Моҳи Рамазон солрӯзи шаҳодати ҳазрати Алӣ ибни Абӯтолиб (к)
Ҳазрати Алӣ(к) дар соли сиюми Омулфил даҳ сол пеш аз беъсат дар дохили хонаи Худо (Каъба) ба дунё омад.
Падари он ҳазрат Абӯтолиб ибни Абдулмуталлиб ибни Ҳошим бузурги Бани Ҳошим ва амакии Пайғамбари Акрам(с) буд ва Пайғамбари Акрам(с)-ро сарпарастӣ намуда дар хонаи худ ҷой дод ва бузург кард. Пас аз беъсат низ то зинда буд, аз Расули Худо(с) дар муқобили мушрикони Қурайш дифоъ намуд. Модари он ҳазрат Фотима бинти Асад ибни Ҳошим буд.
Баъд аз шаш солагӣ он ҳазрат дар асари қаҳтие, ки дар Макка ва атрофи он пеш омад, Паёмбари Акрам(с) ӯро ба хонаи худ оварда сарпарастӣ намуд ва парвариш дод.
Пас аз чанд сол ҳазрати Муҳаммад(с) ба пайғамбарӣ расид. Ҳазрати Алӣ(к) нахустин марде буд, ки ба ӯ имон овард ва Исломро пазируфт ва дар канори ӯ буд.
Ҳазрати Алӣ(к) ҳамеша ҳамроҳи Пайғамбари Акрам(с) буд, то он ҳазрат аз Макка ба Мадина ҳиҷрат намуд. Дар шаби ҳиҷрат кофирони Қурайш хонаи Расули Худоро муҳосира карда буданд ва қасд доштанд, ки охири шаб ба хона даромада ҳазратро бикушанд. Ҳазрати Алӣ(к) дар бистари Паёмбар(с) хобид. Ҳазрат аз хона берун омада раҳсипори Мадина гардид. Пас аз ҳиҷрати Расули Худо(с) Алӣ(к) мувофиқи васияти Паёмбар(с) амонатҳои мардумро ба соҳибонашон баргардонд ва модари худ ва духтари Пайғамбар(с)-ро бо ду зани дигар ба Мадина бурд.
Дар Мадина низ ҳамеша бо Пайғамбари Акрам(с) буд ва бо ҳазрати Фотимаи Заҳро издивоҷ кард. Ҳосили ин пайванди муборак се писар –Ҳасан, Ҳусейн ва Муҳсин- ва ду духтар –Зайнаб ва Умми Кулсум шуд.
Фазилатҳои ҳазрати Алӣ (к) аз забони Паёмбари Аъзам (с) фаровон дар манобеи исломӣ баён шудааст.
Алӣ(к) дар ҳамаи ҷангҳои Ислом ба ҷуз ҷанги Табук, ки Паёмбар ӯро дар Мадина ҷонишини худ кард ширкат дошт. Дар ҳеҷ ҷанге пой ба ақиб нагузошт ва аз ҳеҷ душмане рӯй нагардонд ва дар ҳеҷ коре ба Пайғамбар(с) мухолифат накард. Расули Худо (с) фармуд: “Ҳаргиз Алӣ аз ҳақ ва ҳақ аз Алӣ ҷудо намешаванд.”
Пас аз куштани халифаи севум мардум бо он ҳазрат байъат намуда ӯро ба хилофат баргузиданд.
Он Ҳазрат дар замони хилофати ҳудуди панҷсолаи худ сира ва равиши Пайғамбар(с)-ро дошт ва ба хилофати худ ранги наҳзат ва инқилоб дод, то он ҳад дар корҳо ва равишҳои нодурусти ҳукуматҳои пешин ислоҳ ворид кард, ки баъзе аз саҳоба бо равиши он ҳазрат мухолифат намуданд. Онҳо аз ҳукуматаш хориҷ шуда ошкоро бо ҳазрати Алӣ мухолифат ва мубориза намуданд. Мухолифони паймоншикан ҷанги Ҷамал ва ситамгари мунҳариф ҷанги Сиффин ва фиребхӯрдагони хушкмағзи зоҳирбин ҷанги Хавориҷро зидди ҳазрати Алӣ ба роҳ андохтанд. Дар ҳамаи ин набардҳо ҳазрати Алӣ пирӯз шуд.
Саранҷом субҳи рӯзи нӯздаҳуми моҳи Рамазони соли ҷиҳилуми ҳиҷрӣ дар масҷиди Кӯфа, ҳангоми намози бомдод ба дасти Ибни Мулҷами бадбахт яке аз Хавориҷ зарбати шамшери заҳролуд бар фарқи сар хӯрд ва ду рӯз баъд дар шаби 21 шаҳид шуд. Марқади мутаҳҳараш дар шаҳри Наҷафи ашрафи Ироқ аст.
Дуруду салому раҳмату ризвони Худои меҳрубон нисори рӯҳи боазамати ҳазрати Алӣ ибни Абитолиб (к) бод!