Ҳазрати Расули Худо (с) фармуд:
إنَّما أخافُ عَلی أُمَّتِی ثَلاثًا شُحًّا مُطاعًا وَ هَویً مُتَّبَعًا وَ إمامًا ضالًّا
Ҳамоно ман аз се чиз бар умматам бимнокам бухлу ҳирси итоатшуда ва ҳавои нафси пайравишуда ва пешвои гумроҳ»
1.    Фасоди иқтисодӣ: «Шуҳ» ҳолате мураккаб аз ҳирсу бухл аст яъне ҳарис шудан барои зарқу барқи дунё ва то вақте ин ҳолат дар инсон ҳаст, вале ба дунболи он ҳаракат накарда хатар надорад. Хатар вақте аст, ки «шуҳ» амалӣ шавад ва инсон барои касби ҳарчӣ бештари моли дунявӣ, талош кунад.
2.    Фасоди ахлоқӣ: Хостаи пайравишуда ҳамон шаҳвати нафсонӣ аст, ки инсон аз он фармон барад ва аз он пайравӣ кунад.
3.    Фасоди сиёсӣ: Имом ва пешвои гумроҳ ҷомеаро бархилофи ҳақ ҳаракат дода ба сӯи инҳироф ва табоҳӣ мекашонад ва решаи гумроҳӣ ҳамон ҳирсу бухл ва ҳавои нафс аст.
Туҳафулуқул, саҳ. 58
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст