Имом Хумайнӣ дар мавриде аз баҳси "Макосиби муҳаррама", ба ҳақиқатҳои муҳимме дар бора пайравони дигар динҳо ишора мекунад, ки нишон‏диҳандаи андешаи жарфи ӯст. Вай дар баҳси хеш, пайравони адёнро ба омӣ ва ғайр омӣ тақсим мекунад ва ме‏гуяд:
Аммо омиҳои онон, пас зоҳир аст, ки хилофи мазоҳибе, ки доранд, ба зеҳнашон намегузарад, балки онон, монанди омиҳои мусулмонон, ба дуруст будани мазҳаби хеш ва ботил будани дигар мазоҳиб қатъ (ва яқин) доранд. Пас ҳамон тавр ки омиҳои мо, ба сабаби талқин ва нашвунамо дар муҳити Ислом, ба дурустии мазҳаби хеш ва ботил будани дигар мазоҳиб илм доранд, бе ин, ки хилофи он ба зеҳнашон бигузарад, омиҳои онон низ чунин ҳастанд ва ин ду гурӯҳ аз ин ҷиҳат тафовуте надоранд. Ва касе, ки қатъ(-у яқин) дорад дар пайравӣ аз қатъи худ маъзур аст ва нофармон ва гуноҳкор нест ва наме‏тавон ӯро ба хотири ин пайравӣ азоб кард.(1)
Аз дидгоҳи имом Хумайнӣ ғайри омиҳои онон низ аз назари талқин‏пазирӣ ва ҷозим ‏шудан ба мазоҳиби ботили хеш бо авом фарқе надоранд, вале эшон маъзур нестанд. Шояд ба хотири ин, ки таклифи олим сангин‏тар аст ва ба баёни шевои ҳазрати имом Ҷаъфари Содиқ(рз), «Ҳафтод гуноҳ аз ҷоҳил бахшида мешавад пеш аз ин, ки аз олим, як гуноҳ бахшида шавад.» (Кофӣ, ҷ.1, саҳ.47)
Имом Хумайнӣ дар бораи пайравони ғайри омии адёни дигар мегуяд:
Аммо ғайр омии онон, ғолибан ба воситаи талқиноте, ки аз оғози кӯдакӣ ва нашвунамояшон дар муҳити куфр вуҷуд доштааст, ба мазоҳиби ботили хеш ҷозим ва мӯътақид шудаанд, ба гунае ки ҳар гоҳ чизи мухолифе ба онон бирасад, онро бо ақлҳои хеш, ки аз оғози нашвунамо бар хилофи ҳақ парвариш ёфтааст, рад ме‏кунад. Пас олими яҳудӣ ё масеҳӣ, монанди олими мусулмон, далелҳои дигаронро дуруст наме‏донад ва ботил будани он далелҳо барои вай монанди зарурӣ шудааст, зеро мазҳаби ӯ назди худаш зарурӣ аст ва хилофи онро эҳтимол наме‏диҳад.
Вале дар айни ҳол, набояд аз душманӣ ва таассуби бархе аз пайравони адёни ботил ғофил бимонем.
Оре, дар миёни онон касе муқассир (кутоҳӣ карда) аст, ки хилофи мазҳаби худро эҳтимол бидиҳад ва аз рӯи инод ё таассуб, далелҳои онро баррасӣ накунад, ҳамон тавр ки дар оғози Ислом, касоне дар миёни уламои яҳудӣ ва масеҳӣ чунин буданд
Имом Хумайнӣ дар охир дидгоҳи худро чунин ҷамъ‏бандӣ ме‏кунад:
Хулоса ин, ки кофирон, монанди ҷоҳилони мусулмон, бархе қосиранд (кутоҳӣ доранд, вале намедонанд) ва онон аксарият ҳастанд ва бархе муқассир (кутоҳӣ доранд ва медонанд). Ва таколиф, аз усул ва фурӯъ, байни ҳама мукаллафон аз олим ва ҷоҳил, қосир ва муқассир, муштарак аст ва куффор ба сабаби усул ва фурӯъ азоб мешаванд, вале бо иқомаи далел бар зидди онон ва на ба таври мутлақ. Пас ҳамон тавр, ки азоби мусулмонон ба сабаби фурӯъ ба маънои ин нест, ки онон хоҳ қосир бошанд ва хоҳ муқассир, иқоб ме‏шаванд, куффор низ ба ҳукми ақл ва усули мазҳаби адл дақиқан чунин вазъе доранд. (ал-Макосиб-ул-муҳаррама, Қум: нашри ал-Илмия, 1381ҳ.қ., саҳ.133)
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст