Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон
Такрор мекунам, ки тасмим бигиред дар ин 30 рӯзи моҳи мубораки Рамазон муроқиби забон, чашм, гӯш ва ҳамаи аъзо ва ҷавореҳи худ бошед.
Доимо диққат кунед, ки ин амале, ки мехоҳед анҷом диҳед, ин сухане, ки мехоҳед бар забон биёред, ин матлаберо, ки гӯш доред, аз назари шариат чӣ ҳукме дорад?
Ин одоби аввалӣ ва зоҳирии рӯза аст. Ҳадди ақал ба ин одоби зоҳирии рӯза пойбанд бошед!
Агар дидед касе мехоҳад ғайбат кунад, пеши ӯро бигиред ва ба ӯ бигӯед, ки мо паймон бастаем, ки дар ин 30 рӯзи Рамазон аз корҳои ҳаром худдорӣ кунем.
Агар наметавонед ӯро аз ғайбат боздоред, аз он маҷлис берун равед. Нашинед ва гӯш кунед!
Мусулмонон бояд аз шумо дар амон бошанд. Касе, ки дигар мусулмонон аз дасту забон ва чашми ӯ дар амон набошанд, дар ҳақиқат мусулмон нест, балки мусулмони зоҳирӣ ва дурӯғин мебошад ва "ло илоҳа иллаллоҳ"-и зоҳирӣ-забонӣ гуфтааст.
Агар, Худои нокарда, хостед ба касе ҷасорат кунед, беэҳтиромӣ намоед ё ғайбат кунед, бидонед, ки дар маҳзари Худо ва меҳмони Худои Мутаол мебошед, ва дар ҳузури Ҳақ Таоло ба бандагони Ӯ беҳурматӣ мекунед ва иҳонат ба бандаи Худо, иҳонат ба Худо аст. Инон бандагони Худо ҳастанд хусусан агар аҳли илм ва дар сироти илму тақво бошанд.
Гоҳе мебинӣ, ки инсон ба воситаи ин корҳо ба ҷое мерасад, ки дар вақти марг Худоро такзиб мекунад! Оёти Худоро мункир мегардад:
ثُمَّ كانَ عاقبةُ الّذين اساؤا السّواى أن كَذَّبوا بآياتِ اللَّه و كانوا بها يَسْتَهْزِؤن
Ин корҳо ба тадриҷ воқеъ мешавад. Имрӯз як назари нодурусти носавоб, фардо як калима ғайбат ва рӯзи дигар иҳонате ба мусулмон ва... кам-кам ин гуноҳон дар қалб анбошта мешавад ва қалбро сиёҳ карда инсонро аз шинохти Худо бозмедорад; то ба онҷо мерасад, ки ҳамачизро инкор карда ҳақоиқро такзиб менамояд.
Ҷиҳоди акбар, саҳ. 41
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст