Парвардигори Мутаол дар баёни чигунаги фарзанддор шудани Закариё дар куҳансоли ва талаби фарзанд аз сӯи вай мефармояд:

«وَ زَکَرِیَّا إِذْ نادى‏ رَبَّهُ رَبِّ لا تَذَرْنی‏ فَرْداً وَ أَنْتَ خَیْرُ الْوارِثینَ

“(Ба ёд овар) Закриёро дар он ҳангом, ки Парвардигорашро хонд (ва гуфт): Парвардигори ман! Маро танҳо магузор (ва фарзанди баруманде ба ман ато кун) ва ту беҳтарин ворисонӣ.”

Дар ривоятҳо омада аст, агар касе хоҳони фарзанд бошад, баъд аз намози ҷумъа ду ракъат намоз бо рукуъу суҷуди тулони бихонед, (яъне дар рукуъ ва суҷуд зикри руқуъ ва суҷудро такрор намояд то рукуъ ва суҷудаш тулони шавад) онгоҳ пас аз тамом шудани намоз бигуяд: “«اللَّهُمَّ إِنِّی أَسْأَلُکَ بِمَا سَأَلَکَ بِهِ زَکَرِیَّا إِذْ قَالَ‏ رَبِ‏ لا تَذَرْنِی‏ فَرْداً وَ أَنْتَ‏ خَیْرُ الْوارِثِینَ‏ اللَّهُمَّ هَبْ لِی‏ ذُرِّیَّةً طَیِّبَةً إِنَّکَ سَمِیعُ الدُّعاءِ اللَّهُمَّ بِاسْمِکَ اسْتَحْلَلْتُهَا وَ فِی أَمَانَتِکَ أَخَذْتُهَا فَإِنْ قَضَیْتَ فِی رَحِمِهَا وَلَداً فَاجْعَلْهُ غُلَاماً وَ لَا تَجْعَلْ لِلشَّیْطَانِ فِیهِ نَصِیباً وَ لَا شِرْکاً». ”

Худованд ба ӯ фарзанд ато мекунад.

Қатъан ғайр аз авомили табии ва модди, авомили дигаре дар ҳасти вуҷуд доранд ки метавон осор офарини кунад ки дуо яке аз муҳимтарини онҳост. Аммо дар дуо бояд одоб ва шароитро низ риоят кард то ба истиҷобат наздик шавад.

Ба унвони намуна касе ки дар даргоҳи илоҳӣ обруе дорад ва танҳо дар мавқеи мушкилот ба самти Худо руй меоварад, эҳтимол дорад ки ҳаргиз дуояш пазируфта нашавад.

Ҳамчунин расидан ба изтирор ва холисона хондани Худо, нақши ба сазое дар мустаҷоб шудани дуо дорад.

Ба ҳар ҳол инсон бодя бо умед ба истиҷобати дуо, ба он иқдом намояд ва ҳамеша ба ончи Худои Таоло муқаддар карда аст, рози бошад.

Бо ин муқаддима, матолибе дар ҳадисҳо барои талаби фарзанд тавсея шуда аст ки се намунаи он тақдим мешавад:

1.       Барои талаби фарзанд ин дуоро ҳафтод мартаба бихонед:

«رَبِّ لا تَذَرْنِی فَرْداً وَ أَنْتَ خَیْرُ الْوارِثِینَ وَ اجْعَلْ لِی مِنْ لَدُنْكَ وَلِیّاً یَبَرُّ بِی فِی حَیَاتِی وَ یَسْتَغْفِرُ لِی بَعْدَ وَفَاتِی وَ اجْعَلْهُ خَلْقاً سَوِیّاً وَ لَا تَجْعَلْ لِلشَّیْطَانِ فِیهِ شِرْكاً وَ لَا نَصِیباً اللَّهُمَّ إِنِّی أَسْتَغْفِرُكَ وَ أَتُوبُ إِلَیْكَ إِنَّكَ أَنْتَ الْغَفُورُ الرَّحِیمُ؛[

“Парвардигоро маро танҳо магузор ва ту беҳтарин ирс баранда ҳасти, аз назди худат ёваре барои ман қарор деҳ ки дар зиндагиям аз ман суд барад ва пас аз маргам бар ман истиғфор кунад ва ӯро фарзанде солим бар ман қарор деҳ ва Шайтонро дар ӯ саҳму нақше набошад. Худовандо ман ба сӯи ту тавба намуда ва бахшиши туро металабам, та бахшанда ва меҳрубонӣ.”

Агар худои накарда баччадор нашудед достони Мусо ва Хизрро ки дар Қуръон омада бо диққат бихонед. Дар ин достон ки бахше аз он ҳам мабут ба фарзанд як бандаи худое ҳаст ки тавассути ҳазрати Хизр кушта мешавад ба хуби одам мутаваҷҷеҳи мешавад ки ҳар чанд мумкин аст баъзе чизҳо дар зоҳир ба зарари инсон пеш биравад вале дар воқеъ ба нафъи инсон ҳаст.

2.       Касе ки ҳазрати имом Алии Нақи(а) арз кард ки дорои фарзанд намешавад, ҳазрат лабханде зад ва фармуд: Ангуштаре бигир (бихар) ки нигин он фируза бошад ва бар он нақш кун:

«رَبِّ لا تَذَرْنِی فَرْداً وَ أَنْتَ خَیْرُ الْوارِثِینَ‏»[

Рови гуфт пас чунин кардам ва як сол бар ман нагузашт то инки ба ман фарзанде писар иноят гардид.

3.       Ривоят шуда аст ки баъд аз намози ҷумъа ду ракъат намоз бигузорад ва рукуъ ва суҷудро тулони кунад. Сипас бигуяд:

اللَّهُمَّ إِنِّی أَسْأَلُكَ بِمَا سَأَلَكَ بِهِ زَكَرِیَّا إِذْ قَالَ رَبِّ لا تَذَرْنِی فَرْداً وَ أَنْتَ خَیْرُ الْوارِثِینَ‏  اللَّهُمَّ هَبْ لِی ذُرِّیَّةً طَیِّبَةً إِنَّكَ سَمِیعُ الدُّعاءِ اللَّهُمَّ بِاسْمِكَ اسْتَحْلَلْتُهَا وَ فِی أَمَانَتِكَ أَخَذْتُهَا فَإِنْ قَضَیْتَ فِی رَحِمِهَا وَلَداً فَاجْعَلْهُ غُلَاماً وَ لَا تَجْعَلْ لِلشَّیْطَانِ فِیهِ نَصِیباً وَ لَا شِرْكا ولا نصیباً

4.       Зану шавҳар ҳар субҳу шаб “70 бор субҳоналлоҳ, сипас даҳ мартаба астағфируллоҳа рабби ва атубу илайҳ  баъд аз он нуҳ мартаба субноҳаллоҳ ва дар охир як мартаба астағфируллоҳа рабби ва атубу илайҳ” бигуянд. (Ин ҳам ба дастури имом Боқир(а) барои баччадор шудан мебошад ки дар Макоримулахлоқ навишта шуда аст.)

5.       Дар саҷда ин дуои Қуръониро бихонед:

رَبِّ هَبْ لِی مِنْ لَدُنْکَ ذُرِّیَّةً طَیِّبَةً إِنَّکَ سَمِیعُ الدُّعاءِ رَبِّ لا تَذَرْنِی فَرْداً وَ أَنْتَ خَیْرُ الْوارِثِین

Ин тавсеяи имом Содиқ(а) дар ин замина аст.

6.       Дар вақте ки қасди омезиш доред ин оятро се бор бихон:

«وَ ذَا النُّونِ إِذْ ذَهَبَ مُغاضِباً فَظَنَّ أَنْ لَنْ نَقْدِرَ عَلَیْهِ فَنادى‏ فِی الظُّلُماتِ أَنْ لا إِلهَ إِلاَّ أَنْتَ سُبْحانَکَ إِنِّی کُنْتُ مِنَ الظَّالِمینَ»

7.       Яке аз чизҳое ки мешунавам ва худаш аз иллатҳое аст ки боис мешавад баъзеҳо баччадор нашаванд, ин аст ки ин афрод дар воқеъ баччадор мешаванд яъне зане ҳомила мешавад аммо ба далели адами риояти дастуроти пизишки баччаро ва сиқт мекунад.

8.       Ин масъала бо баррасиҳое ки анҷом шуда, ба даст омада ки ба хусу дар бораи занҳои шоғил аст ки иддае аз онҳо ки ба хотири шуғли кориашон ҳозиранд ҷони баччашаонро фидо кунанд.

Ба ҳамин хотир пешниҳод мекунем агар воқеан дуст доред баччадор бишавед ба дастуроти пизишки худатон ба хусус дар ин гуна масоил таваҷуҳи вижа дошта бошед махсусан дар ҳомилаги аввал ки хеле муҳим аст.

9.       Ҷолиб аст ки бидонем аз ҳадисҳои истифода мешавад ки яке аз авомили муҳимми мустаҷоб шудани афрод ҷиҳати фарзанддор шудани бетафовут нисбат ба гуноҳу надоштани забони ҳақорат ва нияти нопок аст.

Аз имом Содиқ(а) омада аст: Марде аз Бани Исроил барои инки Худо ба ӯ писаре диҳад се сол дуо мекард вақте дид Худои Таоло ӯро иҷобат намекунад арз дошт: Худоё оё ман аз ту дурам ки сухани маро намешунави ё инки ман ба ту наздикаму ту мешунави вале иҷобат намекуни?

Касе дар хобаш омаду ба ӯ гуфт: Ту аз се сол то кунун Худойро бо забони ҳақорат ва дили гунаҳкор ва қалби саркаш ва нияте олуда мехони. Аз ҳақорат даст бардор ва дили хешро пок намо ва нияти хешро дуруст кун (онгоҳ дуо кун) мард як сол чунон кард Худои Таоло ба ӯ писаре дод.

Бинобар ин тибқи ин ҳадис барои истиҷобати дуо ҷиҳати фарзанддор шудан пешниҳод мекунем чаҳор шарт қарор дода шуда дар ин ҳадисро риоят кунед:

Аввал: Дури аз ҳақорат.

Дуввум: Набудани дил сахти.

Севвум: Ҳусни ният ва манзур аз ҳусни ният дар инҷо гумони неку ба Парвардигор аст.

Чаҳорум: Тавба аз маъсият ки фармуд: Аз ҳақорат дури кун ва барои дилатро пок намо.

10.     Як пешниҳди ҷолиб аз сӯи имом Ризо(а)

Ҳишом ибни Иброҳим ба имом Ризо(а) арз дошт: Сарварам аз ду мушкил ранҷ мебарам: Яке бемори ва дуввуми надоштани фарзанд.

Имом Ризо(а) ба ӯ дастур дод ки дар манзили худ дар вақтҳои намоз бо садои баланд азон бигуяд.

Ҳишом баъд аз амал ба ин дастур аз ҳар ду мушкили худ роҳат шуд ҳам бемориаш бартараф гардид ва ҳам инки дорои фарзандони мутааддид гардид.

Марҳум Кулайни мефармояд: Муҳаммад ибни Рошид вақте ин суханро аз Ҳишом ибни Иброҳим шунид ӯ низ амал карда ва ба орзуяш расид.

Пешниҳод ва ҳарфи охир:

Дар охир ҳам агар Худои нокарда бачадор нашудед достони Мусо ва Хизрро ки дар Қуръон омада бо диққат бихонед.

Дар ин достон ки бахши аз он ҳам марбут ба фарзанди як бандаи Худое аст ки тавассути ҳазрати Хизр кушта мешавад ба хуби одам мутаваҷҷеҳ мешавад ки ҳарчанд мумкин аст баъзе чизҳо дар зоҳир ба зараи инсон пеш биравад вале дар воқеъ ба нафъи инсон аст.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст