nabi 008

Вижагиҳои шахсӣ ва ҳукуматии Пайғамбар(с)

Дар як тақсим мо ба таври хулоса ахлоқи Пайғамбар(с)-ро ба “ахлоқи шахсӣ” ва “ахлоқи ҳукуматӣ” тақсим мекунем; ба унвони як инсон, хулқиёти Ӯ ва ба унвони як ҳоким, хусусиёт ва хулқиёт ва рафтори Ӯ. Албатта инҳо гӯшае аз он чизҳое аст, ки дар вуҷуди он бузургвор буд ва чандин баробари ин хусусиёти барҷаста ва зебо дар Ӯ вуҷуд дошт, ки мо баъзе аз онҳоро баён мекунем. Он бузургвор амин, ростгӯ, сабур, бурдбор ва ҷавонмард буданд ва аз ситамдидагон дар ҳамаи шароит дифоъ мекарданд. Ӯ дурусткирдор буд. Рафтори ӯ бо мардум, бар мабнои сидқу сафо ва дурустӣ буд. Хушсухан буд ва талхзабону газандагӯ набуд. Ӯ покдоман буд. Дар он муҳити фосиди ахлоқӣ Арабистони пеш аз Ислом дар давраи ҷавонӣ маъруф ба иффату ҳаё буданд ва покдомании Ӯро ҳама эътироф доштанд ва олуда набудани Ӯро ҳама тасдиқ мекарднд. Аҳли назофат ва тамизии зоҳирӣ буд. Либос, сару сурати назиф ва рафтори бо назофат доштанд. Эшон шуҷоъ буданд ва ҳеҷ ҷабҳаи азиме аз душман эшонро ҳаргиз мутазалзил ва ба ваҳшат намеандохт. Сареҳ буд ва сухани худро бо сароҳат ва сидқ баён мекарданд. Дар зиндагӣ зуҳд ва порсоӣ пешаи ӯ буд. Бахшанда буд, ҳам бахшандаи мол ҳам бахшандаи интиқом; яъне интиқом намегирифт ва гузашту чашмпуши мекарданд.

... бисёр меҳрубон ва пургузашт ва фурутан ва аҳли ибодат буданд. Дар тамоми зиндагӣ аз даврони навҷавонӣ то ҳангоми вафот дар шасту се солагӣ ин хусусиятро дар худ ҳифз намуданд. Ҳантман ин тавр инсони бузург ва пок ва бо тақво метавонад раҳбари як дини осмони ва раҳбари кулли башарият дар рӯи замин бошад.

Добавить комментарий

Защитный код
Обновить

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст