Тиловати Қуръон, мояи оромиши дилҳо

Паёмбари Акрам (с): “Бо Қуръон бошед ва онро барои худ пешво ва раҳбар бигиред; зеро Қуръон сухани Парвардигори оламиён аст; Парвардигоре, ки Қуръон аз ӯст ва ба сӯи ӯ бозмегардад...” (Канзул уммол: 1/515).

Гузашта аз ин ки Худованди Мутаол мӯъминонро ба хондани Қуръон ҳамроҳ бо таадаббур ва тафаккур даъват карда ва бо тадаббур дар оятҳои ин китоби осмонӣ аст, ки одамӣ пай ба мӯъҷиза ва осмонӣ будани он мебарад, (гузашта аз ин), худи қироати Қуръони Карим, ҳатто барои касоне ки огоҳ ба забони арабӣ нестанд, оромбахш аст; барои мӯъминин оромии хос, руҳи тоза ва нашоти вижае мебахшад.

Иллаташ ҳам ин ҷост, ки Қуръон каломи Худост, ва ҳар ончи аз Худост ва мутаалллиқ ба ӯст, зикри он, мояи оромиш аст. “Огоҳ бошед, ки дилҳо танҳо ба ёди Худо ором гирад!” (Раъд, 28). Ва ёди Худо ҳам, фақат ин нест, ки мо дар нӯки забон исми Худоро ҷорӣ созем, балки ёди Худо, яъне бо тамоми вуҷуд рӯ кардан ба Худост, хештанро дар маҳзари Худо дидан аст; зеро олам маҳзари Худост. Ӯ Таоло, ки офаридгори мост, чизе аз ӯ пӯшида нест, ӯ мебинад, ӯ Таоло ҳатто аз худи мо ба мо наздиктар аст. Бинобар ин, маҳол аст, одамӣ дар ёди Худо бошад, аммо муртакиби амале бишавад, ки мавриди писанди ӯ Таоло нест. Оё мумкин аст, шумо дар маҳзари падари худ истода бошед ва иқдом ба амале намоед, ки падари шумо аз он розӣ нест? Аз ин рӯ, агар касе иддао кунад, ӯ ба ёди Худост, вале бибинед, коре аз ӯ сар мезанад, ки Худо аз он розӣ нест, ӯ дурӯғ мегӯяд. Касе ки дар ёди Худост, намозаш тарк намешавад; касе ки дар ёди Худост, дурӯғ намегӯяд, тӯҳмат намебандад, ғайбат намекунад, ситам намекунад...

Пас, ёди Худо, бо тамоми вуҷуд рӯ овардан ба Худост, ва ҳар гоҳ одамӣ ба ин маъно ба ёди Худо бошад, дилаш ором мегирад. Ва аммо ин ки чаро танҳо ба ёди Худост, ки дили банда оромиш меёбад, посухи ин пурсиш замоне бароямон рӯшан мешавад, ки бидонем, инсон расидан ба камолро барои худ хушбахтӣ ва саодат дониста ва фикр мекунад, агар ба камол бирасад, дилаш ором хоҳад гардид. Масалан, илму огоҳӣ, як камол аст барои инсон, қудрат ҳам барои ӯ як камол маҳсуб мешавад, ҳаёт ҳам инчунин, ва бинобар ин, фикр мекунад (ва дуруст ҳам фикр мекунад), ки агар ҳарчи бештар бидонад яъне агар олимтар бошад, саодатмандтар аст, ҳамчунин агар аз заъф ба сӯи тавоноӣ ва қудрат як пилла болотар пой ниҳад, дилаш оромтар мегардад.

Аммо, ҳамин ки огоҳтар ва олимтар ва ё тавонотар ва қавитар гардид, хештанро чунин меёбад, ки надонистаҳояш бештар аз донистаҳояш ҳастанд, заъфаш бештар аз тавоноиҳоест, ки мехоҳад ба онҳо бирасад, яъне ҳанӯз дилаш ором намегирад, аз ин рӯ, боз ҳам талош мекунад, ки огоҳтар гардад, тавонтар шавад, ва дар ин ҳаракат (ҳаракат ба сӯи камол, ки дар фитрати ӯ ниҳода шуда), дар як нуқтаи муайян дили худро ором намебинад.

Яъне, инсон агар толиби огоҳӣ аст, толиби огоҳии мутлақ ва бениҳоят аст, ва агар толиби қудрат аст, хоҳони қудрат ва тавонии бениҳоят аст, агар толиби ҳаёт аст, толиби ҳаёти ҷовидон ва абадӣ аст, агар толиби бениёзӣ аст, хоҳони бениёзии мутлақ аст, ва хулоса, як нуқтаи муайяне нест, ки дар он хештанро саодатманди тамом ва комили тамом биёбад.

Рози ин нукта ҳам ин ҷост, ки мо фитратан камолҷӯ офарида шудаем ва тоза, камоли мутлақ ва бениҳоятро мехоҳем, ва то замоне ки ба камоли мутлақ ва бениҳоят даст наёбем, ҳаргиз хештанро ором нахоҳем ёфт. Камоли мутлақ ва бениҳоят, ҷуз зоти офаридгор нест; ӯст огоҳ ва олими мутлақ, ӯст қодир ва тавонои мутлақ, ӯст зиндае, ки нобудӣ ва адам дар ё роҳ наёбад, ӯст бениёзе, ки ҳама ба ӯ ниёзманд ҳастанд, аммо ӯ бениёзи мутлақ аст...

Яъне, Худованд моро чунин офарида, ки нохудогоҳ ба дунболи ӯйем, аммо худ огоҳ нестем. Ӯ моро чунин офарида, ки то ба ӯ нарасем, ором нагирем. Ӯ моро чунин офарида, ки то ба ӯ нарасем, хештанро саодатманд ва хушбахт намбинем: “Эй одамӣ! Ҳамоно ту ба сӯи Парвардигори худ сахт кӯшанда ва равандаӣ, пас ӯро дидор хоҳӣ кард.” (Иншиқоқ, 6).

Ҳамин ҷост, ки бо хондан ва тиловати Қуръони Карим, барои одамӣ оромиш даст медиҳад; зеро рӯи худро ба сӯи касе оварда ва ба зоте такя карда ва умеди худро ба касе баста, ки офаридгори ӯст, зоти мутлақ аст. Паёмбари Акрам (с) мефармоянд: “Қуръон мояи бениёзӣ аст, ки пас аз он фақре нест ва бидуни Қуръон бениёзӣ нест.” (Алмуъҷамул кабир: 1/255).

Ва дар ҷое дигар мефармоянд: “Бо Қуръон бошед ва онро барои худ пешво ва раҳбар бигиред; зеро Қуръон сухани Парвардигори оламиён аст; Парвардигоре, ки Қуръон аз ӯст ва ба сӯи ӯ бозмегардад...” (Канзул уммол: 1/515).

Оре, Қуръони Карим, аниси кунҷи танҳоӣ ва мояи оромиши дил аст; агар мусибате гиребонгирамон шавад, хондани ин китоби осмонӣ мояи таскини қалби ҷареҳи мо хоҳад шуд, агар дар ҷое роҳамонро гум кунем, тиловат ва қироати Қуръон бароямон роҳ нишон хоҳад дод. Пас, бикӯшем хондани Қуръон биёмӯзем. Агар ба маъонии он низ пай бурдем, ки нурун ало нур, аммо агар имкони огоҳӣ ба маъонии он надорем, бо ёдгирии ҳуруфи арабӣ, хондани Қуръон биёмӯзем.

Сайидюнуси Истаравшанӣ

кимиёи саодат

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст