Арзиши илм ва талаби он дар Ислом
Яке аз баҳсҳои муҳим ва асосӣ дар Қуръон ва дар Ислом баҳси арзиши илм ва таваҷҷӯҳи хос бар талаби он аст, ба гунае ки Қуръони Карим дар оёти зиёде аз арзиши илм ва фоида ва ташвиқи он сухан гуфтааст ва Пайғамбари Акрам(с) дар мавозеъ ва ҷойгоҳи гуногун аз илм тамҷид ва таъриф кардааст.
1)Қуръони Карим дар ин бора мефармояд:
«قُلْ هَلْ يَسْتَوِي الَّذينَ يَعْلَمُونَ وَ الَّذينَ لا يَعْلَمُونَ إِنَّما يَتَذَكَّرُ أُولُوا الْأَلْبابِ»[1]
«Эй Пайғамбар! Ба уматат бигӯ: Оё касоне, ки медонанд ва олим ҳастанд бо касоне, ки намедонанд ва ҷоҳил ҳастанд, бо ҳам мусовӣ ва баробаранд?»
Ҳақиқатан ва бешак ин тавр нест ва олим ва ҷоҳил бо ҳам баробар нестанд, балки олим аз ҷоҳил бартар аст. Дар ҳақиқат ин оят ташвиқ ба сӯи илмандӯзи ва касби маърифат ишора дорад.
2)Худованди Таборак ва Таоло дар ҷои дигар мефармояд:
«يَرْفَعِ اللَّهُ الَّذينَ آمَنُوا مِنْكُمْ وَ الَّذينَ أُوتُوا الْعِلْمَ دَرَجاتٍ وَ اللَّهُ بِما تَعْمَلُونَ خَبيرٌ»[2]
«Яъне дарҷаи боло ва баландмартаба барои касоне аст, ки имон оварданд ва касоне, ки дорои илм ва маърифат ҳастанд».
Яъне арзиш фақат барои муъминон ва олимон аст. Бар ҳамин асос Худованди Таборак ва Таоло барои мӯъминон ва илмандӯзон ҷойгоҳи хоссе дар назар гирифта ва ҳаргӯна ҷаҳлу нодониро мазамат кардааст.
3)Расули Акрам(с) дар ин бора фармудааст:
«أَكثَرُ النَّاسِ قِيمَةً أَكثَرُهُم عِلمًا وَ أَقَلُّ النَّاسِ قِيمَةً أَقَلُّهُم عِلمًا»
“Қимат ва арзиши бештари инсонҳо ба хотири илми онҳост ва бе арзиши онҳо ба хотири камбуди илми онҳост”. Яъне меъёр ва шарти асоси дар инсон, илм аст ва илм аст, ки ба инсон арзиш ва қимат медиҳад ва дар ғайри ин сурат инсон беарзиш хоҳад шуд.
4) Ҳазрати Алӣ(к)мефармояд: «قِيمَةُ كُلُّ امرِئٍ مَا يَعلَمُهُ»
“Яъне арзиш ва қимати ҳар инсоне ба андозаи илм ва маърифат ва доноии ӯст”.
5)Расули Акрам(с) мефармоянд: « خَيرُ الدُّنيَا وَ الآخِرَةِ مَعَ العِلمِ وَ شَرُّ الدُّنيَا وَ الآخِرَةِ مَعَ الجَهلِ » [3]
Хубии дунё ва охират дар илм аст ва бадии дунё ва охират дар ҷаҳл ва нодонӣ аст.
Таҳияи Юсуфи Хайруллоҳ
[1] - Сураи Зумар, ояти 9.
[2] - Сураи Муҷодала, ояти 11.
[3] - Ал‐илму вал‐ҳикмат. Муҳаммади Рейшаҳрӣ.