Ибодат ва парастиш ба се наҳв қобили тасаввур аст; 1. Ибодати омиёна, 2. Ибодати оқилона, 3. Ибодати ошиқона.

Ибодати омиёна

Ибодати омиёна он аст ки инсон аз худованди мутаол тасвире дорад ки бисёр ваҳшатнок хашин ва мухолифат бо ин мавҷуд бисёр оқибатҳои бад дорад зеро ки ӯ хеле қудратманд аст ва касе дар муқобилаш наметавонанд чизе бигӯяд. Да ибодати омиёна худо ибодат мешавад ба хотири ин ки ӯ бисёр мавҷуди хатарнок аст ва бо ӯ мухолифат карда намешавад чаро ки агар худо хашмнок шавад ҳамаро равонаи ҷаҳаннам мекунад. Ба ҳамин хотир ман ӯро ибодат мекунам то аз ибодати ман хушаш биёяд ва манро ба биҳишт бибарад. Дар муқобил ба ин хотир гуноҳ намекунад ки мабодо хашмнок шавад ва манро равонаи ҷаҳаннам кунад.

Ибодати оқилона

Ин навъ ибодат махсуси касонест ки зеҳнҳои таълимёфтае доранд ва ончи ки аз таклиф ва дастурҳое ки аз тарафи худо нозил мешавад лутфи худованд ба бандагонаш аст. Савоб ва азобҳо ҳам низ тобеи қонун аст. Биҳишт ва ҷаҳаннам тобеи аъмоли мо ҳастанд. Ин мо ҳастем ки биҳишт ва ҷаҳаннамро бо худ ҳамл карда ва ба қиёмат мебарем. Агар аъмоламон дар дунё хуб буд бароямон биҳишт омода шудааст ва дар интизори мо ҳаст ва мо ҳатто дар дунё онро эҳсос мекунем вале дар қиёмат онро ба рӯшанӣ мебинем. Дузах низ ба воситаи аъмоли мо мебошад, зеро тибқи қонунҳои ҳастӣ ва ақлу фаҳми мо дар ин ҷаҳон, ин аст ки масалан агар касе аз макони баланде биафтад ва устухони пояш бишканад ва ин шахс аслан аҳаммияте ба пои шикастаи худ надиҳад ва ё дер аҳаммият бидиҳад ё бояд нисфи пояшро бибуранд ва ё он шикастагии по ӯро ба ҳалокат бирасонад, қонуни ҳастӣ ҳаминро мефаҳмонад.

Пас мо худоро ба ин хотир ки ақли мо ва қонуни ҳастӣ ба чунин ибодате ҳукм мекунад.

Ибодати ошиқона

Аммо ибодати ошиқона, дар воқеъ ҳамон ибодати қисми дуввум аст, аммо бо изофа кардан ва дамидани рӯҳ дар он робита ва қонуни ҳастӣ. Дар ин қисм, робита миёни Худо ва бандааш, робитаи ошиқ ва маъшуқ аст. Дар ин намуд, ибодати шахси ибодаткунанда, таклифҳо ва он чизҳое, ки Худо фармуда, бояд ба он амал кунӣ беҳтарин дастур аст, на ин ки заҳмат ва машаққат бошад, зеро замоне ки маъшуқ ба ошиқи худ роҳи расидан ба худашро нишон диҳад, ин беҳтарин ҳадия аст барои ошиқ.

Дар ин қисм аз ибодат, субҳи зуд баланд шудан ва намоз хондан, як моҳ рӯза доштан, кӯмакҳои молӣ кардан ба фақирон, закоти моли худро додан ва ғайра, инҳо дигар заҳмат ва машаққат нест, балки беҳтарин ҳадия ва лутфу марҳамат ва бузургвории ҳазрати маъшуқ аст.

Дар ин қисм аз ибодат, агар маъшуқ ба бандааш таклифе надиҳад ва ӯро бигӯяд, ки ту озод ҳастӣ ҳар коре, ки дилат меоҳад анҷом деҳ! Ман барои ту ва барои саодати ту ва барои растдани ту ба ман, худам чора ва барномае мушаххас накардаам, ту худ ихтиёр дорӣ, ки ҳар коре анҷом бидиҳӣ!

Агар интавр бошад, бузургтарин зулмро дар ҳаққи бандааш намуда аст, зеро бузургтарин зулми маъшуқ ба ошиқ ин аст, ки ба ӯ таваҷҷӯҳе накунад ва меҳру муҳаббати ӯро ба нисбати худ нодида бигирад.

Дар ин қисм аз ибодат, азоб ва ҷаҳаннам ҳам чизе нест, ҷуз дурӣ аз маъшуқ ва назар кардани ӯ ба ошиқ ва дилбохтаи худ. Бузургтарин азоб дар ин қисм он аст, ки Худо ба ӯ нигоҳ накунад ва таваҷҷӯҳе ба ӯ надошта бошад. Ин худ сахттарин азоб аст, ки ба банда мерасад ва ин азоб аз дарун шуълавар мешавад, на аз берун.

Агар бихоҳем ин се қисм аз ибодатро бо мисоле баён кунем ин гуна мешавад, ки подшоҳе хони пурнеъмате омода кардааст ва ҳамагонро ба меҳмонӣ даъват кардааст. Меҳмононе, ки дар сари ин суфра ва хони бузург меоянд, ба се қисманд; як қисми онҳо ба хотири тарс аз подшоҳ ҳузур пайдо мекунанд ва қисм дигар, ба ин хотир ширакат мекунанд, ки дар ин суфра тамоми неъматҳо вуҷуд дорад, дар воқеъ барои майл кардан омадаанд. Аммо қисми севвум аз меҳмонон, на аз тарси подшоҳ ва на барои хурдан ҳозир шудаанд, балки барои ин ширкат кардаанд, ки подшоҳ ба мо таваҷҷӯҳ намуда ва моро лоиқи хони худ дониста, лизо мо ширкат мекунем ва сари суфраи ин подшоҳ ҳозир мешавем. Мо на тарс дорем ва на тамаи хурдан, балки муштоқи дидори подшоҳ ҳастем, ҳамин, ки ба мо таваҷҷӯҳ намудааст барои мо кофист.

Тоҷикон

 

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст