Худои субҳон мефармояд: Ва ёд кун ҳангомеро ки аз бани исроил паймон гирифтем ки ҷуз Худоро напарастед ва ба падар ва модар ва хешовандон ва .... неки кунед.[1]

Паёмбари Акрам(с) фармуд: Оё шуморо ба бартарин инсонҳои дунё ва охират аз назари ахлоқ роҳнамои накунам? Гуфтанд: Оре. Фармуд: Касе аст ки

бо қатъкунанда пайванд бо вай, бипайвандад.

 

Силаи раҳм назди Худои субҳон чунон муҳим аст ки онро аз ҷиҳати подош сареътарин ибодат қарор дода ва афзун бар подоши ухрави, подоши дуняви ва зудҳангом барои он муқаррар дошта аст; ба гунае ки хонадони гунаҳкор ҳам бо риояти силаи раҳм миёни худ, дорои онҳо фузуни меёбад ва бо неки ба якдигар бар умрашон афзуда мешавад.

Дар ривояти дигаре дар бораи аҳамияти он аз имом Ризо(а) нақл шуда ки Хуо се чизро қарини се чиз сохт: Ба намоз ва закот фармон дод, пас ҳар кас закот напардозад намозаш пазируфта нест ва ба шукри Худо ва волидайн амр кард, пас ҳар кас шукри волидайнро ба ҷо наёвард  шукри Худо накарда аст ва ба тақвои илоҳи ва силаи раҳм фармон дод, пас  ҳар кас силаи разм накунад тақвои илоҳиро риоят накарда аст.

Расули Худо(с) фармуд: Ҳамаи умматамро аз ҳозир ва ғоиб ва ба онон ки то рузи қиёмат дар сулби мардон ва раҳими занон ҳастанд суфориш мекунам ба силаи раҳм, агарчи як сол роҳ (миёни онон фосила ) бошад ва ин аз дини ислом аст.

 


[1] Сураи Бақара, ояти 83.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст