Устод Аллома Ҷаводии Омулӣ

Қувво ва шууне (шаҳват, ғазаб) ки Худои Субҳон онро ба унвони неъмат ва вадиати иллоҳӣ ба инсон марҳамат карда аст, агар ба сурати саҳеҳ ва дуруст мавриди истифода қарор нагирад ба монанди амвоҷи оташ зуҳур мекунад: نار الله الموقدة التی تطلع علی الافئدة [1] қалбҳое, ки амри муҷарад ва маънави аст бар асари таъдил  (ором) накардан ин неруҳо (шаҳват,ғазаб) шуълавар хоҳад шуд ва шуълаи он ҳамаи шууни ҳастии башарро хокистар мекунад, чунон ки агар қуво (шаҳват,ғазаб) таъдил шаванд қалб гӯлистон хоҳад шуд ва инсон гузашта аз бустони берун дар даруни худ низ рӯҳ ва райҳон мешавад ҳамчунон, ки Худои Субҳон дар сураи Воқеа ояи 88-89 мефармояд:

و اما من کان من المقربین فروح و ریحان و جنة نعیم  

Агар ақл фарзона дар инсон зуҳур накунад ҷаҳли фурумоя ба ҷои ақл менишинад ва ҷаҳолат, худ офат аст. Агар  сабр ва ҳилм ва бурдбори дар инсон ҷойгузин нашавад ғазаб, ки худ оташ шуълавар аст ба ҷои ҳилм менишинад ва агар иффат ва покдомани дар ҷони инсон русух накунад шаҳват ба ҷои он менишинад, ки худ оташи сузонанда аст. Ҳар кадом аз инҳо, ки ба сурати шуъла даромада бошад пеш аз ин, ки дигариро бисӯзонад аз худсӯзӣ шурӯъ мекунад ва ин вижагии оташ аст.

Ҷоҳил пеш аз он ки дигаронро гирифтор кунад худро ба дом меандозад ва инсони хашмгин пеш аз ин ки ба дигарон осеб бирасонад худро месӯзонад. Агар касе инсони асабониро насиҳат кунад фарёдаш баландтар ва бадгӯи ва дашномаш бештар мешавад ва на танҳо хашми инсони ғазабнокро он насиҳат фурӯ наменишонад балки сабаби баддаҳонии ӯ низ мешавад.

 



[1] - Сураи Ҳамза ояи 6-7.

Устод Аллома Ҷаводии Омулӣ

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст