Nabi 003

Амин будан ва амонатдории Ӯ чунон буд, ки дар даврони ҷоҳилият Ӯро “Амин” номгузорӣ карда буданд ва мардум ҳар амонатеро, ки барояшон бештар аҳамият қоил буданд, ба дасти Ӯ месупориданд ва хотирҷамъ буданд, ки ин амонат ба онҳо солим бархоҳад гашт. Ҳатто баъд аз он ки даъвати Ислом шуруъ шуд ва оташи душманӣ ва низоъ бо Қурайш боло гирифт, дар ҳамон аҳвол ҳам боз ҳамон душманон агар мехостанд чизеро дар назди касе ба амонат бигузоранд, меомаданд ва ба Пайғамбар(с) медоданд! Лизо шумо шунидаед, ки вақте Пайғамбар(с) ба Мадина ҳиҷрат кард, ҳазрати Алӣ(к)-ро дар Макка гузошт, то амонатҳои мардумро ба онҳо баргардонад.

Маълум мешавад, ки дар ҳамон вақтҳо ҳам амонатҳое пеши он бузургвор буда аст. На амонати мусулмонон, балки амонати куффор ва касоне, ки бо Ӯ душманӣ мекарданд! Амонатдории худро ҳатто аз душманони худ дареғ намедоштанд.

Добавить комментарий

Защитный код
Обновить

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст