Гуноҳ ва маъсият, ҷисму руҳи инсонро олуда мекунад ва монеи бузурге барои рушду камоли ӯ маҳсуб мешавад оре ин гуноҳ аст, ки боиси сиёҳи қалби инсон мешавад ба тавре ки дигар ӯ лаззати розё ниёз бо Худоро дарк намекунад то бо ӯ муноҷот кунад ва дар даргоҳи ӯ қатраи ашке бирезад.

Ин гуноҳ аст ки инсонро аз хеле тавфиқҳо боз медорад ва ҳамчунин монеъи омадани борони раҳмат мегардад ва амвоҷи бало ва бемориро ба сӯи инсон мекашонад барои ҳамин инсон бояд барои бахшиши гуноҳони худ фирк бикунад то асароти гуноҳон беш аз ин дар зиндагии ӯ боқи намонад.

Қуръон барои омурзиши гуноҳон роҳҳои бисёреро муаррифи мекуанд то мояи таҳорат ва рушду камоли руҳ гардад чаро ки палиди ва олудагӣ, ҳаёти инсонро ру ба сахти мебарад.

Яке аз роҳҳои муҳимм барои омурзиши гуноҳон, мусофиҳа аст. Мусофиҳа ҳамон даст додан ба ҳангоми дидор ва мулоқоти бародари мусулмон аст, ки асароти зиёде дар саломати руҳ ва ҷисми инсон дорад. Ва илова бар ҳамаи инҳо боиси резиши гуноҳони инсон мегардад.

Омурзиши гуноҳ

Имоми маъсул(а) дар суханони гуногуне ҳамин даст додан бо муъминро яке аз муҳимтарин роҳҳои бахшиши гуноҳон муаррифи кардаанд. Оё дар фасли тирамоҳ ки барги дарахтон зард мешавад ба як боғ рафтаи? То бубини вақте насиме мевазад чигуна барги дарахтонро рӯи замин мерезад.

Имом Боқир(а) мефармояд: Вақте ки ду муъмин бо ҳам даст медиҳанд гуноҳони онон мерезад ҳамон тавре ки барги дарахтон мерезад.

Дар ҳадисҳои дигар резиши гуноҳонро дар ҳангоми даст додан ба резиши барги дарахтон ҳангоми вазиши туфони сангин дар фасли сармои шадид ташбеҳ намуда аст.

Ин резиши гуноҳон то поёни мулоқоти муъмин идома дорад яъне шумо вақте ба дидани бародари муъмини худ меравед ва бо ӯ даст медиҳемд то ҳар замон ки мулоқоти шумо идома дошта бошад резиши гуноҳон идома дорад.

Маҷлиси гуноҳ ва ғайбати мардум нашавад. Руҳ аз тираги гуноҳон пок шуд ва гуи ки он занҷирҳое ки аз гуноҳон ба пойи мо баста шуда буд бозгардонидаанд ва барои ҳамин аст, ки руҳи мо метавонад озодона парвоз кунад.

Дар ҳадисе аз имом Боқир(а) омада аст, ки вақте муъмин даст дар дасти дусти муъмини Худованд медиҳад Худованд хитоб ба гуноҳони онон мекунад ва мегуяд эй гуноҳон бирезед пас аз он гуноҳон шуруъ ба резиш мекунанд.

Добавить комментарий

Защитный код
Обновить

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст