Аз роҳҳои баровардани ҳоҷатҳои инсон, хондани намозе аст, ки намози ҳоҷат хонда мешавад, ки имом Содиқ(а) онро боиси иҷобати дуоҳои худ медонад.

Дар ҳадисҳои мухталиф дуоҳо ва намозҳои бисёре барои баровардани ҳоҷатҳо зикр шуда аст ки яке аз онҳо намози ҳоҷат аст ки бисёре аз уламо онро нақл кардаанд ки

имом Содиқ(а) фармуд: “Ҳаргоҳ ҳоҷати муҳимме дори, се рӯзи пай дар пай аз чаҳоршанбе то ҷумъаро рӯза бигир, дар рӯзи ҷумъа ғусл кун ва либоси нав ва покиза бипуш ва болои боми хонаат бирав ва ду ракъат намоз бихон ва пас аз намоз, дастҳоро ба сӯи осмон баланд кун ва бигу:

« اللهم إنّی حَلَلتُ بِساحَتِکَ لِمَعرِفَتی بِوَحدانیَّتِکَ و صَمَدانِیَّتِکَ، و أنَّه لا قادِرَ عَلی قَضاء حاجَتی غَیرُک، وَ قَد عَلِمتُ یا رَبِّ أنَّهُ کُلَّما تَظاهَرَت نِعمَتُکَ عَلَیَّ، اِشتَدَّت فاقَتی   إلَیک، وَ قَد طَرَقَنِی هَمُّ کَذا و کَذا»

(Ба ҷои калимаи казо ва казо ҳоҷати худро зикр кун ва онгоҳ идома диҳад:)

«وَ أنتَ بِکَشفِهِ عالِمٌ غَیرُ مَعَلَّمٍ، واسِعٌ غَیرُ مَتَکَلِّفٍ، فأسئَلُکَ بِاسمِکَ الَّذی وَضَعتَهُ عَلَی الجِبالِ فَنُسِفَت، وَ وَضَعتَهُ عَلَی السَماواتِ فَانشَقَّت، وَ عَلَی النُّجُومِ فَانتَثَرَت، وَ عَلَی الأرضِ فَسُطِحَت، وَ أسئلکَ بِالحقِّ الَّذی جَعَلتَه عندَ محمَّدٍ صَلَّی اللهُ علیهِ و آلهِ... و أن تَقضِیَ لی حاجَتی، و تُیَسِّرَلی عَسیرَها، و تَکفِیَنی مُهِمَّها، فَاِن فَعَلتَ فَلَکَ الحمدُ، و إن لَم تفعَل فَلَکَ الحمدُ، غیرُ جائِرٍ فی حُکمِکَ، و لا مُتَّهَمٍ فی قضائِکَ، و لا حائِفٍ فی عَدلِکَ

Сипас параи рӯи худро бар замин мегузори ва мегӯи:

«اللهمَّ إنَّ یونُسَ بنَ مَتَّی عَبدُکَ، دَعاکَ فی بَطنِ الحُوتِ و هوَ عبدُکَ فَاستَجَبتَ لَهُ، و أنا عبدُکَ أدعُوکَ فَاستَجِب لی.

Имом Содиқ(а) фармуд: бисёр мешавад ҳоҷате дорам, ин дуоро мехонам ва Худованд ҳоҷатамаро бароварда месозад.

Намози муҷарраб ҷиҳати талаби рӯзи

Рӯзе имом Саҷҷод(а) ба марде хурданд ки дари хонаи шахсе нишаста буд, аз ӯ пурсиданд: Чаро инҷо нишастаӣ? Арз кард: Ба ҷиҳати фақр ва тангдасти омадаам аз ин марди сарватманд кумаке бихоҳам.

Имом(а) фармуданд: Бархез то туро ба хонае муаррифи кунам ки беҳтар аз ин ҷост ва баъд дасти ӯро гирифта ва ба масҷид бурданд ва дастур доданд ки:

Аввал ду ракъат намоз бихон ва баъд аз он дастҳои худро ба тарафи осмон баланд кун ва ҳамду санои Парвардигоратро ба ҷой овар ва баъд аз дуруд ба Паёмбар(с) 4 ояти сураи Ҳашр ва 6 ояти аввали сураи Ҳадид ва ду ояти сураи Оли Имронро бихон ва онгоҳ аз Худованд талаби рӯзи ва бениёзи аз мардум кун ки ҳатман туро бениёз мефармояд:

Дар мавриди фазилати сураҳо аз Паёмбар(с) ҳадисе нақл шуда аст ки:

Касе ҳар шаб сураи Воқеаро қироат кунад, ҳеҷ гоҳ фақр ва тангдасти ба ӯ нарасад.

 

Добавить комментарий

Защитный код
Обновить

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст