Nabi 002

Қудрат Ӯро дигаргун накард. Сарвати миллӣ Ӯро тағйир надод. Рафтори Ӯ дар даврони сахтӣ ва дар давроне, ки сахтӣ бартараф шуда буд, фарқе накард.

Ҳаё ва иффат

Дар иртибот бо мардум:Дар он муҳити фосиди ахлоқи Арабистони пеш аз Ислом ва дар ҷавонӣ он бузургвор маъруф ба шахсӣ бо иффат ва боҳаё буданд ва покдомании Ӯро ҳама қабул доштанд ва олуда нашуданд.... бисёр ҳам боадаб буданд. Ҳаргиз пои худро пеши касе дароз накарданд. Ҳаргиз ба касе иҳонат накарданд. Вақте касе эшонро бар чизе, ки вай баҷо медонист, маломат мекард – ки дар таърих намунаҳое вуҷуд дорад – аз шарму ҳаё сарашро ба зер меандохтанд.

Афв ва гузашт

Нақл кардаанд, ки араби биёбонгарде аз тамаддуну шаҳрнишинӣ ва одоби муошират ва ахлоқи маъмулии зиндагӣ чизе намедонист, бо ҳамон хушунати саҳрогардии худ ба шаҳри Мадина омад ва назди Пайғамбар(с) расид. Он ҳазрат дар миёни асҳоби худ – ҳоло ё дар масҷид ва ё дар гузаргоҳе – буданд. Ӯ аз ишон чизе хост, ки Пайғамбар(с) ҳам ба ӯ кумаке карданд ба ӯ чизе доданд. Баъд, аз инки ба ӯ чизе бахшиданд, ба ӯ фармуданд: Ҳоло хуб шуд? Ман ба ту некӣ кардам? Розӣ ҳастӣ? Он мард ба хотири ҳамон хушунати саҳрогардии худ ва сароҳат ва рукуросте, ки ингуна афрод доранд ва ба хотири онки зоҳиран ин муҳаббатҳо ба ӯ кам шуда аст, гуфт: Не, ҳеҷ коре анҷом надодӣ ва ҳеҷ муҳаббате накардӣ ва аслан ин чизи бо арзише набуд, ки ту ба ман додӣ!

... табиатан ингуна бархурди хушунатбор ба нисбатӣ Пайғамбар(с), дар дили асҳоб нохушоянд ва сангин буд. Ҳама асабонӣ ва ғазабнок шуданд. Он нафароне, ки атрофи Пайғамбар(с) буданд, хостанд бо асабоният ва хашм ба ин араб чизе бигӯянд ва аксуламале нишон диҳанд, аммо Пайғамбар(с) фармуданд: На! шумо ба ӯ коре надошта бошед. Ман бо ӯ масъаларо ҳал хоҳам кард. Аз ҷамъ хориҷ шуданд ва ин аъробиро ҳам бо худашон ба манзил бурданд– маълум мешавад, ки Пайғамбар(с) дар онҷо чизе надоштанд, ки ба ӯ бидиҳанд, вагарна бештар ҳам ба ӯ медоданд – ва боз чизҳои ифозае, масалан хурок ё либос ё пул ба ӯ доданд. Баъд ба ӯ гуфтанд: Ҳоло розӣ шудӣ? Гуфт: Бале. Ин мард дар муқобил эҳсон ва ҳилми Пайғамбар(с) шарманда шуд ва изҳори ризоят кард.

... Пайғамбар(с) ба ӯ фармуданд: Ту чанд лаҳза пеш дар муқобили асҳоби ман ҳарфҳое задӣ, ки дар дилашон нисбат ба ту кудурат пайдо шудааст. Дӯст дорӣ биравем ҳамин ҳарфҳое, ки ба ман гуфтӣ ва изҳори ризоят кардӣ, дар муқобили онҳо бигӯӣ? Гуфт: Бале, ҳозирам. Баъд Пайғамбар(с) шаби ҳамон рӯз ё фардои он рӯз, ҳамроҳи ин араби саҳронишин, ба миёни ёронаш омаданд ва фармуданд: Ин бародари аъробиамон хаёл мекунад, ки аз мо розӣ аст. Агар розӣ ҳастӣ бигӯ. Ӯ ҳам шурӯъ кард ба ситоиши Пайғамбар(с) ва гуфт: Бале, ман хушҳол ва розиам ва –масалан– аз Расули Акрам(с) хеле сипосгузорам, чун эшон ба ман муҳаббат карданд. Ин суханонро гуфт ва рафт.

... баъд, ки ӯ рафт Расули Акрам(с) рӯ ба асҳобашон карданданд ва фармуданд: Масали ин аъробӣ масали он ноқае аст, ки аз галлае, ки чупоне онро мечаронад, рамида ва ҷудо шуда бошад ва сар ба биёбон гузошта медавад. Шумо дӯстони ман барои ин ки ин шутурро бигиред ва ӯро бар ман баргардонед, ҳамла мекунед ва аз атроф, дунболи ӯ медавед. Ин ҳаракати шумо, рамидагии ӯро бештар ва ваҳшаташро зиёдтар мекунад ва дастёбӣ ба ӯро душвортар хоҳад кард. Ман нагузоштам шумо ӯро бештар аз ончи ки расида буд, аз ҷамъи мо рам диҳед. Бо муҳаббат ва навозиш дунболи ӯ рафтам ва ба галла ва ҷамъи худамон баргардондам. Ин равиш ва суннати он Пайғамбари Раҳмат (с) аст.

Добавить комментарий

Защитный код
Обновить

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст