‌Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Инсон дар миёни ду даъват

          Инсон дар зиндагӣ ҳамеша бо ду даъват ва ду садо рӯбарӯ аст. Даъват ба инсонияти инсон, даъват ба ҳайвоният ва пастӣ, даъват ба ҳақу ҳақиқат ва даъват ба ботил, даъват ба худшиносӣ, ки инсонро Худошинос мекунад, даъват ба худфаромӯшӣ, ки инсонро аз ҳайвон ҳам пасттар мекунад.

         وَ لَقَدْ ذَرَأْنا لِجَهَنَّمَ كَثِيراً مِنَ الْجِنِّ وَ الْإِنْسِ لَهُمْ قُلُوبٌ لا يَفْقَهُونَ بِها وَ لَهُمْ أَعْيُنٌ لا يُبْصِرُونَ بِها وَ لَهُمْ آذانٌ لا يَسْمَعُونَ بِها أُولئِكَ كَالْأَنْعامِ بَلْ هُمْ أَضَلُّ أُولئِكَ هُمُ الْغافِلُون

     "Ва ба таҳқиқ бисёре аз ҷину инсро барои дӯзах офаридем; барояшон дилҳоест, ки бо он намефаҳманд; ва барояшон чашмҳоест, ки бо он намебинанд; ва барояшон гӯшҳоест, ки бо он намешунаванд, онон монанди чаҳорпоёнанд, балки онҳо гумроҳтаранд; онон худ ғофилонанд." (Сураи Аъроф, ояти179).

    Даъват ба сӯи Худо ва даъват аз сӯи шайтон. Ҳар кадом аз ин ду даъватро пазируфтӣ ба тарафаш меравӣ, яке худшиносӣ, Худошиносӣ, растагорӣ, инсоният, биҳишт,... ва дигарӣ худфаромӯшӣ, ҳайвоният, хиёнат, пастӣ, ҷаҳанам,... вақте посухи мусбат ба ҳар кадоме аз онҳо бидиҳад, идомаи зиндагии худро бар асоси он рақам мезанад, ҳаракат ва ибтидои роҳ ҳам аз инҷо шурӯъ мешавад.

      Агар садои мунодиеро, ки аз тарафи Худо туро мехонад гӯш медод:

 «رَبَّنا إِنَّنا سَمِعْنا مُنادِياً يُنادِي لِلْإِيمانِ...»

      "Парвардигори мо! Ба ростӣ, мо нидокунандаеро шунидем, ки ба имон даъват мекард," (Сураи Оли Имрон,ояти193).

       Гирифтори шайтон намешуди, ҳол ки гӯш надодӣ ин тавр нест, ки шайтон раҳоят кунад, ӯ ҳам туро сад мезанад. Даъвати Худоро напазируфти ба ин маъно нест, ки даъвати шайтонро напазирӣ ва даъвати севумиро иҷобат кунӣ, чаро ки даъватгари севвуме вуҷуд надорад, ҳамаи даъватҳо ба яке аз ин ду хатм мешаванд, бояд яке аз ин дуро интихоб кунӣ, ҳеҷ даъвати берун аз ин ду нест. Худо туро ба тарафи роҳи рост мехонад, шайтон ба сӯи инҳироф, Худо ба сӯи саодат ва растагори роҳнамоият мекунад, шайтон ба сӯи шақоват ва бадбахтӣ, Худо ба сӯи мағфират мехонад, шайтон  ба сӯи маъсият, ту эй инсон бояд интихоб кунӣ ва барои ин интихобат биҷангӣ ва пирӯз шавӣ:

«قالَتْ رُسُلُهُمْ أَ فِي اللَّهِ شَكٌّ فاطِرِ السَّماواتِ وَ الْأَرْضِ يَدْعُوكُمْ لِيَغْفِرَ لَكم...»   

       "Паёмбаронашон гуфтанд: «Оё дар бораи Худо -офаринандаи осмонҳо ва замин- шакке ҳаст? Шуморо даъват мекунад, то баъзе гуноҳонатонро барои шумо биомурзад"(Сураи Иброҳим, ояти10).

       Худо даъватат мекунад, то наҷотат диҳад, Ӯ борҳо барои ту даъватнома мефиристад, паёмбар мефиристад, то ин ки туро биомӯрзад.

         Шайтон ҳам бекор нест, аз Худо изн гирифтааст, то инсонро гумроҳ кунад, Худованд ҳам изн ва иҷозат додааст, аммо туро эй инсон чизе додааст, ки агар бар он чанг бизани дасти шайтон ба ту намерасад. Шайтон дорад даъват мекунад, ӯ барои худ ёру нерӯ ҷамъоварӣ мекунад ва даъваташ ба бадбахтӣ ва истикбор дар муқобили Худо ва халқи Худо аст:

«...الشَّيْطانُ يَدْعُوهُمْ إِلى‏ عَذابِ السَّعِير»

          "Шайтон онҳоро ба азоби [оташи] шӯълавар фарохонад?"(Сураи Луқмон,ояти21).

       Инсон бояд андеша кунад ва бингарад, ки дорад барои шайтон ва дар лашкари шайтон фаъолият мекунад ё барои Худо ва дар роҳи Худо муҷоҳидат?

      Шаётине аз инсонҳо ва аҷинна барои ту инсон хобҳои ошуфта дидаанд, онҳо ба дунболи гумроҳӣ ва инҳирфи инсонанд, тарҳ доранд, ки башарро гумроҳ кунанд. Ҳадафдор ҳаракат мекунанд, дар пеши поят тур мегузоранд, то ба доми онҳо афтӣ, бояд туро поён бикашанд, вале замоне, ки дар ту талошу кушише диданд, ки бигӯй ман даъвти Худоро лаббайк гуфтаам ва ба садои Ӯ эъломи ҳузур кардаам ва ҳидоятӣ Ӯро пазируфтаам, на инҳироф ва гумроҳии шуморо ва ман наметавонам меҳмони шумо бошам, ҳидоят ёфтаӣ ва дар роҳи растагорӣ қадам гузоштаӣ.

        Қуръон дар бораи Ҳазрати Иброҳим (а) мегӯяд:

«فَأَرادُوا بِهِ كَيْداً فَجَعَلْناهُمُ الْأَسْفَلِينَ، وَ قالَ إِنِّي ذاهِبٌ إِلى‏ رَبِّي سَيَهْدِينِ»   

       "Ва хостанд нисбат ба ӯ макре кунанд; ва онҳоро хортарин қарор додем. Ва [Иброҳим] гуфт: «Дар ҳақиқат, ман ба сӯи Парвардигорам раҳсипорам; ба зудӣ [маро] ҳидоят мекунад." (Сураи Соффот, ояти99).

       Иброҳим (а) гуфт, ман бо ҳидояти Парвадигорам роҳ афтодаам ва ба даъвати Ӯ меравам "إِنِّي ذاهِبٌ" мақсадамро; мазҳабамро мешиносам; "إِلى‏ رَبِّي" рӯ ба даъвати Парвардигорам кардам, касе ки тарбият мекунад, ҳидоятро ҳам дар ин даъват аз Ӯ мехоҳам ва Ӯ ҳидоят хоҳад кард, "سَيَهْدِينِ".  

        Дар ин даъват Худованд ба инсон мехоҳад чизе бидиҳад ва ба дороии ӯ изофа кунад, бар хилофи шаётин, ки аз инсон чизе мегиранд, магар шаётин аз инсон чӣ мегиранд? Ва инсон чӣ дорад, ки ба онҳо бидиҳад? Шайтон худ фақире аст, ки аз дигарон медуздад, чӣ дорад, ки ба инсон бидиҳад?

         Ҳакимеро шоҳ миқдори пул дод, ки миёни фуқаро ва ниёзмандоне, ки мешиносад тақсим кунад. Ҳаким пулро гирифт ва рафт шаҳр миёни мардум гаште зад ва дубора омад назди шоҳ. Шоҳ гуфт чӣ шудааст, пулро миёни фуқаро тақсим кардӣ? Ҳаким посух дод, хайр дар шаҳр гаштам аз ту ниёзмандтар надидам. Шоҳ тавзеҳи бештар хост, ҳаким гуфт дар шаҳр вақте гашт мезадам дидам, ки сарбозҳои ту аз мардум бо зуру иҷбор пулу мол мегиранд ва барои ту меоваранд, бо худ фикр кардам, гуфтам беҳтар аст, ки инҳоро ба шумо бидиҳам, ҳатман ниёзмандтарин шахс дар шаҳр шумо ҳастед, ки чунин мекунед.

        Шайтон ҳамон подшоҳ аст, ки аз мардум бо зуру фиреб ва шайтанат пулу мол мегирад, чизе надорад, ки ба инсон бидиҳад, агар ҳам чизе дод меходад туро дар ихтиёр бигирад, касе ки даъвати Худоро пазируфта бошад, ҳамонанди ин ҳаким аз шайтон чизе намегирад ва ӯро фақиртарин ва ниёзмандтарин медонад, лутф ва раҳмашро найранг ва ҳилае медонад, ки мехоҳад бештар бигирад.

      Шайтон ҳама чизро аз инсон мегирад, ин ҳамон кореро ба инсон мекунад, ки подшоҳи тамаъкор мехост ба он ҳаким ва шахси хирадманд кунад, посух ба даъвати шайтон ҳам бояд ҳамон посухи бошад, ки он ҳаким ба подшоҳ дод. Шайтон ҳар сифати некӯе, ки инсонро бо он мешиносанд, мисли инсоният, ҳидоят онҳоро аз ту мегирад ва ба пасти ва ҳайвоният мерасонад. Шайтон бар сари роҳи инсони мӯъмин нишастааст. Қасам ёд кардааст, ки нагӯзорад  ба бандагии Худо машғули бошӣ, ӯ бо ҳар роҳе, ки шуда бошад мехоҳад, инсонро гумроҳ кунад.

«قالَ فَبِعِزَّتِكَ لَأُغْوِيَنَّهُمْ أَجْمَعِينَ* إِلَّا عِبادَكَ مِنْهُمُ الْمُخْلَصِينَ»

     "Гуфт: «Пас, ба иззатат қасам, ки ҳатман ҳамаи онҳоро гумроҳ мекунам; Магар бандагони холисшудаи Ту, аз миёни онҳо»."(Сураи Сод, оёти 82-83).

     Арзиши инсон ҳам ба ин аст, ки бо вуҷуди душмании шайтон бо ӯ мубориза кунад ва шикасташ бидиҳад, дар домаш гирифтор нашавад. Танҳо роҳи муқобила бо душмани шайтон ин аст, бидонӣ ки дар ҳақиқат шайтон душмани инсон аст, чун касе бидонад, ки шайтон душманаш аст, ба суроғаш намеравад ва даъваташро намепазирад. Кадом инсони огоҳ даъвати душмане, ки мехоҳад  ӯро гумроҳ кунад, мепазирад?

«إِنَّ الشَّيْطانَ لِلْإِنْسانِ عَدُوٌّ مُبِين»    

         "Қатъан шайтон барои инсон душмани ошкор аст." (Сураи Юсуф, ояти 5).

       Дар поён бояд гуфт: ҳамон тавре, ки гуфта шуд инсон дар миёни ду даъват аст, ба сӯи Худо ва ба сӯи шайтон. Худованд иноснро даъват мекунад, то инсон худашро пайдо кунад ва ба сӯи Парвардигори худ биравад, то инсоният ва фазилати инсониро дар худ рушд диҳад. Аммо шайтон ба сӯи кибру истикбор, пастӣ ва ҳайвоният ва шаҳватпарастӣ даъват мекунад, вале бояд таваҷҷӯҳ дошт, ки шайтон бо фиребу найранг ва шабеҳсозву шубҳаандозӣ инсонро гумроҳ мекунад. Ӯ ниқоби дилсӯзӣ ва меҳрубонӣ бар чеҳра дорад вагарна касеро наметавонад гумроҳ кунад. Посух ба даъвати шайтон бояд хирадмандона бошад, ҳамонтавре, ки ҳаким ба подшоҳ посӯх дод. Чаро ки ӯ сахт ниёзманд ба пазируфтани даъваташ аст. Агар қарор бошад даъваташро касе напазирад, ҳеҷ нерӯ ва тавоне надорад.

 

Add comment

Security code
Refresh

Ҳама ҳуқуқҳо ба сайти тоҷикон ҳифз карда шудаанд
Дар Сама тарроҳӣ шудааст