Мо ва ҳамаи башарият аз роҳи дур бо Паёмбари Аъзам(с) робита дорем ва бо шамоиле аз эшон ошно ҳастем.
Имом Ҳусейн(а) аз шахсияти Паёмбари Аъзам(с) тавсифе дорад, ки сабаби наздикии мо ба шинохти Паёмбари Аъзам(с) мешавад. Ӯ Паёмбари Аъзам(с)-ро беҳтар ва бештар аз мо мешиносад, чунки Паёмбари Аъзам(с)  фармуд: “Ҳусайнун миннӣ ва ано мин Ҳусайн” Ҳусейн аз ман аст ва ман аз Ҳусейн ҳастам. Яъне мо як шахсият дорем, як роҳем, як фикрем.
 Имом Ҳусейн(а) мефармояд: Паёмбари Аъзам(с)
1. “Доимулфикр” яъне ҳамеша дар ҳоли тафаккур буд. Ҳаргиз аз фикр кардан хаста намешуд.
2. “Мутавосилулаҳзон” яъне ҳамеша дар ғами ширини бовиқоре фуру рафта буд ва маълум мешуд, ғами пайваста аст. Ҳарчанд дар дилаш ғами сангин ва решадоре буд маъмулан бар лабаш лабханд ҷорӣ буд. Оё ғаме аз дарки як ҳақиқати бузург буд? Ғами мардум буд?
3. “Ва лайсат лаҳурроҳат” ҳаргиз ӯ дар роҳатӣ ва беғаму бедағдаға набуд ҳамеша дағдағаи чизе дошт.
4. “Тавилуссакт” яъне ӯ аҳли сукути тулонӣ буд.
5. “Ло ятакалламу фи ғайри ҳоҷатин” яъне ҷуз вақте ки лозим ва муфид буд, сухан нагуфт. Бинои Паёмбари Аъзам(с) бар сукут буд, магар вақте ки сухан гуфтан зарурат ва фоидае дошт ва бояд ҳақиқатеро ошкор мекард, ё аз адолат дифоъ мекард. Дар муқобили беадолатӣ ошуфта мешуд ва мушкили касеро ҳал мекард, вагарна сокит буд.
6. “Лайинун” яъне нарм ва аҳли мудоро буд, аммо дарунхолӣ набуд, дар айни ҳол тарснок набуд. Паёмбари Аъзам(с) ҳамеша дар байни мо эҳтиром ва убуҳҳат дошт, вале ҳеҷ вақт аз ӯ наметарсидем.
7. Неъмати хеле андак ҳам дар назди ӯ бузург буд.
8. Бади ҳеҷ чиз ва ҳеҷ касро намегуфт.
9. Ҳаргиз барои кори дунёӣ ва манофеи худ асабонӣ нашуд. Дар мавриди ҳуқуқи шахси худ аҳли гузашт буд, аммо дар мавриди ҳаққи Худо ё ҳаққи мардум зуд ошуфта мешуд ва мавзеъ мегирифт ва вақте ғазаб мекард хашмаш хашми шахсӣ ва моддӣ набуд, балки хашми ақидатӣ буд. Хашмаш барои ҳимоят аз мардум ва адолат буд.
10. То ботил ва зулмро ба зону намедаровард ором намешуд. Вақте хашм мекард меистод то ба ҳар қимате ҳақиқатро ба курсӣ менишонд.
11. Ҳаргиз қоҳқоҳ нахандид, аммо ҳамеша табассум бар лаб дошт. Зоҳиру ботинаш бо мардум яке буд дар пинҳону ошкор як шахсият дошт бархилофи ману мо.
12. Ҳамеша бахши муҳимме аз вақти худро ба сурати собит барои ҳалли мушкилот ва кӯмаки уммат ва мардум сарф мекард. Баъзе як мушкил ва баъзе дигар ду ё даҳҳо мушкил доштанд ва Паёмбари Аъзам(с)  барои ҳама сабр мекард.
13. “Фаяташоғалу биҳим” яъне як шуғли аслӣ дошт ва он хидмат ба мардум буд. Як инсонгаро ба маънои воқеӣ, аммо дар роҳи фикр ва ҳадафи тавҳидӣ ва илоҳӣ буд.
14. “Аблиғунӣ ҳоҷата ман ло яқдиру ало иблоғи ҳоҷатиҳ” яъне мефармуд: Садои касонеро, ки садояшон ба ман намерасад ба ман бирасонед ва ҳар кас садои дархостҳои мардумро ба масъулон ва ба ҳокимият бирасонад аҳли биҳишт аст. Ҳар кас хабари ҳуқуқи поймолшудаеро ба ҳокимон бирасонад дар қиёмат, ки пои ҳама хоҳад ларзид пои ӯ намеларзад.
15. “Кона юаллифуҳум ва ло тунаффируҳум” яъне бинои Паёмбари Аъзам(с)  бар дӯстӣ ва ҷазбу ваҳдат, муҳаббат ва улфат бо мардум буд на эҷоди нафрат.
16. “Ва юкриму карима кулли қавмин ва юваллиҳи алайҳим” яъне дар ҳар шаҳру ҷомеае ононеро, ки аҳли каромат буданд, шахсият доштанд ва назди мардум муҳтарам ва инсонҳои солиме буданд меёфт ва бар он мардум мегумошт ва ҳоким ба он шаҳру ҷомеа мекард.
17. “Кона юҳассинулҳасана ва юқаббиҳулқабиҳа” ҳар гоҳ арзиш ва зидди арзишеро медид, қатъи назар аз ин ки аз чи касе сар зада арзишҳоро пос медошт ва дар баробари зидди арзишҳо мавзеъ мегирифт. Баррасӣ  намекард, ки ин кори хубро қавму хеш ва дӯсту рафиқи мо карда ё дигаре то баъд аксуламал нишон диҳад, балки ҳар ҷо ва аз ҳар кас амали дурусте медид вокуниши дуруст нишон медод ва ташвиқ мекард “юқаввиҳи” онро тақвият мекард ва аз ҳар кас агарчи аз наздикони худаш хато ё хиёнат ва амали зиште ва мункаре ва сӯиистифода ва беадолатӣ медид мавзеъ мегирифт. “кона юқаббиҳу” онро тақбиҳ мекард ва “юҳаввину” ва онро хор медошт.
18. “Муътадилуамр” яъне аҳли эътидол дар кор буд дар ҳеҷ коре аҳли ифрот ва тафрит набуд. Бо фазилаттарин афрод назди Паёмбари Аъзам(с) касе буд, ки беш аз ҳама ба мусулмонон ва мардум хидмат мекард. Ҳар кас ба мардум хидматгузортар буд шаъну эҳтиромаш назди эшон бештар буд. Медид, ки чи касе бештар ба мардум махсусан ниёзмандон хидмат мекунад, ӯро бештар такрим мекард ва бузург медошт. Меъёраш барои наздикӣ ва дурии афрод хидмат ба мардум ва мусулмонон буд.
19. Беҳтарин ҷойгоҳро назди Паёмбари Аъзам(с) касоне доштанд, ки беш аз ҳама бо мардум мувосот доштанд. Мувосот яъне мардумро дар фоидаву шодии худ шарик кардан ва дар ғаму мушкилоти мардум шарик шудан аст. Ҳар як аз шумо, ки ба мардум наздиктар аст ва дар мушкилот ва мусибатҳо дар канори мардум аст ва ба онҳо кӯмак мекунад назди ман азизтар ва муҳтарамтар аст.
20. “Ман саалаҳу ҳоҷатан лам ярҷиъ илло биҳо ав бимайсурин миналқавл” ҳар кас ба назди Паёмбари Аъзам(с) мерафт ва аз ӯ чизе ё кӯмаке мехост, муҳол буд, ки беҷавоб ва бо дасти холӣ баргардад. Паёмбари Аъзам(с) агар дошт медод ва агар надошт ӯро бо суханони зебо бадрақа мекард аз ӯ узр мехост, ба ӯ оромиш медод ва тавре сухан мегуфт, ки аз додани он чиз ҳам назди он фард азизтар буд. Ҳеҷ кас аз пеши Паёмбари Аъзам(с) нороҳат берун намерафт. Ҳатто душманонаш вақте назди эшон мерафтанд ва дар ҳузураш мемонданд вақте берун мерафтанд наметавонистанд аз ӯ нафрат дошта бошанд.
21. “Ва сора лаҳум абан” барои мардум падар буд.
22. “Ва сору индаҳу савоъ” ҳамаи мардум беистисно дар чашми ӯ баробар буданд. Баро ҳеҷ кас бедалел эҳтироме беш аз бақия ё беэҳтиромӣ қоил намешуд.
23. “Тасвиятунназари валистимоъи байнанноси” ҳатто нигоҳаш байни мардум баробар мечархид ва ба суханони афрод ба тарзи баробар гӯш медод то ин ҳад бар ҳуқуқи башар таъкид ва диққат доштанд. Ҳатто ҳаққи нигоҳ кардан ба ӯ ва ҳақ гӯш додан ба суханонаш. Муҳол буд, ки бедалел ба касе ду баробари дигарӣ нигоҳ кунад ва ё ба ҳарфҳои касе бо иштиёқ гӯш кунад ва ба суханони дигарӣ бедалел. Асҳоби эшон мегуфтанд, ки Паёмбари Аъзам(с) ба гунае бар суханони мо гӯш месупурд, ки мо фикр мекардем эшон истифода мекунад ва мо аҷаб нуктаи ҷолибе гуфтем, яъне гумон мекардем, ки чизе намедонист ва акнун тавассути мо доно мешавад ҳатто дар гӯш додан ба суханони касе иҷоза намедод, ки гӯянда таҳқир шавад. Вақте касе фикр мекард сухани муҳимме мезанад чунон бо диққат ва ҷиддият ба суханонаш дил медод, ки ӯ хиҷолат накашад.
24. Маҷлиси Паёмбари Аъзам(с) маҷлиси ҳилм, ҳаё, сидқ ва амонат буд. Дар ҳузури ӯ ҳеҷ вақт садо баланд намешуд дар маҷлисе, ки Паёмбари Аъзам(с) ҳузур дошт ҳама мутаодил буданд. Ҳама бар асоси тақво сухан мегуфтанд ҳама мутавозеъ буданд ва ҳама ба бузургтарҳо ва солхурдаҳо эҳтиром мегузоштанд ва бо хурдсолон бо меҳрубонӣ бархурд мекарданд. Ва ниёзмандонро бар худ муқаддам медоштанд. Ва муҳол буд, ки одами бегона ва ношиносе вориди маҷлис шавад ва Паёмбари Аъзам(с)  ба эҳтироми ӯ баланд нашавад ва ҷамъият ҳам таҳти таъсири таолими Паёмбари Аъзам(с) нисбат ба ӯ беэътино бошанд.
25. Муҳол буд аз канори фарди ношинос ва бегонае бетафовут бигузарад, балки ҳатман эҳтиром ва ҳуқуқашро ҳифз мекарданд. Ҳатто агар худаш намедонист. Вақте як ғариб вориди ҷамъ мешуд, худро ғариб эҳсос намекард. Дар айни ҳол ки Паёмбари Аъзам(с) дар дил ғами пайваста дошт ҳамеша шодӣ дар чеҳрааш буд. Шодӣ барои мардум лабханд бар лаб, аммо ғам ҳамеша дар дилаш буд бо он ғами дарун зиндагӣ мекард ва дар берун бо мардум бо лабханд рӯбарӯ мешуд. Чеҳраи Паёмбари Аъзам(с) шод буд, абрӯ гиреҳ намекард, магар онгоҳ ки беадолатӣ ё мункареро медид.
26. “Саҳлулхулқ” хеле осон ва роҳат мешуд бо ӯ робита барқарор кард.
27. “Лайса бифаззин ва ло ғализин” хашин ва тундхӯ набуд.
28. “Ва ло фаҳҳошин ва ло айёбин” ҳаргиз фуҳшу дашном ба лаби ӯ ҷорӣ нашуд, айбгир набуд ва айби мардумро дунбол намекард.
29. “Ва ло маддоҳин” дар айни ҳол маддоҳ ва аҳли муболиға дар таърифи афрод набуд.
30. “Ва ло ятанозаъуна индаҳу ҳадисун” Вақте сухан мегуфт ҳама сокит буданд гӯё парандае рӯи сарашон нишаста бошад, то як калима аз суханони Паёмбари Аъзам(с) –ро аз даст надиҳанд.
31. Паёмбари Аъзам(с) ин адабро ба онҳо омухта буд, ки ҳар кас сухан мегӯяд ҳама саропо гӯш кунанд то вақте суханаш тамом шуд изҳори назар кунанд. Ин шахсияти бузурге, ки таърихро такон дод ва бояд эшонро конуни офариниш номид.

Add comment

Security code
Refresh

Ҳама ҳуқуқҳо ба сайти тоҷикон ҳифз карда шудаанд
Дар Сама тарроҳӣ шудааст