Ба номи Худо

Шояд барои шумо ҳам ин савол пеш омада бошад, ки илм беҳтар аст ё сарват. Аммо вақте ба суханони бузургони дини муроҷиа мекунем мебинем, ки илмро беҳтар аз сарват муаррифи кардаанд. Ҳазрати Алӣ(к) дар ҳадиси гаронбаҳои худ ба ин матлаб ишора кардаанд:

العِلمُ أفضَلُ مِنَ المالِ بِسَبعَةٍ: الأوّلُ: أنَّهُ مِيراثُ الأنبِياءِ و المالُ مِيراثُ الفَراعِنَةِ، الثاني: العِلمُ لا يَنقُصُ بِالنَّفَقَةِ و المالُ يَنقُصُ بِها، الثّالِثُ: يَحتاجُ المالُ إلَى الحافِظِ و العِلمُ يَحفَظُ صاحِبَهُ، الرّابِعُ: العِلمُ يَدخُلُ فِي الكَفَنِ و يَبقَى المالُ، الخامِسُ: المالُ يَحصُلُ لِلمُؤمِنِ و الكافِرِ و العِلمُ لا يَحصُلُ إلاّ لِلمُؤمِنِ، السّادِسُ: جَميعُ النّاسِ يَحتاجونَ إلَى العالِمِ في أمرِ دينِهِم و لا يَحتاجونَ إلى صاحِبِ المالِ، السّابِعُ: العِلمُ يُقَوِّي الرَّجُلَ عَلَى المُرورِ عَلَى الصِّراطِ و المالُ يَمنَعُهُ؛

Ба ҳафт далел, дониш бартар аз сарват аст:

Аввал: Дониш мероси паёмбарон аст ва дорои мероси фиръавниён.

Дуввум: Дониш бо инфоқ кам намешавад, аммо дорои бо харҷ кардан кам мешавад.

Севвум: Дорои ниёзманди нигаҳбон аст, аммо дониш доранди худро нигаҳбон аст.

Чаҳорум: Дониш дар кафан ҳам бо соҳиби худ меояд, аммо дорои ба ҷо мемонад.

Панҷум: Дорои барои муъмин ва кофир фароҳам меояд, аммо дониш ҷуз барои муъмин ҳосил намешавад.

Шашум: Ҳамаи мардум дар корҳои динии худ ба донишманд ниёз доранд, аммо ба шахси доро ниёзе надоранд.

Ҳафтум: Дониш, одамиро дар гузар аз сирот неру мебахшад, аммо дорои монеи гузаштани ӯ мешавад.

Добавить комментарий

Защитный код
Обновить

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст