусалмон бояд саросар аз талош бошад, то рӯзии ҳалол ба даст оварад.

«يا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا إِذا نُودِيَ لِلصَّلاةِ مِنْ يَوْمِ الْجُمُعَةِ فَاسْعَوْا إِلى‏ ذِكْرِ اللَّهِ وَ ذَرُوا الْبَيْعَ ذلِكُمْ خَيْرٌ لَكُمْ إِنْ كُنْتُمْ تَعْلَمُونَ؛ فَإِذا قُضِيَتِ الصَّلاةُ فَانْتَشِرُوا فِي الْأَرْضِ وَ ابْتَغُوا مِنْ فَضْلِ اللَّهِ وَ اذْكُرُوا اللَّهَ كَثِيراً لَعَلَّكُمْ تُفْلِحُون»

                “Эй касоне, ки имон овардаед! Ҳангоме, ки дар рӯзи ҷумъа барои намоз нидо дода шавад, пас, ба сӯи ёди Худо бишитобед ва доду ситадро раҳо кунед; ин барои шумо беҳтар аст, агар бидонед .Ва ҳангоме, ки намоз поён ёфт, пас, дар замин пароканда шавед ва аз фазли Худо биталабед ва Худоро бисёр ёд кунед, шояд шумо растагор шавед”. (Сураи ҷумуъа, ояти9)

               Ин оят талаби рӯзиро таъкид мекунад ва ба мусалмонон мегӯяд дар ҷустуҷӯи рӯзии худ бошанд, вале онро фазл ва раҳмати иллоҳӣ бидонанд, танҳо рӯзе ки мусалмонон таътил ҳастанд ва ба ибодати намози ҷӯма мераванд боз ҳам барои талаби рӯзӣ дар ин рӯз ташвиқ ва тарғиб мешаванд. Ризқи ҳақиқӣ он аст, ки василаи ободонии охирати инсон шавад. Инсони мӯъмин набояд асири ризқи худ бошад, вале набояд ҳам барои ба даст оварадни он бетаваҷҷӯҳ бошад,. Инсоне ки имон дошта бошад, аз ин ки ба касе чизе бидиҳад, бухл намеварзад ва худро рӯздиҳандаи дигарон намедонад. Мӯъмин худро танҳо василае медонад, ки ризқро ба дигари мерасонад, чун ба Худо бовар дорад. Қуръони Карим мефармояд:

«إِنَّ اللَّهَ هُوَ الرَّزَّاقُ ذُو الْقُوَّةِ الْمَتِينُ»

                “Ҳамоно Худо, Худ бисёр ризқдиҳандаи соҳибқудрати устувор аст”. (Сураи Зориёт, ояти 58)

             Худованд бар асоси вожаи " الرَّزَّاق" “раззоқ” дар ин оят мехоҳад бигӯяд, ки ба умуми бандагонаш рӯзироасон аст ва дар ин кор ҳеҷ заъфу аҷзе барояш вуҷуд надорад.

Идома дорад....

Add comment

Security code
Refresh

Ҳама ҳуқуқҳо ба сайти тоҷикон ҳифз карда шудаанд
Дар Сама тарроҳӣ шудааст