Гӯянд: рӯзе халифа аз маҳалле мегузашт, дид, ки Баҳлул заминро бо чӯбе андоза мегирад. Халифа пурсид: чӣ мекуни? Баҳлул гӯфт: мехоҳам дунёро тақсим кунам, то бибинам ба мо чӣ қадар мерасад ва ба шумо чӣ қадар? Ҳар чӣ саъй мекунам, мебинам, ки ба ман бештар аз ду зироъ (ҳудуди як метр) аз дунё намерасад ва ба ту ҳам бештар аз ин миқдор намерасад.
(Оқибат андешӣ хеле мӯҳим аст дар зинадгӣ, на ҳар тавр зинадгӣ кардан.)
Ҳар дида, ки ибрате нагирад, кӯр аст,
Ҳар нуқл, ки лаззате набахшад, шӯр аст.
Рахте, ки тағаюр напазирад, кафан аст,
Он хона,ки табдил(рӯшд)наёбад, гӯр аст.