Зиндагӣ бо коронавирус

Ҷаззоб ва хонданӣ

Хатари коронавирус имрӯз дар ҳоли ҷаҳонӣ шудан аст, рӯзона ҷонҳои зиёдеро мегирад ва хонаводаҳои бисёреро доғдор дар мусибати назиконашон мекунад, ҳар инсон дар чунин шароите бояд бархе мулоҳизаҳои беҳдоштиро дошта бошад. Мо бо истифода аз роҳнамоиҳо ва иршодоти Қуръон Карим лозим аст чанд матлабро ёдоварӣ кунем ва аз Қуръони Карим вазифаҳои рӯзонаи худро бипурсем, то посухҳои худро дарёфт кунем.

Пурсиш аз мо посух аз Қуръони Карим.

Аз Қуръон пурсидам ин вирус, то кай дар миёни мо хоҳад буд?

Посух дод: «أَيَّامًا مَّعْدُودَاتٍ»"Рӯзҳои шуморидашудае" (СураиБақара,184).

Чанд мудате беш нест.

Гуфтам: Худоро шукр, ки теъдоди мубталоён ба ин бемори бисёр зиёд нест ва аз байни мубталоён маргу мир андак аст.

Гуфт: «الْآنَ خَفَّفَ اللَّهُ عَنكُمْ وَعَلِمَ أَنَّ فِيكُمْ ضَعْفًا»"Акнун Худо бар шумо сабукӣ дод ва донист, ки дар шумо заъфест;" (Сураи Анфол, 66).

Агар ин вирусро имтиҳон ва ибтило бидонем, ки ҳаст имтиҳон бештар аз ҳадди тавони инсон нестанд, Худованд дар ҳадди ҳар касе ӯро имтиҳон мекунад.

Гуфтам: Масъулини беҳдоштӣ ва мутахассисони фаннӣ барои муқобила бо ин бемории фарогир; тавсияҳо ва дастуроти вежае содир крадаанд.

Гуфт: «وَلَا يُنَبِّئُكَ مِثْلُ خَبِيرٍ»“ва монанди [Худои] огоҳ, [касе] туро хабар намедиҳад”. (Сураи Фотир,14).

Тавсияҳои онҳоро бояд таваҷҷӯҳ дошт, аммо таваккул бояд ба Худо бошад ва ҳеҷ касе инсонро ба андозаи Худо огоҳ намекунад.

Гуфтам: Дар баробари тавсияҳои беҳдоштии пазишкон чӣ кор кунем?

Гуфт:«وَاسْمَعُوا وَأَطِيعُوا»Бишнавед ва итоат кунед" (СураиТағобун, 16).

Қуръон роҳнамудаш ба ин аст, ки аз мутахассиси фан гӯш шунавӣ бояд дошт.

Гуфтам: Барои дар амон мондан аз осебҳои коронавирус чӣ кор бояд кард?

Гуфт:«وَقَرْنَ فِي بُيُوتِكُنَّ»"Ва дар хонаҳои худ бимонед" (Сураи Аҳзоб, 33).

Хонаҳо дар амнияти бештаранд, «بيُوتًاآمِنِينَ»"Хонаҳо дар амниятанд" (Сураи Ҳиҷр, 82).

Гуфтам: Гӯё роҳҳои пешгирӣ барои дар амон мондан аз ин беморӣ риояти беҳдошт аст, барои беҳдошти фардӣ чӣ кор кунем?

Гуфт: «فَاغْسِلُوا وُجُوهَكُمْ وَأَيْدِيَكُمْ»"Рӯйҳо ва дастҳоятонро бишӯед" (Сураи Моида,6)

Гуфтам либосҳоямонро чӣ кор кунем; аз либосҳои худ коронавирус немегирем?

Гуфт: «وَثِيَابَكَ فَطَهِّرْ» "Ва либосҳоятро, пас, пок соз;"(Сураи Муддассир,4)

Гуфтам: Оё ҷоӣз аст, ки бо ҳар баҳонае аз хонаҳо берун биёям ва дар ин иҷтимоъ қарор гирам?

Гуфт: « وَلَا تُلْقُوا بِأَيْدِيكُمْ إِلَى التَّهْلُكَةِ» "Ва хештанро бо дасти худ ба ҳалокат наяфканед;"(Сураи Бақара,195).

Гуфтам: Агар касеро дидем, ки табу ларз ва мушкили танаффусӣ дорад, нишонаи чист?

Гуфт: «وَهُوَ سَقِيمٌ»"дар ин ҳол ӯ бемор аст." (Сураи Соффот,145).

Гуфтам: Ҳоло ки ӯ мариз аст, пас чӣ бояд кунем?

Гуфт: «فَلَا تَقْرَبُوهَا»"пас, ба он наздик нашавед!" (Сураи Бақара,187).

Шахси мариз ба ин беморӣ шуморо ҳам мубтало мекунад, пас ақлу нақл ҳукм мекунад, ки инсон эҳтиёт кунад.

Гуфтам: Магар ин вирус чӣ гӯна аз афроди бемор ба дигарон мунтақил мешавад?

Гуфт: «تَخْرُجُ مِنْ أَفْوَاهِهِمْ» "аз даҳонашон берун меояд"(СураиКаҳф,5).

Ин вирус аз роҳи танафус аз даҳон ва бинии бемор берун меояд ва аз тариқи нафас кашидан ба дигарон мунтақил мешавад.

Гуфтам: Оё дар ин рӯзҳо метавонам ба хонаи дӯстон ва хешовандон биравам?

Гуфт: «لَا تَدْخُلُوا بُيُوتًا غَيْرَ بُيُوتِكُمْ»"Ба хонаҳои ғайр аз хонаҳои худатон ворид нашавед" (Сураи Нур,27).

Гуфтам: Оё дар ҳолати қарантина дар хонаҳо, метавонем барои харид аз хона берун биравем?

Гуфт: «فَابْعَثُوا أَحَدَكُم بِوَرِقِكُمْ هَذِهِ إِلَى الْمَدِينَةِ فَلْيَنظُرْ أَيُّهَا أَزْكَى طَعَامًا فَلْيَأْتِكُم بِرِزْقٍ مِّنْهُ»

"Пас, яке аз худро бо ин дирҳаматон ба сӯи шаҳр бифиристед ва бояд бингарад, ки кадом як аз таомҳо покизатар аст; пас, ризқе аз он барои шумо биёварад"(СураиКаҳф,19).

Гуфтам: Чаро баъзе аз мардум дастуроти пизишкӣ ва беҳдоштиро риоят намекунанд?

Гуфт: «ذَلِكَ بِأَنَّهُمْ قَوْمٌ لَّا يَفْقَهُونَ»"Ин ба сабаби он аст, ки онҳо гурӯҳе ҳастанд, ки дарк намекунанд."

Гуфтам: Мо чӣ кор кунем?

Гуфт: «وَلَا تَمَسُّوهَا» "Ва ба ӯ даст нарасонед" (Сураи Аъроф,73);«فلَا تَقْعُدُوا مَعَهُمْ»"Пас, бо онҳо манишинед"(СураиНисо,140).

Гуфтам: Оё бо риъояти қарантина ва нукоти беҳдоштӣ мушкили ин рӯзҳо ҳал мешавад?

Гуфт :«فِيهِ شِفَاءٌ لِّلنَّاسِ»"Дар он барои мардум шифост;" (СураиНаҳл,69).

Поёни баҳс ва нуктаи охир

Коронавирус балоест ҳамагир ва умумӣ, ки ҷаҳон имрӯз гирифтораш шудааст, фақиру сарватманд намешиносад, ҳамаро гирифтор кардааст. Инсон ҳам дар балоҳо ва гирифториҳо ба Худо рӯи моварад. Фитрати инсон чунин аст, ки дар гирифториҳо ба Худо паноҳ мебарад, чаро ки инсон фитратан ба қудрати болотар аз худ бовар дорад, ки ӯро дар мушкилот ва сахтиҳо кӯмак мекунад, аммо гоҳе бо иштибоҳ ва таблиғҳои нодуруст касеро ва чизеро Худои худ интихоб мекунад, ки ҳеҷ қудрат ва тавоне надорад, монанди бутпарастон, ки гирифториҳои худро ба назди бутҳо мебурданд ва аз онҳо дархости ёрӣ мекарданд. Ин ҳаракати инсон аз ду бахш ташкил шудааст, як бахш ин ки ӯ дар зоти худ Худохоҳ ва Худопараст аст, бахши дувумаш ин ки бояд бо огоҳӣ Худои ягонаро парастиш кунад, ба иштибоҳ ва дар асари бедиққатӣ фиреб мехӯрад ва бутро парастиш мекунад ва маъбудҳои дуруғинро ба ҷои Худо мепарастад.

    Маталби муҳим дар балоҳо ва гирифториҳо, ки лозим аст, диққат шавад, ин аст ки инсон дар балоҳо таваҷҷӯҳаш ба Худованд бештар мешавад ва ба Ӯ паноҳ мебарад, аммо шайтон ҳам бекор нест, марҳала ба марҳала ба дунболи инҳироф ва гумроҳ кардани инсон аст, инсоне ки дар гирифториҳо ба Худо руҷуъ мекунад, шайтон ҳам дар ҳамон бало мунҳарифаш мекунад, дар сари роҳаш нишаста аст, то гумроҳаш кунад, таваҷҷӯҳи инсонро ба балоҳо ва гирифториҳо бештар мекунад ва тарсу ҳаросро дар дилаш меандозад ва дар ниҳоят ба бало машғулаш мекунад. Инсоне, ки қарор буд ба Худо дилгарм шавад ва ба ёди Ӯ машғул шавад, дар бало машғул мешавад ва Худо аз ёдаш меравад.

Ҳамон тавре, ки инсон бояд дар офаридаҳои Худо ва дар худ бинигарад, то ба офаринанда ва Парвардигораш бирасад, аммо гоҳе дар ҳамон офаридаҳо мемонад ва Худо фаромӯш мешавад. Ҳадаф ин буд, ки аз нигоҳ ва андеша дар офаридаҳо ба вуҷуди Худо ва қудрати Ӯ пай барад, то аз банди ҳавоҳои нафсонӣ ва найрангҳои шайтонӣ раҳоӣ ёбад ва ба Худои ягона баргардад, вале дар офаридаҳо мемонад ва дар доми шайтон гирифтор мешавад. Ба гул нигоҳ мекунад, лазат мебарад аз хилқати он, аммо ба холиқи он гул, ки Худованд аст, намерасад, дар ҳамон гул мемонад, қарор ин буд, ки инсон аз андеша дар онҳо ба рушду таъолӣ бирасад, аммо кӯтоҳӣ кард ва шайтон дар ҳамон гул машғулашон кард ва ёду зикри Худо фаромӯш шуд, дар натиҷа худро ҳам фаромӯш карданд,

«وَ لا تَكُونُوا كَالَّذِينَ نَسُوا اللَّهَ فَأَنْساهُمْ أَنْفُسَهُم...»

"Ва монанди касоне набошед, ки Худоро фаромӯш карданд, пас, [Худо] худашонро аз ёдашон бурд;" (СураиҲашр,19).

Касе, ки Худоро фаромӯш кунад ҳама чизро фаромӯш кардааст, ҳатто худро. Кори шайтон ва найранги ӯ ин аст, ки инсон Худоро аз ёд барад, агар мувафақ шуд, ҳамаи чизро аз ёд хоҳад бурд. Лизо бояд таваҷҷӯҳ дошта бошем, ки инҳо моро аз ёди Худо дур накунад ва шайтон пирӯзи ин майдон нашавад.

Add comment

Security code
Refresh

Ҳама ҳуқуқҳо ба сайти тоҷикон ҳифз карда шудаанд
Дар Сама тарроҳӣ шудааст