Ба номи Худо

Ҳиҷоби мазлум!

       Имрӯза рафтор ва нигоҳи бадбинона бо занони мусалмон мешавад, ки бо ҳеҷ зане аз адёни дигар намешавад. Душманони дин ба қадре дин ва диндоронро бад ҷилва медиҳанд, ки ҳатто баъзе аз мусалмонон дар асари таблиғи онҳо аз диндории худ нороҳатанд. Мазлумияти занони ҳиҷобдор дар ҷомеа комилан маълум аст, аз донишгоҳо ба хотири либоси динӣ доштан ихорҷ мешаванд, шуғл ва кори худро аз даст медиҳанд. Онҳо бояд интихоб кунанд, ки диндор бошанд ва бо либоси динӣ зиндагӣ кунанд ё нимабараҳна шаванд ва шуғли худро аз даст надиҳанд. Чи касе мазлумтар аз касе, ки ҳиҷобаш боиси беарзиши миллат ва арзишҳои кишавараш шавад? Душманони дин дар расонаҳои худ таблиғ мекунанд, ки занони ҳиҷобдор либоси бегонаро таблиғ мекунанд ва худфурӯхтаанд, дар ҳоле ки худи онҳо бо либоси аврупоӣ ва нимабараҳна дар ҷомеа ҳозир мешаванд.  

      Китоберо мутолиа кардам, ки дар бахше аз он дақиқан ба ҳамин матлаб ишора мекард ва мегуфт:

        Зани нигарон ва парешон ба ман муроҷит карда ва гуфт: Зиндагиям дар ҳоли нобудӣ аст.

       Гуфтам: Чаро чӣ шуааст?

      Гуфт: Шавҳарам бо ҳиҷоб ва сатри ман ва навъи либос пӯшиданам мухолиф аст ва аз ман мехоҳад, ки сатр ва ҳиҷобамро аз асарм бардорам ва зебоии худро напӯшонам. Аммо ман фикр мекунам ва имон дорам, ки ҳиҷоби худро ҳифз кунам, чаро ки ҳиҷоб боис ва сабаби эҳтиром ва каромати инсонии зан мешавад. Аммо шавҳарам маро таҳдид кардааст, ки агар хостаашро бароварда накунам ва ҳиҷобамро аз сарам барнадорам талоқам медиҳад.

      Ман дар ҳақиқат аз он иттифоқ (ки барои ин зан афтодааст) нороҳат шудам ва пас аз мулоқот бо шавҳараш тавонистам шавҳарашро қонеъ созам, ки дар муҷозоти ҳамсараш саросема нашавад. Ҳангоми, ки аз назди он зану шавҳар боз мегаштам аз худ пурсидам: Оё беғайратӣ ҷузви табиати баъзе аз инсонҳо бошад?

      Вақте вориди дафтари корам шудам ва ба номаҳое, ки бароям омада буд нигоҳе кардам номае, ки маро ба худ машғул ва ошуфта карда, номае буд, ки аз тарафи шаст нафар зан ва духтари донишҷӯ ва корманд зераш имзо шуда буд, дар мавриди масъалаи муҳимме, ки гирифтораш шуда буданд роҳнамоӣ мехостанд.

      Нома аз як кишвари арабӣ (мусалмон) фиристода шуда буд ва ҳамроҳ бо копияи бахшномаи идорае, ки онҳо дар онҷо машғули кор ва фаъолият буданд:

     Давлат бо таъкид аз онҳо хоста буд, ҳиҷоб ва сатри худро бардоранд ва бидуни ҳиҷоб дар сари кор ҳозир шаванд, онро барои донишҷӯёни духтар ва занони корманд дар бахши давлатӣ ва хусуси илзомӣ ва қонунӣ карданд, ки набояд сар ва соқи по ва қисмате аз оринҷҳои худро бипӯшонанд ва ба иборати дигар пӯшиши аврупои дар асри ҳозирро барояшон иҷборӣ карда буданд.

       Дар он бахшномаи идорӣ омада буд, ки донишҷӯён ва кормандони зане, ки аз анҷоми дастур ва қонун худдорӣ мекунанд, ҳамон лаҳза аз шуғли худ озод мешаванд ва касоне, ки ба ин дастур тан надоданд ва ҳиҷоби худро аз сарашон барнадоштанд, аз донишгоҳ ва кори худ берун шуданд ва бемористонҳои змёд аз вуҷуди парасторон ва пизишконе, ки талош ва кушиш мекарданд, ки ҳиҷоби худро ҳифз кунанд, ихроҷ шуданд!

        Раиси яке аз донишкадаҳои илмӣ гуфта буд: Ба назари ман духтароне, ки сигор мекашанд аз бисёре духтарони ҳиҷобдор беҳтаранд.

      Бо ин фишорҳо ва алоқамандӣ ба тамом кардани дарсҳои донишгоҳӣ баъзе аз духтарони донишҷӯ ҳиҷобашонро гирифтанд ва баъзе дигар ба хотири эҳтиром ба ҳиҷоб  ва эҳтиром ба худ дарс ва таҳсилотро канор гузоштанд.

       Мехоҳам ин мавзӯъро ба ҳамаи мусалмонон ёдоварӣ кунам, ки ҳиҷоб аз назари он ҳукумат, пӯшонидани сар ва дигар ҷои бадан будааст, на ниқобу пӯшонидани чеҳра ва сурат, яъне, он духтарони донишҷӯ мисли бъзе аз занони мусалмон ниқоб бар ҷеҳра ва сурати худ намекарданд. Аммо зоҳир шудан дар ҷомеа бо пӯшиш ва либоси динӣ барои баъзе аз ҳукуматҳо бисёр нохушоянд ва ғайри қобили таҳаммул аст ва ба дунблои он ҳастанд, ки гароиш ва майлу ангеза ба Исломро ба ҳар шакл ва ба ҳар роҳе, ки бошад аз реша хушк кунанд. Онҳое ки ин тасмими золимонаро гирифтанд, онро танҳо бо баҳрагирӣ аз фитнаҳо ва зуру фишор бар занон ва духтарони мусалмон иҷро мекунанд, аммо ҳеҷ кадом аз он ҳукуматҳо ҷурат намекунад дар мавриди ҳиҷоби занони роҳиба (занони масеҳӣ) ки либосашон мисли ҳиҷоби занони мусалмон аст, ҳеҷ чизеро ба забон биоваранд ва наметавонанд биёваранд. (Адрес, Китоби Ҳақиқати талх, саҳ 176 то 177 Муҳаммади Ғаззоли.)

ـــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــ

        Бояд пазируфт, ки ҳақиқат талх шуда аст! Чаро ки ҳамаи золимон ва ситамгарон бо тамоми вуҷуд дар муқобили дини Ислом истодаанд. Бо ҳар баҳона ба дин ҳамал мекунанд. Золимлон ва ситамгарон, бахшонома ва қонун содир мекунанд, ки ин матлаб дар дин бошад ва он набошад. Ба ҷой ин ки худ ва дастуроташонро динӣ кунанад, динро давлатӣ ва ба инҳироф мекашанд. Талх ва нороҳаткунандааш ин ҷост, ки раисҳои донишгоҳҳо ва муалимоне, ки бояд омӯзандаи арзишҳои инсонӣ, миллӣ ва динӣ бошанд, бо тасвиби чунин қавонине тарвиҷкунандаи беҳаёӣ ва беифтии занону духтарони мардум дар ҷомеа мешаванд. Магар либоси миллии кишварҳои араби чӣ ҳаст, ки занонро ба хотири дошатни ҳиҷоб аз шуғл озод мекунад? Магар либоси ҳиҷоб барои онҳо ҳам либоси бегона аст, ки баъзе аз кишварҳо ба дуруғ ҳиҷобро либоси бегона гуфта аз сари занон ва номуси мардум мекашанд ва намегузоранд, ки мусалмонон ҳиҷоб дошта бошанд? Чаро ҳиҷоб бо арзишҳои милли созгор нест, вале бараҳнагии духтарон бо арзишҳои миллӣ созгор аст? Бояд гуфт ин масъулон на ба дунболи арзишҳои миллӣ ҳастанд, балки худфурӯхтаи кишварҳои ғарбӣ ҳастанд. Чаро ва чи шудааст ки кишварҳо ҳозир мешаванд, ки бемористонҳо бе пизишку парастор шавад, вале занони ҳиҷобдор дар он кор накунанд? Чаро асосан кишварҳо ҳозир нестанд ба занони ҳиҷобдор эҳтиром бигузоранд? Магар онҳо шаҳрванд нестанд, ки бояд боварҳояшон эҳтиром гузошта шавад? Садҳо чаро бояд гуфт ва  посух дод, то инҳо равшан шавад.

        Фикр накунам ҳеҷ инсони оқиле инро бипазирад, ки ба хотири ҳифзи арзишҳои миллӣ бояд аз сари занон ҳиҷобро гирифт, магар арзиши миллӣ барои кишварҳои мусалмон нишин ин аст, ки ҳиҷоб аз сари занон гирифта шавад? Асосан нимабараҳна дар ҷомеа ҳозир шудани занон арзиши миллиро боло мебарад ва мушкилоти кишварҳоро ҳал мекунад? Бо таҳқир ва паст шумурдани боварҳои аксари ҷомеа агар арзиши миллӣ ҳифз шавад ва он кишвар боло биравад, қатъан на он арзиш миллӣ аст, ва на он миллат пешрафта ва боарзиш мешавад, ҳарчанд тамоми дунё таблиғаш кунад. Арзиши миллии мо бояд барои ҳамаи миллат арзиш бошад, на барои чанд нафар, ки даромад ва манфиаташон дар бараҳна шудани занон ва беҳуввият шудани онҳо аст. Миллат бояд бо арзиши миллии худ ифтихор кунад ва дар ҳарҷо ки бошад онро арзиш бидонад. Ҳувият ва шиносномаи як зани мусалмон ҳиҷоб ва пӯшише аст, ки Худо барои ӯ фарз кардааст. Ҳол як савол барои хонандагон: бар фарзи ин ки як миллат тамоми занонашро нимабараҳна кунад ва аз тарафе ҳам мардонашро беҳаё ва фосид кунад, оё чунин миллате боарзиш ва боэҳтиром мешавад? Оё чунин чизе  метаваонад ифтихори як миллат бошад ва дар ҳар ҷой рафт ба ин ифтихор кунад, ки тамоми занон нимабраҳна ва бараҳна шудаанд ва кӯдакон бо модарони худ зиндагӣ мекунанд, ва падари худро намешиносанд, ҳамон тавре ки дар баъзе аз кишварҳо чунин шуда ва дар ҳоли густариш аст? Ман наметавонам инро бифаҳмам, ки миллате ифтихор кунад, ки ба чунин ҷойгоҳе аз озодӣ расидааст, ки номуси миллатро бараҳна кардааст. 

Add comment

Security code
Refresh

Ҳама ҳуқуқҳо ба сайти тоҷикон ҳифз карда шудаанд
Дар Сама тарроҳӣ шудааст