mohammad 003

Эшон хандонрӯ, шух ва аҳли мусобиқа буданд

Бо мардум хушрафтор буданд. Дар ҷамъи мардум ҳамеша чеҳрахандон буд. Танҳо, ки мешуданд, он вақти ғамҳо ва ҳузнҳо ва андуҳҳое, ки дошт онҷо зоҳир мешуданд. Андуҳ ва ғамҳои худро дар чеҳраи худаш пеши мардум ошкор намекарданд. Бо ҳама салом мекарданд. Агар касе Ӯро озурда мекард, дар чеҳрааш озурдагӣ дида мешуд, забони муборакашон ҳам ба шиква боз намекарданд. Иҷоза намедод дар ҳузури Ӯ ба касе дашном диҳанд ва аз касе бадгӯӣ кунанд. Худи ӯ ҳам ба ҳеҷ кас дашном намедод ва аз касе бадгӯӣ намекарданд.

Кӯдаконро мавриди мулотифат қарор медоданд, бо занон меҳрубонӣ мекард, бо заифон тамоман хушрафториро доштанд, бо асҳобва ёрони худ шухӣ мекарданд ва дар миёни онҳо мусобиқаи аспсаворӣ мегузоштанд.

Садоқат ва ростгӯӣ ва сидқу сафо

Рафтори ӯ бо мардум бар мабнои сидқу сафо ва дурустӣ буд.

Садоқат нишонаи биниши тавҳидӣ аст. Дар ҳаракати азими Пайғамбар(с) тавҳид ҳоким аст. Дар канори ибодат, дуо ва гиряи нимашабии Пайғамбар(с) ҷилваҳое мисли илм, шуҷоат, разм ва сиёсат вуҷуд дорад. Намунаҳои он дар таърихи Ислом зиёд аст. Зиндагии даҳсолаи Пайғамбар(с) зиндагии аҷибе аст. Воқеан маҷмӯаи мутарокиме аст, ки мутаассифона бисёре ам мардум огоҳии кофи надоран ва намедонанд. Мехоҳем бигӯем, ки садоқат нишонаи он биниши тавҳидӣ аст. Садоқатро дар амал ва гуфтор ҳамеша ҳифз кунед, ки ин худ суннати Расули Худо (с) аст.

Ҳеҷ равияе ва равиши сиёсие наметавонад ба қадри садоқат ҷозиба эҷод кунад ва дилҳоро ҷалб кунад. Ростӣ ин хусусиятро дорад.

Инфоқ ончи мемонад

Дар мавриди инфоқ бояд бигуем, ки Расули Худо (с) дар бораи инфоқ аз ҳама пеши гирифта буданд. Ва ҳамеш инфоқ мекарданд. Дар замони Пайғамбари Акрам(с) бузғолаеро оварданд ва ҳазрат онро зибҳ карданд. Фуқаро ва мустаҳиққон назди ишон омаданд ва талаби гӯшт карданд. Пайғамбар(с) мураттаб аз гӯшти он бузғолае, ки барои худашон зибҳ карда буданд, мебуриданд ва ба фуқаро медоданд. Ниҳоятан аз тамоми гӯштҳо, фақат китфи бузғола боқӣ монд. Чун дигар касе набуд, онро ба хонаи худ бурданд то бипазанд ва бихӯранд. Яке аз ҳамсарони ҳазрат арз кард: Ё Расулаллоҳ, ҳамаи бузғолаи мо рафту фақат ҳамин китфаш бароямон монд. Пайғамбар(с) фармуданд: На, ҳамааш монду ҳамин китфаш аст, ки аз дасти мо хоҳад рафт, чун ин китфро мехӯрем ва тамом мешавад, аммо онҳоеро, ки инфоқ кардаем, барои мо мемонад. Пас натиҷа мегирем ки инфоқ яъне боқи гузоштан барои рӯзи бузурге, ки мо дар пеш дорем. Рӯзе ки аз мо хоста мешавад чи доред? Чи овардед? То мо барои шумо ҳам подошт бо арзиш яъне бишит бидиҳем! Пас бар ин суннати Пайғамбарамон амал кунем то баро рӯзи мабодо дастамо холи набошад.

Мисли худи мардум буданд ва муоширати бе такаббур доштан

Ин рафтори Пайғамбар(с) бо мардум буд; муоширати инсонӣ, неку ва монанди худи мардум, бе такаббур ва бе ҷабарут. Бо ин ки Пайғамбар(с) ҳайбати Илоҳӣ ва табиӣ доштанд ва дар ҳузури Ӯ мардум дасту пои худро гум мекарданд, аммо эшон бо мардум нарм ва хушахлоқ буд. Ҳатто дар таърих омадааст, ки меҳмон меомад аз дигар шаҳр ё аз дигар кишварҳо барои дидани он ҳазрат, эшонро намешинохтанд. Бахотири хоксори ва монанди мардуми одди буданашон. Бо вуҷуди онки тавонои молӣ дошатанд. Яъне метавонистан монанди подшоҳон ва раҳбароин дигар кишварҳо либоси гаронқимат бипушанд ва фахрфуруши кунанд ва худро аз мардуми одди боло бишуморанд. Аммо ин корро ҳаргиз накарданд. Бо мардум муаддаб ва хушмуомила буданд. Ин суннат ва равиши он ҳазрат дар миёни мардум ва умматашон будааст.

Добавить комментарий

Защитный код
Обновить

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст