Тарс сифате аст, ки шояд дар марҳилаи аввал чандон мавриди писанд набошад, бале дар мувоҷеҳи душман ва ончи зиндаги инсонро ба хатар меандозад тарс амри шоистае нест аммо дар мавриди Худованд чизи дигаре аст ва он ин аст, ки бояд аз Худо тарсид ҳамонгуна ки ҳазрати Алӣ(к)дар васфи парҳехзгори яке аз авсофи парҳезкоронро тарс аз Худо медонанд.

Чаро аз Худо бояд тарсид

Гоҳе иллати хавф ва тарс дар инсон амре аст, ки зарару зиёни ҷони ва моли барои инсон ба ҳамроҳ дошта ва осоишу оромиши зиндаги одамиро ба мухотира меандозад аммо тарс дар мавриди Худовандро мебоист аз инҳо хориҷ кард чаро ки меҳрубонтар аз модар барои инсон Худои ӯст ва чигуна метавон аз ин Худои рауф ва меҳрубон тарсид? Аммо бо вуҷуди раъфату муҳрубони холиқи якто бояд хавфи ӯро дар дил дошт, аммо чигуна?

Хавф ва ақсоми он

Хавф иборат аст аз: Дил сухтан ва мутааллим будан ба сабаби ташвиши расидан ба нохуши, ки таҳаққуи он мутаҳамил бошад. Ва тааллум аз ташвиш амре, ки яқин бошад ҳусулаш ё мазнун бошад. Агар чи онро хавф нагуянд ва лекин чун он низ аз заъфи нафс ва мавҷиби ҳалокат аст дар зимни хавфи мазкур мешавад. Фарқ байни хавф ва ҷубн он аст ки ҷубн, аламу дил сухтан зарури нест.

Пас касе ки шаб дар хона танҳо намехобад ҷубн дорад ва хавф надорад, зеро ки то дар онҷо нахобидан аламе надорад. Ва бидон ки: хавф бар ду қисм аст:

Яке: Хавф мамдуҳ ва мустаҳсан ва он хавф аз Худой ва азамати ӯ аз гуноҳи худ аст, ки зидди амн аз макри Худост ва дар баёни сифати дуввуми музкур хоҳад шуд.

Дувум: хавфи мазмум ва ин қисм аст, ки аз ҷумлаи маҳлукот аст. Мурод дар ин мавзеъ, ин қисм аст ва ин қисм аз хавф, натиҷаи сифати ҷубн аст.

Дар боби хавф аз Худо бояд гуфт, маънои хавф аз Худо дар назар гирифтани ин нукта аст ки ҷаҳон дорои Худованд бо азамат ва одиле аст, ки нозир бар аъмоли мо ва комилан хабир ва огоҳ аст ҳоло агар дар маҳдудаи мулки Худованд касе бихоҳад ситаме кунад чаро набояд муҷозҳот шавад.

Ин маънои хавф аз Худост, ки дар ҳақиқат бар мегардад ба хавф аз ҳаҷ ва адолат ва муҷозот бо муқаррароти илоҳӣ ва натиҷаи аъмоли ношоист дар дунё ва охират аст. Аз ин рӯст ки ҳазрати Алӣ(к) мефармоянд: Ҳеҷ як аз шумо тарс надошта бошад магар аз гуноҳи хеш. Наҳҷулбалоға, калимоти қисор 82.

Кайфияти тарс аз Худо

Ҳоло ки маъно ва мафҳуми дурусти хавф аз Худоро донистем мебоист ба кайфият ва чигунаги ин тарс низ таваҷҷуҳ дошта бошем ҳазрати Алӣ(к) дар ин бора мефармоянд:

Аз Худо чун хирадмандон битарсед ки дилро ба тафаккур машғул дошта ва тарс аз Худ баданашро фаро гирифта ва шаб зиндадори хоб аз чашми ӯ рабуда аст ва ба умеди савоб гармии рухҳро бо ташнаги гузаронида аст бо порсои шаҳавотро куша аст ва номи Худо забонаро ҳамвора ба ҳаракат дар оварда аст. Тарс аз Худоо барои иман мондан дар қиёмат пеш фиристода аз тамоми роҳҳои ҷуз роҳи ҳақ чаш пушида ва беҳтарин роҳе ки иснонро ба ҳақ мерасонад мепаймояд. Чизе ӯро мағрур насохта аст ва мушкилот ва шубаҳотро нобино намесозад, муждаи биҳишт ва зиндаги кардан дар осоиш ва неъматсарои ҷовидон ва имантарин рӯзҳо, ӯро хушнуд сохта аст. Бо беҳтарин равиш аз гузаргоҳи дунё убур карда аст, тушаи охиратро пеш фиристода аст ва аз тарси қиёмат дар анҷоми амъоли солеҳ пеш қадам шуда аст, айёми зиндагиро бо шитоб дар итоати Парвардигор гузаронда аст ва дар фароҳам овардани хушнуди Худо бо рағбат талош карда аст аз зиштиҳо фирор карда аст имрӯз риояти зиндаги фардо карда аст ва ҳам акнун ояндаи худро дида аст. Пас биҳишт барои подоши некукорон сазоовр ва ҷаҳаннам барои кайфари бадкорон муносиб аст ва Худо барои интиқом гирифтан аз ситамгарон кифоят мекунад ва Қуръон барои ҳуҷҷат овардан ва душмани кардан, кофи аст. Наҳҷулбалоға, хутбаи 83.

Тарс мабнои амал аст

Ҳамонгуна ки ҳазрати Алӣ(к) дар хутбаи 83 фармуданд ончи аз тарс барои одами ҳоизи аҳамият мебошад, ин аст ки ӯро ба сӯи саодат раҳнамун кунад яъне расидани ӯ боиси ба дури ва гушанишини ва бекор нишастани вай нагардад балки ӯро дар таҳсили ризояти илоҳӣ ба кор ва талош во дорад.

Сухани охир онки: Ҳеҷ кас рӯзи қиёмат дар амон нест, магар онки дар дунё Худотарс бошад. Биҳор,ҷ 44, саҳ 192.

Добавить комментарий

Защитный код
Обновить

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст