Ин зарбулмасалро шумо ноиз борҳо шунидаед ки, аду шавад сабаби хайр агар Худо хоҳад. Тамоми иттифоқте ки дар ин дунё ба вуқуъ мепайвандад барои худ назму қонуне дорад ҳар як аз мавҷудоти ин олами ҳасти занҷирвор ба якдигар муттасиланд ва ин иттиосл ва рабту нисбат онҳо ба якдигар мавҷиб мегардад ки аъмолу афкорашон низ бар дигаре таъсир гузор бошад.

Ва ин таъсиргузори гоҳ ру ба сӯи хайр аст ва гоҳе шарр. Гоҳе иртиботи инсон бо инсонҳои худохоҳ ва хайиру дурусткор аст ва гоҳ самараи иртиботашон ҷуз шарру зишти нест ба гунае ки вуҷуди бархе барои баъзе афрод ҷуз ранҷу азобу гирифтои нест, аммо ин аз нубуғу истеъдоди одами аст ки метавонад аз ин шарру зишти барои хеш хайру неки фароҳам созад. Ба иборати дигар метавонад нимаи пурро дид не нимаи холии он.

Ҳикояти воизе аз Маснавӣ

Воизе чун минбар мерафт дуздон ва қотеони тариқро дуо мекард ва даст бур дуо бармедошт ки Худоё ба бадон ва муфсидону тоғиён раҳмат овар, онон ки аҳли хайрро масхара мекунанд ва кофир диланд низ мавриди лутфи худ қарор деҳ. Ӯ баргузидагонро дуо намекард балки аз Худованд офият барои хабисон талаб менамуд ӯро гуфтанд одати мардумон ин нест ки гумроҳонро доу мекунанд воиз гуфт: Охир ман аз инҳо хуби дидаам бадин ҷиҳат ишонро дуо мекунам. Онон хабисанд ва ҷавру зулмро бадон ҳадд расондаанд ки ман аз ҷониби шар ба тарафи хайр раҳнамун шудам. Ман ҳаргоҳ ру ба дунё кардам аз ишон захм ва зарбат хурдам ва ин гургон маро ба роҳи хайру ислоҳ оварданд ва чун сабаб сози хайри ман шуданд ишонро дуо мекунам.

Чун сабабсози ислоҳи ман шуданд

Пас дуояшон бар манаст эй ҳушманд

Оре аз неъмате гила ва шикоят кун ки туро аз даргоҳ ҳақ дур кунад дар ҳақиқат душмани ту доруи дарди ту аз доруи ҳақ аст.

Банда менолад ба ҳақ аз дарду неш

Сад шикоят мекунад аз ранҷи хеш

Ҳақ ҳаме гуяд ки охир ранҷу дард

Ман туро лоба кунону рост кард

Ин гила зон неъмате кун кат занад

Аз дари мо дуру матрудат кунад.

Гоҳе иртиботи инсон бо инсонҳои худохоҳ ва хайиру дурусткор аст ва гоҳ самари иртиботашон ҷуз шарру зишти нест ба гунае ки вуҷуди бархе барои баъзе афрод ҷуз ранҷу азоб ва гирифтори нест, аммо ин аз нубуғу истеъдоди одами аст ки метавонад аз ин шарру зишти барои хеш хайру неки фароҳам созад.

Дуогӯи туам ҷоно

Бо ин васфҳо шумо чи касеро дуогу ҳастед? Дустон ба зоҳири хубу муваҷҷаҳе ки ҳеҷ роҳе ба сӯи хайр ислоҳ надоранд? Ва ё душмане ки туро ба самти оқибат ба хайри мехонад? Дунё синфи дарс аст, зиндаги тафреҳ низ надорад ҳатто хоби он низ дар бардорандаи бузургтарин дарси зиндаги аст яъне марг. Аз ин рӯ метавонад аз атрофиён ва ҳатто аз худи дарс гирифт агар бади дидем аз он ранҷуру нороҳат шудем ду роҳро пеши руи мост, яке:

Мо низ рафтори зишттар ва бадтар аз тарафи муқобил иттихоз карда то рафтори зишти ӯро ҷавоб дода бошем ва дигар онки бо чашидани таъми талхи бади, худи онро барои дигарон роҳнамои насозем ва ба зишти амале пай бурда ва онро дар наздики худ кам ранг ва камрангтар созем инҷост ки метавони дуогуи касе боши ки дар ҳаққат бади карда чаро ки туро ба хайру салоҳ наздик сохта аст.

Ҳикоят ҳамон ҳикояти Луқмон аст ки ӯро гуфтанд адаб аз ки омӯхтӣ, гуфт аз беадабон. Ҳар онки аз ишон дар назарам нописанд омад, аз анҷом додани он парҳез кардам. Ҳазрати Алӣ(к) фармуданд: Ҳар ки айби мардумро бубинад ва зишт шуморад вале онҳоро барои худ писандад худ аҳмақ бошад.

Дусти душман

Инҷост ки дӯст аз душман ҷудо мешавад дӯсти воқеи касе аст ки туро ба ҳаққу ҳақиқат наздик созад, ҳазрати Алӣ(к) фармуд:

خَیرُ اِخوانِكَ مَن دَعاكَ اِلى صِدقِ المَقالِ بِصِدقِ مَقالِهِ وَ نَدَبَكَ اِلى اَفضَلِ العمالِ بِحُسنِ اَعمالِهِ؛

Беҳтарин бародаронат (дустонат), касе аст ки бо росгӯиаш туро ба ростгӯи даъват кунад ва бо аъмоли неки худ, туро ба беҳтарин аъмол барангезад.

Бо тағири нигоҳу дидгоҳамон ба дунё ба иборати дигар бо тағири ҷаҳонбиниамон дӯсту душман низ наздамон тағир хоҳад кард чаро ки милоки санҷиш он, ҳаққу ҳақиқат мегардад ончи моро ба ҳаққ наздик созад дуст ва ончи мавҷиби дури мо аз ҳақиқат гардад душман аст. бояд дунё ва сахтиҳо ва номардиҳояшро ба нафъи худамон тағир диҳем. Биниши мо нисбат ба дунё бояд ба гунае ки таваҷҷуҳи бештаре ба маргу олами охират дошта бошем.

Мо танҳо дар сурате метавонем худро аз чанголи дунё наҷот диҳем ки орзуямонро нисбат ба оянда кам кунем ва ба фиқри лаззатҳои дунё набошем. Танҳо ба фикри рафъи ниёзи имрӯзамон он ҳам аз роҳи машруъ бошем ва барои фардоямон ки намедонем зинда ҳастем ё не ва нисбат ба он таклифе надорем бетаваҷҷуҳ фикри худро машғул накунем. Мо агар таклифе нисбат ба оянда дошта бошем марбут ба охират аст ва охиратхоҳи масъалаи дигаре аст. Аз миёни пешомандоҳи бад ва ногувори зиндаги низ метавон тушаи охират бардошт ва бадин васила аз он суд ҷуст ва ин ба дидгоҳи ту нисбат ба зиндаги бастаги дорад.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст