Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Ҳасодат ва зарару зиёни он

           1.  Чаро ҳасад ва ҳасодат дар дини Ислом ҳаром аст?

           2. Чаро Ислом ҳасудро мазаммат кардааст?

          3. Роҳи раҳоӣ аз ҳасадварзӣ чист?

           Дар посухи кӯтоҳ метавоан гуфт:

           1.Ба хотири исрофе, ки дар ҳасодат вуҷуд дорад.

       2. Иллати мазаммати инсони ҳасуд ҳам ин аст, ки дар саф ва гурӯҳи шайтон қарор мегирад.

         3. Роҳи табобат ва наҷот аз ҳасодат ҳам омӯхтани камолҳо ва фазилатҳои инсонӣ аст.

      Ҳасад аз бузургтарин маризиҳо аст, ки инсонро нобуд мекунад. Дар ҳасад як исроф ва зарару зиёни асоси вуҷуд дорад, ки он зиён ва маризи инсонро аз байн мебарад, ҷонашро, ки муҳимтарин дороияш аст аз ӯ мегирад.

       Инсони ҳасуд дӯст дорад, ки дороии шахсе ки ба он ҳасодат меварзад аз байн биравад, на ин ки дӯст дошта бошад, ки худаш ҳам мисли дигарон ахлоқи хуб ва молу сарвати зиёд дошта бошад.

       Исроф ҳам беҳуда харҷ кардани неъматҳои илоҳӣ аст, ки аз нигоҳи Ислом ҳаром ва шахси исрофгар бародари шайтон аст ва шайтон ҳам аз кофирон аст:

«اِنَّ الْمُبَذِّرِينَ كانُوا إِخْوانَ الشَّياطِينِ وَ كانَ الشَّيْطانُ لِرَبِّهِ كَفُوراً»   

        "Ҳамоно исрофкорон бародарони шайтонҳо ҳастанд; ва шайтон ба Парвардигораш бисёр носипос буд."(Сураи Исро, 27).

      Пас агар исрофгар бародари шайтон бошад ва шайтон ҳам аз кофирон аст, инсони исрофгар ҳам аз ҳамнишинони шайтон ва аз душман инсон аст.

       Инсони ҳасуд дар воқеъ худро барои ҳеҷ чиз харҷ мекунад, яъне ба дунболи ин нест, ки чизе ба даст оварад, лизо ҳасодатварзи манъ шудааст ва ба мо дастур дода шудааст, ки аз ҳасуд ба Худо паноҳ бибарем, чаро ки ӯ ба худ раҳм намекунад ва ҷони худро беҳуда харҷ мекунад, лизо ба мо қатъан раҳм нахоҳад кард.

        Касе ки ҳасодат дар дарунашон ҷой гирифта бошад дӯст дорад, ки шуморо ақибмонда нигоҳ дорад ва нагузорад, ки ба камолоти инсонӣ ва ё моддӣ бирасед. Ӯ дӯст дорад нохушиҳои шуморо бубинад, бар ин асос Худованд мегӯяд ба Худо паноҳ баред аз ҳасудон ва онҳоро аз ин лаззати ҳаром барои ҳамеша маҳрум кунед. Ҳамон тавре, ки Худованд мегӯяд аз шайтон ба Худо паноҳ баред, аз ҳасуде, ки ҷонашро исроф мекунад ва бародари шайтон аст ба Худо паноҳ баред.

«قلْ أَعُوذُ بِرَبِّ... وَ مِنْ شَرِّ حاسِدٍ إِذا حَسَد»    

       “Бигӯ Паноҳ мебарам ба Парвардигор ... Ва аз бадии ҳасуд, он гоҳ ки ҳасад варзад”.(Сураи фалақ).

       Чаро ки инсони ҳасуд ҳамонанади ин ки шайтон аз камолот ва фазилатҳои инсон нороҳат аст, нороҳат мешавад. Ба ин хотир мавриди мазаммати Худованд аст.

     Бари ин ки инсон аз ҳасодат наҷот пайдо кунад, лозим аст баъзе корҳоро анҷом диҳад. Далели ҳасодат ба дигарон надоштани камол ва кибру ғурур дар инсон аст, вақте инсон худро аз камолот ва фазилатҳои инсонӣ холӣ бубинад, ба дунболи нақсу айби дигарон мегардад, дӯст дорад, ки шумо ҳам он хислатро надошат бошед. Ҳар ҳасодате аз набуди камолу фазилат ва набуди тавозуъ дар инсон ба вуҷуд меояд.

       Хоҷа Ҳофиз мегӯяд:

Камоли сирри муҳаббат бубин на нақсу гуноҳ

 Ҳар ки беҳунар афтад назар ба айб кунад.

      Инсон бояд биравад камолоти инсониву фазилат ва хулқу хӯй инсониро биомӯзад, ҳунару касб ёд бигирад, то ҳасодатро аз худ дур кунад. Инсони бекору беҳунар ба дигарон ҳасодат меварзад.

Ҳофиз! Афтодагӣ аз даст мадеҳ, зи – он ки ҳасуд

Ирзу молу дилу дин, дар сари мағрури кард.

     Тавозуъ ва афтодагӣ инсонро ба мақомоти баланди фитрӣ ва тавҳидии худ мутаваҷҷеҳ мекунад.

      Расули Худо (с) дар ҳадисе фармуданд:

«...مَن تواضع للّه رفعهُ اللّه ومن تَکبّر وضعَهُ اللّه...»       

     Касе ки ба хотири Худо тавозуъ ва фурӯтани кунад, Худованд ӯро иззат ва рафъат мебахшад ва касе, ки такаббур варзад, Худованд ӯро поён мекашад. (Туҳафулуқул, саҳ 46).

     Яъне Худованд касеро, ки тавозуъ кунад, ба лиҳози рӯҳӣ ва ахлоқӣ боло мебарад ва касеро, ки такаббур кунад, ба лиҳози рӯҳи ва маънавӣ поён меоварад.

     Хотима

    Дар хотима бояд гуфт, биёед барои чанд дақиқа ҳам ки бошад бо худ  амиқан фикру андеша кунем, ки бо аз байн рафтани дороиҳои дигарон, заррае ба дороии мо изофа намешавад ва асбобу васоили хонаи мо навтару беҳтар намешавад, пас чаро ҳасодат кунем ва худро ба ҳалокат бирасонем? Чаро аз ранҷу гирифториҳои дигарон хушҳол бошем?

     Инсон бояд камолт ва фазилатҳои инсониро дар худ зинда кунад ва фурӯтаниро интихоб кунад, то Худованд иззату эҳтиромашро дар қалбҳои дигарон ҷой диҳад.

    Инсони ҳасуд исрофгар аст, ҷони худро ба дарду ранҷ меандозад. Исрофгар ҳам бардари шайтон аст, ба ин хотир бояд инсон аз шахси ҳасуд ба Худо паноҳ бибарад, чаро ки ӯ ҳам бародари шайтон аст ва ҳам Худо фармудааст, ки аз ӯ ба Худо паноҳ бибарем.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст