Амон аз ин забону суханҳое ки ҷуз ба бероҳа роҳ ба ҷое надоранд. Маҳфиле тартиб ёфта ва ҷамъе дар канори якдигар машғули суҳбатанд, дар ин дақиқаҳо ки дар канори ҳаманд аз чизҳое мегуянд ки арши Худо ҳам ба садо дармеояд. Ҳар фарде барои худ мушкиле ва ё мушкилоте дорад ки мавҷиби ранҷу озораш мегардад ва шояд дуст надошта бошад нақли гирифтори ва ё хатое ки муртакиб шуда аст нақли маҳфили дигарон гардад ва ин чизе аст ки бисёр аз он ғофилем.

Фош кардани гуноҳ, гуноҳи кабира аст

Дар ҳолатҳои Паёмбар(с) ва ҳазрати Алӣ(к) аст ки одамҳои гунаҳкор пеши инҳо меомаданд ба гуноҳоне ки дар танҳои карда буданд иқрор мекарданд. Паёмбар(с) ва ҳазрати Алӣ(к) нороҳат мешуданд ва мефармуданд: “Чаро пеши мо меоед ва иқрор мекунед. Агар дар ҳаққи касе гуноҳе кардед ва ё молашро хурдед бояд пеши ҳамон кас иқрор бикунед ва ҳаққашро ба худаш бидиҳемд. Ва агар дар танҳои гуноҳе кардед набояд ба касе бигуед. Ҳам гуноҳи худатонро ва ҳа гуноҳи дигаронро ҳар чи қадар ки метавонед бипушонед. Худо сатторул уюб аст ва ҳифзи обруро дуст дорад.” Ҳазрати Ризо(а) фармуд: “الْمُسْتَتِرُ بِالسَّیِّئَةِ مَغْفُورٌ لَهُ ”

“Он кас ки дар танҳои муртакиби гуноҳе шуда аст набояд бигузорад аҳаде гуноҳашро бифаҳмад.

Касе дар танҳои хилофе анҷом бидиҳад шумо он корро бозгу кунед ғайбаташ кардаед. Гуноҳи ғайбат аз зино бештар аст. Чун агар касе дар танҳои гуноҳе анҷом бидиҳад ва шумо гуноҳашро ифшо бикунед обруяшро рехтаед. Обе ки рехтро мешавад ҷамъ кард вале обруе ки рехтро намешавад ҷамъ кард. الْغِیبَةَ أَشَدُّ مِنَ الزِّنَا

Зино ки ҷурми бузурге аст ва агар одам зан дошта бошад ва ин корро бикунад бояд сангсор бишавад ва агар зан надошта бошад ҳаштод тозиёна дорад. Агар шумо гуноҳи дигаронро пеши мардум бозгу кунед аз фаҳшо ва зино бадтар аст.

Дастури ислом ба парда пуши аз гуноҳи муъмин

Бар муъмин воҷиб аст агар ҳафтод то гуноҳ ҳам аз як муъмине дид бипушонад. Худо пушонданро дуст дорад. Айби худат ва айби дигаронро бипушон.  «الْمُسْتَتِرُ بِالسَّیِّئَةِ مَغْفُورٌ لَهُ»

Касе ки гуноҳи худашро мепушонад Худо ҳам мегуяд: Бипуш ман ҳам надида мегирам мепушонам. Тамоми ҳаддҳо ва тозиёнаҳо ва заданҳо ва шалоқҳо ва азобҳои ҷаҳаннам моли ин аст ки гуноҳро ифшо мекунем ва пардаро пора мекунем Худо ҳам залил ва хорамон мекунад. Худо пушондани гуноҳро дуст дорад. أَظْهَرَ الْجَمِیلَ وَ سَتَرَ الْقَبِیحَ

Аз имом Содиқ(а) ривоят шуда каи фармуд: “Эй гуруҳе ки ба забон ислм овардаед ва дилатон аз мусулмони холи аст! Дар пайи айбҷуи ва ҷустуҷуи лағзишҳои муслимин набошед, ки ҳар ки дар садади айбҷуи ва лағзишҳои муслимин бошад Худованд айбҳо ва лағзишҳои ӯро дунбол мекунад ва ҳар ки Худованд ва лағзишҳои ӯро дунбол кунад расвояш гардонад.”

Решаи айбҷӯӣ

Ҷустуҷуи айбҳо ва лағзишҳои мардум ва ошкор кардани онҳо бешак ноши аз душмани ва ҳасад аст ва гоҳ дар қувваи шаҳвияи пасти ва забуни падид меояд ки аз ошкор шудани айби баъзе аз муслимин шоди ва инбисот даст медиҳад, ҳарчанд ки аз рӯи душмани ва кина набошад, чанонки гуфтаанд: “Чашме ки аз рӯи хушнуди аз дидани ҳар айбе нотавон аст, вале чашми хашм ва нохушнуди бадиҳо ва зиштиҳоро зоҳир мекунад.”

Add comment

Security code
Refresh

Ҳама ҳуқуқҳо ба сайти тоҷикон ҳифз карда шудаанд
Дар Сама тарроҳӣ шудааст