Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Худованд рӯзирасон аст

( қисмати шашум)

Имон ба Худо ва нигоҳ ба ризқу рӯзӣ дар зиндагӣ

          Исони мӯъмин ризқу рӯзиро аз ҷониби Худоманди мутаол медонад ва бар ин итминон дорад, ки Худованд рӯзияшро муқадар карда ва барояш мерасонад. Матлабе, ки дар бораи рӯзӣ лозим аст бидонем, ин аст, ки рӯзии инсон андак-андак дар тӯли зиндагияш ба ӯ дода мешавад, "ончи ки ниёзи як мудатро бароварда мекунад". Худованд агар рӯзии тамоми зиндагиро ба инсон якҷо медод, гирифтории инсон чанд баробар мешуд. Худованд намехоҳад, ки бандагонашро гирифтор ва саргардон кунад. Худованд ба инсон гуфтааст, ки имон биоварад ва тақвоӣ илоҳиро пеша кунад, рӯзияшро зиёд мекунад. Парҳезкор бошад ва ба ҳаром алоқа нишон надиҳад, Худо рӯзии ҳалол барояш мерасонад. Дар Қуръон омадааст: имон ба Худованд ва Пайғамбар (с) ва парҳезкорӣ, сабаби баҳраманди аз ду раҳмат ба инсон мешавад:

«يا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا اتَّقُوا اللَّهَ وَ آمِنُوا بِرَسُولِهِ يُؤْتِكُمْ كِفْلَيْنِ مِنْ رَحْمَتِه»

          "Эй касоне, ки имон овардаед! Аз Худо битарсед ва ба Паёмбараш имон оваред, то ба шумо аз раҳматаш ду баҳра диҳад." (Сураи Ҳадид, ояти 28)

         Дар тафсисри оят омадааст:

        Осори ин ҷуз бар зиндагии ҳақиқӣ ҳосил намешавад, зиндагии ғайри ҳақиқи баҳрае аз он намебарад. Худованд инро барои зиндагии мардуми бо имон ихтисос додааст, ки дорои амали солеҳанд. Зиндагии ҳақиқӣ ва воқеие, ки Худо онро ба касоне, ки сазовории онро дошта бошад медиҳад ва ин зиндагӣ нав ва ғайр аз зиндагӣ қаблӣ аст, ки ҳама дар он муштараканд. Танҳо ихтилоф дар маротиб аст, на дар адад, пас касе ки дорои он зиндагӣ аст, ду навъ зиндагӣ надорад, балки зиндагияш боарзиш ва равшантар ва дорои осори бештаре аст, ҳамон тавре ки рӯҳи қудсие, ки Худованди Мутаол онро махсуси Анбиё (а) донистааст, як зиндагии сеюм нест, балки дараҷаи севвуме аз зиндагӣ, ки дараҷаи болотаре дорад.

Идома дорад...

Add comment

Security code
Refresh

Ҳама ҳуқуқҳо ба сайти тоҷикон ҳифз карда шудаанд
Дар Сама тарроҳӣ шудааст