Please update your Flash Player to view content.

Достони ҳилоли моҳи Рамазон

Қисмати чаҳорум

  Роҳҳои муқобила бо нуфузи шайтон

  Ҳамон тавре, ки гуфта шуд, шайтон мавҷудест ронда шуда аз раҳмати илоҳӣ ва малъунест бисёр хатарнок, ки аз Худовнад иҷозати гумроҳ крадни инсонро гирифтааст. Худо ҳам чунин иҷозатеро ба ӯ додааст. Оё дасти инсон бастааст, то шайтон биояд ва гумроҳаш кунад ва биравад? Ва инсон ҳеҷ роҳи мубориза бо ӯро надошта бошад? Агар чунин бошад дар воқеъ ба инсон зулм шудааст, чаро ки шайтон ва коргузоронаш қудрат барои гумроҳ кардани инсон доранд, аммо ӯ қудрати дифоъ аз худ надорад. Чунин чизе шуданӣ нест, аз Худои Ҳаким, ки тамоми оламро бо ҳикмати худ ҳидоят мекунад, чунин коре абас ва зишт аст, бояд инсон ҳам тавони мубориза бо шайтонро дошта бошад. Ба шайтон изни инҳироф дода шуд ва ба инсон силоҳи мубориза бо ӯ дода шудааст. Шайтон ҳамеша дар пай иғвои инсон аст. Дасти инсон барои мубориза бо шайтон ва коргузоронаш баста нест. Бо риояти тақвои бархоста аз имони устувор ва таслими ҳақ шудан ва чанг задан бар ресмони амни илоҳӣ ҳамаи ҳилаҳо ва барномаҳои шайтонро ба ҳам мерезад, ӯро ва лашкариёнашро ҳамонанди, душманони шикастхӯрда аз мубориза мекунанд, ки ноумед ва маъюус шудаанд.

То инсон чароғи сабз нишон надиҳад, шайтон наметавонад нуфуз кунад, мехоҳад нуфуз кунад, гумроҳ кунад, аммо инсон нахоҳад ва зикри Худоро аз ёд набард, шайтон наметавонад нуфуз кунад ва гумроҳаш кунад.

«وَ مَنْ يَعْشُ عَنْ ذِكْرِ الرَّحْمنِ نُقَيِّضْ لَهُ شَيْطاناً فَهُوَ لَهُ قَرِين»

"Ва ҳар кас аз ёди [Худои] Раҳмон рӯй гардонад, шайтоне барояш мегуморем; ва ӯ барояш ҳамнишин шавад."(Зухруф, 36)

Ин ҳамнишинӣ ва ҳамроҳиро бо шайтон худи инсон интихоб карда аст, ёди Худоро фаромӯш кард, шайтон ҳам заминаро омода дид ҳамроҳияш кард.

Дар Қуръон омада аст, ки нуфузи шайтон баъд аз он аст, ки ҳақ ва ҳидоят бар инсон равшан ва нишон дода шавад, вале ӯ бар он пушт мекунад ва заминаи нуфузи шайтонро дар худ иҷод мекунад.

«إِنَّ الَّذينَ ارْتَدُّوا عَلى‏ أَدْبارِهِمْ مِنْ بَعْدِ ما تَبَيَّنَ لَهُمُ الْهُدَى الشَّيْطانُ سَوَّلَ لَهُمْ وَ أَمْلى‏ لَهُمْ»

"Дар ҳақиқат, касоне, ки баъд аз ин ки ҳидоят барояшон равшан шуд, ба гузаштаи худ баргаштанд, шайтон [амалҳояшонро] барои онҳо зинат дод ва онҳоро ба орзу[-и дароз] андохт."

Яъне ҳақ ва ҳидояти Худованд бар ӯ нишон дода шуд, аммо бетаваҷҷӯҳи кард, шайтон омад ботилро ба сурати ҳақ нишон дод ва инсон ҳам чун чароғи сабз бар шайтон нишон дод, ботилро ҳақ дид ва дар он афтод.

Шайтон кораш фиреб аст, ӯ бо ҳар тариқе, ки шуда инсонро ба гумроҳӣ даъват мекунад.

  Барои наҷот пайдо кардан аз нуфузи шайтон, инсон бояд дарки дуруст аз шайтон дошта бошад, душмнии ӯро бишносад ва лаҳазе ба ӯ эътимод накунад. Ҳар касе, ки душмани худро дасти кам гирад, фиреб мехӯрад. Худо ба инсон ёдоварӣ кардааст, шайтон душмани асосии ӯст ва набояд аз ӯ ғофил шуд.

إِنَّ الشَّيْطانَ لِلْإِنْسانِ عَدُوٌّ مُبِين

"Қатъан шайтон барои инсон душмани ошкор аст." (Юсуф, 5).

Танҳо роҳи муқобила бо душман ин аст, ки аз душман шинохти аз рӯи воқеъ дошта бошӣ. Бузург нишон додни душман, дасту пойи туро мебандад. Нодида гирифтан ва бетаваҷҷӯҳӣ ба он ҳам ба ту зарба мезанад. Касе дар мубориза пирӯз мешавад, ки душмнро ҳарончи ҳаст бишносад, на чеҳраи хандонашро ки зоҳири ӯ аст, бояд ботини палидашро ҳам бишносӣ.

Шайтон ба унвони душман ба иззати Худо қасам ёд кардааст, ки туро гумроҳ кунад ва дар зери султаи худ бигирад, магар ин ки холисона бандагии Худоро кунӣ ва ҳамеша нисбат ба ин душман ҳушёрона ва зиракона бархӯрд дошта бошӣ.

«قالَ فَبِعِزَّتِكَ لَأُغْوِيَنَّهُمْ أَجْمَعِينَ* إِلَّا عِبادَكَ مِنْهُمُ الْمُخْلَصِينَ»

"Гуфт: «Пас, ба иззатат қасам, ки ҳатман ҳамаи онҳоро гумроҳ мекунам; Магар бандагони холисшудаи Ту, аз миёни онҳо»."(Сод, 82-83).

Шайтон ба ҳеҷ касе раҳм немекунад, ҳар андоза лозим бошад талош мекунад, то инсонро мунҳариф кунад. Ӯ ҳатто ба суроғи Паёмбарони илоҳӣ ҳам меравад. Дар ривояте аз Имоми Содиқ (рз) омдааст, ки иблис назди Мӯсо ибни Имрон (а) омад, дарҳоле ки ӯ ибодат ва муноҷот бо Худо мекард. Фариштае ба шайтон гуфт: Чи умеде дар ӯ дорӣ, ки дар ҳоли муноҷот бо Парвардигораш аст? Шайтон гуфт, ҳамонеро, ки аз падараш Одам (а) умед доштам.

Ин ки бандагони холисшударо истисно кардааст, яъне шайтон ҳаргиз наметавонад онҳоро аз имон мунҳариф кунад. Дар ривояте омадааст, ки маънои ин ки бар бандагони холис тасаллут надорад, ин аст ки онҳоро дӯсти куфр ва душмани имон наметавонад, бикунад. Чаро ки онҳо хостаи шайтонро мешиносанд ва посух намедиҳанд ва ба ёди Худо меафтанд.

«إِنَّ الَّذينَ اتَّقَوْا إِذا مَسَّهُمْ طائِفٌ مِنَ الشَّيْطانِ تَذَكَّرُوا فَإِذا هُمْ مُبْصِرُون‏»

"Ҳамоно касоне, ки парҳезгорӣ карданд, замоне ки васвасае аз тарафи шайтон ба онҳо бирасад [Худоро] ёд мекунанд, пас, ногаҳон онон бино мешаванд."(Аъроф, 201).

Инсон вақте аз боварҳои динӣ даст бикашад ва аз ёду зикри Худо дур шавад, шайтон ӯро ҳамроҳӣ мекунад ва зери фармони шайтон қарор мегирад. Рафтору гуфтораш барои хидмат ба шайтон мешавад. Инсоне, ки бар асоси фитраташ майл ба ҳаққу ҳақиқат дошт, чун шайтон роҳнамои ӯ шудааст ва ботилро ҳақ нишонаш додааст, дин ва боварҳои динӣ ба ӯ пешниҳод мешавад, бо пайравӣ аз шайтон ва ҳавоҳои нафсаш аз онҳо саркашӣ мекунад ва боварҳои диние, ки ҳаққу ҳақиқат ҳастандро бо боварҳои хурофӣ ва шайтонӣ муқойиса мекунад, чун роҳнамояшро шайтон интихоб кардаст, лизо худро дар ботил ҳақ мепиндорад ва бероҳаро роҳи ҳидоят гумон мекунад.

Пас роҳҳои наҷот аз шайтон ва нуфузи он барои инсон вуҷуд дорад. Дасти инсон баста нест, дар муқобили шайтон, инсон бо риояти тақво ва парҳезгорӣ ва дасти худро аз домони дин ва имомони ҳидоят ҷудо накунад, метавонад роҳҳои нуфузи шайторо бибандад. Ҳар вақт шайтон садояш кард, бо ёди Худо аз ӯ дур шавад.

Добавить комментарий

Защитный код
Обновить