beasat 02

Вақте ҳаракат ва ҷунбиши Ислом аз Макка оғоз шуд ва он шуру нишоти исломӣ бо мазлумияту пойдории мӯъминин, натиҷаи дилхоҳашро амали кард, аввалин ҷое, ки партави аз нури Илоҳиро андохт, Мадина –Ясриби он рӯз– буд. Муҷоҳидати Пайғамбар(с) ва ёрони бовафои Ӯ дар Макка хеле сахт, пурмашақат ва муҷоҳидати мазлумонае буд. Номи Худоро меоварданд, ба тавҳид ва ба тааққул даъват мекарданд ва дар муқобил, зарбу лат мехурданд; шиканҷа мешуданд ва ба қатл мерасиданд. Анвоъ ва ақсоми фишорҳо ба онон ворид мешуд. Дар охир ҳам қазияи шаъби(дарра) Абитолиб пеш омад, ки ҷузви сахттарин фишорҳо бар Пайғамбар(с) ва мусулмонон буд.

Албатта он рӯз мисли имрӯз имконоти таблиғотӣ набуд, лекин Макка маркази рафту омади қабилаҳои гуногуни араб буд. Аз Тоиф, Ясриб ва аз дигар шаҳрҳо дар айёми хоссе ба Макка меомаданд; аз хабарҳо ва ҳодисаҳои шаҳри Макка огоҳ ва ба ҳақиқати Ислом бохабар ва ошно мешуданд. Сухани ҳақ бахусус агар бо мазлумият ҳамроҳ бошад, кори худашро мекунад, билохира дар дилҳои омода коргар хоҳад шуд; ба хусус ҳангоме ки пайгирӣ аз тарафи аҳли ҳақ бошад, ки буд. Пайғамбар(с) сутуни мустаҳкаме буд, ки дар миён меистод ва мусулмонон худашонро ба он сутун такя медоданд. Мусулмонон латукуб ҳам мешуданд, шиканҷа ҳам мешуданд, тарсу ларзу маҳрумиятҳои гуногун ва берун кардан аз хона ҳам буд; маҳрум кардан аз ирс барои бачаҳои аъён ва латукуб шуда ба дасти арбобҳо барои ғуломон ва канизон ҳам буд, аммо ҳар вақт рӯи ҳар кадомашон фишор меомад, худашонро ба Пайғамбар(с) такя медоданд ва Пайғамбари Акрам(с) бо истиқомати маънавӣ ва бо рӯҳи Илоҳӣ онҳоро аз он сарчашмаи тамом нашуданӣ, ки метавонист ҳамаи офаринишро неру бидиҳад, неру мебахшид. Он мусулмононе, ки атрофи Пайғамбар(с) буданд – тағзия мешуданд, лизо ҳама меистоданд.

Ин истодагӣ ва муқовимат дар баробари золимон ва мушкрикон натиҷаи хубе дод ва асар бахш шуд. Аввалин ҷое, ки ин асар мунъакис шуд, Ясриб буд ва оқибат Пайғамбар(с)-ро ба Ясриб даъват карданд. Гуфтанд, ҳоло ки аҳли Макка шуморо қабул надоранд, ба шаҳри мо Ясриб биёед ва Пайғамбар(с) қабул кард. Албатта бо онҳо аҳд баст ва гуфт ба Ясриб, ки омадам, бояд аз ман ҳимоят кунед, бояд аз ман дифоъ кунед – пешбинӣ мекард, ки ҳамла хоҳад шуд, ҷанг хоҳад шуд – гуфтанд ҳозирем. Агар ба Ясриб биёӣ ҷонамон балогардони ҷони туст, хонаводаҳои мо балогардон туанд ва амволи мо балогардони туст. Онҳо ғолибан ҷавон буданд. Иддае аз ҷавонони Ясриб имони амиқ ва росихе нишон доданд. Як идда аз бузургонашон ҳам – мисли “Саъд ибни Убода” ва “Саъд ибни Маъоз” – пайравӣ карданд. Пайғамбар(с)–ро даъват карданд ва ба Мадина бурданд ва номи Ясрибро ҳам ба “Мадинатуннабӣ” иваз карданд.

Хуб диққат кунед, ки ин ҳолати мазлумона ва маъсумона, сухани нав, чеҳраҳои дурухашон, ҳодисаи нав ва аввали кор ҳамаро таҳти таъсир қарор дод. Ҳама ба ҳаяҷон омаданд. Ҳатто баъзе аз яҳуд ҳам, ки дар Мадина сокин буданд – бо ин ки яҳуд дар давраҳои баъд, аз ҳама душмантар шуданд – аввали кор таҳти таъсир қарор гирифтанд. Яъне худи омадани Пайғамбар(с) бо он ҳолат ба хусус ҳангоми омадан ҳам Қурайш мусулмононро раҳо накарданд, балки ба онҳо зарба заданд, таъқибашон карданд, иддаеро дар байни роҳ муҳосира карданд ва ... – бештар ба пазириш ва қабул кардани ворид шавии Пайғамбар(с) ба Мадина кӯмак кард.

Добавить комментарий

Защитный код
Обновить

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст