Паёмбари Худо(с) дар яке аз рӯзҳои охири моҳи Шаъбон ва дар остонаи моҳи Рамазон хитобҳои муҳимме ирод фармуданд.

Ҳазрати Алӣ(к) фармуд: Яке аз рӯзҳои охири моҳи Шаъбон ва дар остонаи моҳи Рамазон Паёмбари Худо(с), хитобе ба мо, хутбаҳои муҳимме хонд, ки мазмунаш чунин аст:

1.Эй мардум, моҳи Худо, ҳамроҳи баракат ва раҳмат ва омурзиши гуноҳон ба шумо рӯй оварда аст.

2.Моҳе аст, ки аз ҳамаи моҳҳо арзишмандтар ва бо фазилаттар аст.

3.Рузҳояш арзишмандтарин рӯзҳост.

4.Шабҳояш бо фазилаттарини шабҳост.

5.Соатҳояш аз ҳамаи соатҳо арзишмандтар ва арҷмандтар аст.

6.Моҳе аст, ки шумо ба меҳмонии Худо даъват шудаед.

7.Ва Худо шуморо дар ин моҳ гироми дошта аст.

8.Нафасҳои шумо дар моҳи Рамазон тасбеҳ аст.

9.Ва хобатон ибодати Худост.

10.Ва амали шумо мавриди қабули даргоҳи Худост.

11.Ва дуоятон дар ин моҳи азиз мустаҷоб аст.

12.Бо ниятҳои дуруст ва дили пок, хостаҳоятонро аз Худо бихоҳед.

13.Ва бихоҳед, ки шуморо дар ин моҳ ба гирифтани рӯза тавфиқ диҳад.

14.Ва низ ба тиловати Қуръон муваффақ созед.

15.Инсони шақи (гунаҳкор) касе аст, ки дар ин моҳ мавриди бахшиш ва омурзиши Худо қарор нагирад.

16.Бо гуруснаги ва ташнаги ин моҳ, ба ёди гуруснаги ва ташнагии қиёмат бияфтед.

17.Ва ончи, ки шуниданаш бар шумо ҳалол нест, гуш нанамоед.

18.Дар моҳи Рамазон ба бузургонатон эҳтиром кунед.

19.Ва ба кудакон ва афроди майдатар, аз ҳеҷ муҳаббате дареғ наварзед.

20.Дар ин моҳ бештар силаи раҳим намоед.

21.Забони худро аз гуфтори нописанд ва зишт нигаҳдоред.

22.Ва аз ончи Худо бар шумо ҳалол накарда аст, чашмонатонро бибандед.

23.Ва ончиро, ки шуниданаш бар шумо ҳалол нест, гуш нанамоед.

24.Ва ба ятимон меҳру муҳаббат кунед то бар ятимони шумо меҳр варзанд.

25.Ва аз гуноҳонатон тавба кунед.

26.Ба ҳангоми намоз, ду дасти худро ба дуо ба пешгоҳи Худо баланд кунед.

27.Чи онки аз он лаҳза беҳтарин лаҳзаҳост.

28.Худованд дар он лаҳза бо меҳру муҳаббат ва лутф бар бандагон менигарад.

29.Ва агар аз ӯ дархост кунанд, ҷавоб медиҳад.

30.Ва вақте ӯро бихонанд, лаббайк мегуяд.

31.Ва дуои ононро иҷобат мекунад.

32.Эй мардум! Ҷонатон дар гарви аъмоли шумост, бо талаби мағфират аз Худо, озодаш кунед.

33.Ва шонаҳои шумо аз визру ваболи гуноҳ ва зиштии сангини мекунад, бо саҷдаҳои тулони, он визру ваболро сабук кунед.

34.Бидонед, ки Худованд ба иззати худ қасам ёд карда аст, ки намозгузорон ва саҷдакунандагонро азоб накунад.

35.Эй мардум! Ҳар касе аз шумо рузадорони муъминеро ифтор диҳад, чунон аст ки гуё бандаеро озод карда ва Худованд аз лағзишҳои гузаштааш мегузарад.

36.Яке арз кард! Эй Расули Худо(с), ҳамаи мо қудрати ифтор додан ва сер кардани шиками дигаронро надорем.

37.Паёмбар фармуд: Бо каме хурмо ва миқдоре об, оташро аз худ дур кунед.

38.Эй мардум! Агар касе дар ин моҳ ахлоқи худашро неку ва ислоҳ кунад, иҷозаи убур аз пули сирот барои ӯ хоҳад буд.

39.Ва он касе, ки адр ин моҳ бар зердастони худ осон гирифта ва сахгири накунад, Худвоанд ҳисобро бар ӯ осон мегирад.

40.Ва касе, ки дар ин моҳ мардум аз шарраш дар амон бошанд, Худованд дар қиёмат ғазаби худро аз ӯ боз медорад.

41.Ва касе ки ятимеро навозиш намояд, дар қиёмат мавриди навозиши Худованд хоҳад буд.

42.Ва касе ки силаи раҳим кунад, Худованд раҳматашро дар қиёмат бар ӯ фуру мефиристад.

43.Ва касе ки қатъи раҳим кунад, Худованд раҳматаршро дар қиёмат аз ӯ дур дорад.

44.Ва касе, ки як намози мустаҳабби ба қасди итоат ва бандаги ба ҷо оварад, Худованд бароати озоди аз оташи ҷаҳаннамро барои ӯ содир мекунад.

45.Ва касе ки як воҷибро анҷом диҳад савоби 70 воҷиб ба ӯ дода мешавад.

46.Ва касе ки ин моҳ бар ман зиёд дуруд фиристад, Худованд каффаи тарозуи амали неки ӯро дар қиёмат сангин мекунад.

47.Ва касе ки як оят дар ин моҳ аз Қуръон тиловат кунад, подоши як хатми Қуръонро хоҳад дошт.

48.Эй мардум, дарҳои биҳишт дар ин моҳ боз аст, аз Худованд дархост кунед ки онро бар рӯи шумо набандад.

49.Ва дарҳои ҷаҳаннам бар рӯи шумо баста аст, аз Худованд бихоед ки онро бар рӯи шумо нагушояд.

50.Ва Шайтон дар ин моҳ дар ғилл ва занҷир аст, аз Худованд бихоҳед, ки онро бар шумо мусаллат накунад.

51.Ҳазрати Алӣ(к) гуфтт: Аз ҷо бархостам ва арз кардам: Эй Расули Худо(с), кадом амал дарин моҳ арзишмандтар аст?

Фармуд: Эй Аболҳасан, арҷмандтарин амал дар Рамазон он аст, ки инсон аз ончи Худо ҳаром карда аст, дури ҷуяд. Онгоҳ гиря кард. Арз кардам: Чи чизе боиси гиряи шумо шуд?

Фармуд: Алӣҷон, гиряи ман барои ин аст, ки дар ин моҳ дар ҳоле ки ба намоз истодаи фарқи сарат ба дасти шақитарин инсон шикофта мешвад ва маҳосини шарифи ту хазоб мегардад.

Ҳазрати Алӣ(к) арз кард: Эй Расули Худо(с), оё дини ман солим аст?

Расули Худо(с) фармуд:Бале, дар саломати комили дини қарор дори.

52.Сипас фармуд: Ё Алӣ, қотили ту, қотили ман аст ва касе ки бар ту ғазаб кунад бар ман ғазаб карда аст.

53.Ва касе ки ба ту дашном диҳад ба ман дашном дода аст, ту барои ман ба манзилаи ҷони ман ҳасти, руҳи ту аз руҳи ман аст ва тинати ту аз тинати ман аст.

Биҳор, ҷ 96, саҳ 157.

Добавить комментарий

Защитный код
Обновить

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст