Ба номи Худо

Омилҳои зиёде дар сарнавишти инсон таъсир гузор аст, ки яке аз он авомил, дуст ва ҳамнишин аст.

Инки ислом бар диққат дар интихоби дуст, фаровон таъкид мекунад ба хотири ҳамин таъсиригузори ҳамнишин аст.

Бояд таваҷҷуҳ дошт, ки дусту дусти бо ҳам тафовут доранд. Дуст яъне ҳамнишин, ҳамдам, ҳамроз ва ... аммо дусти мутааллиқ ба ахлоқ ва рафтор аст, ба ҳамин хотир аст, ки дар растохез аз дустиҳо савол мешавад.

Дусти низ монанди дигар мафоиҳи махлоқи дорои зобитаҳо, шароит ва одоби хоссе аст. Дар ин мақола ба бархе аз одоти дустӣ, ки дар каломи Паёмбар(с) ва ҳазрати Алӣ(к) бадон ишора шуда, хоҳем пардохт.

Ростгӯи амри муҳимме дар дусти бо афрод аст чаро ки сабаби иртиқои руҳияи садоқат дар фард мешавад. Навиштаанд: марде бисёр ба ҳазрати имом Ҳасан(а) алоқаманд буд. Хидмати он ҳазрат омад ва аз ӯ хост ки дусту ҳамнишин ӯ бошад. Имом Ҳасан (а) бо чеҳраи гушода ба ӯ табассум намуд ва ҷавоби мусбат дод ва фармуд: Ҳарчи бошад мепазирам. Ҳазрат(а) фармуд: Агар мехоҳи бо ман дуст боши набояд маро мадҳ намои зеро ман худро беҳтар аз ту мешиносам; мабодо ба ман дуруғ бигуи зеро дуруғро арзишу эътиборе нест; ва мабодо назди ман аз касе ғайбат намоӣ. Мард андаке хомуш шуд ва чун он шароитро дар худ намедид ба он ҳазрат гуфт: Эй фарзанди Расули Худо(с)! Ба ман иҷоза бидеҳ то боз гардам. Имом Ҳасан(а) бо лабханде фармуд: Агар ингуна мехоҳаи ишколе надорад.

Риояти эҳтиром аз дигар одоб ва шароити дусти аст. Чаро ки афрод дар натиҷаи дусти нисбат ба ҳадмигар ҳуқуқе пайдо мекунанд, ки бояд ба ин ҳуқуқ эҳтиром бигузоранд. Гузашта аз он, аз ҷумла вазоифе ки мусулмонон дорад ҳифзи эҳтироми дигарон аст ва чи басо ки тағир равияҳо ва ислоҳоти рафторе дигарон ба ҳамин тариқ иҷро мешавад зеро эҳтиром сабаби ҳидояти дигарон мешавад.

Шарти дигар, тавозуъ аст. Робитаи дусти вақте мустаҳкамтар мешавад ки фард бубинад дусташ на танҳо ба ӯ эҳтирмо мегузорад балки ҳаргиз худро аз ӯ болотар надида ва қасди фахрфуруши ба ӯро надорад. Ҳамчунон ки ҳазрати Алӣ(а) дар ин бора мефармоянд: Байни дустон, одобварзи ҷойгоҳе надорад. Яъне дустон бояд бо ҳам самими бошанд ва одоберо ки заминасози дури аст канор гузоранд.

Аз мавориди дигаре, ки ҳазрати Алӣ(а) дар робита бо дусти суфориш намудаанд, метавон ба ҳамнишин бо фақирон ишора кард.

Ҳазрати Алӣ(а) наздики ба фақиронро ба ин хотир тавсея мекунанд, ки дидани маҳрумиятҳои онҳо боис мешавад ҳисси қаноат ва шукргузори дар инсон тақвият шавад чунонки фармуданд: Бо фақирон ҳамнишин кун ва шукргузори Худоро зиёд намо.

Ҳамчунин ҳазрати Алӣ(а) ҳамнишини бо андешамандон ва соҳибони хирадро мавҷиби камоли ақл дониста мефармоянд: Бо ҳукамо ҳамнишини кун то ақлат комил, нафсат шариф ва ҷаҳлат дур гардад.

Аммо ҳазрати Алӣ(а) мардумро аз ҳамнишин бо дунёталабон ба шиддат наҳй мекунад ва мефармояд: Ҳамнишини бо аҳли дунё сабаби зоил шудани дин ва заъиф шудани имон мегардад.

Дар хусуси одоби дусти дар ривоятҳои исломи мо метавонем ба ду нукта ишора кунем. Нуктаи аввал зарурати дустёби аст. Ривояти бисёр зиёде дорем, ки моро ташвиқ мекунанд бо интихоби дустоне бо сифати барҷаста инсони. Ривояте аст аз ҳазрати Алӣ(а) дар ҳикмати 12 Наҳҷулбалоға ки мефармоянд:

أَعْجَزُ النَّاسِ مَنْ عَجَزَ عَنِ اكْتِسَابِ الْإِخْوَانِ وَ أَعْجَزُ مِنْهُ مَنْ ضَيَّعَ مَنْ ظَفِرَ بِهِ مِنْهُمْ

Оҷизтарин ва нотавонтарин инсон касе аст, ки оҷиз бошад аз инки дустоне барои худаш дасту по кунад ва ба даст биёварад ва оҷизтар аз ӯ касе аст, ки як дусте дошта бошад ва бо заҳмат он дустро ба даст оварад бошад ва баъд он дустро аз даст бидиҳад.

Нуктаи дигар одоби дусти аст. Дустёби як нукта аст ва инки дусти мо ва пайвати дусти мо барқарор бошад нуктаи дуввум аст фурмулҳое дар шариати муқаддаси ислом дар ривоятҳои маъсумин ворид шуда ааст, ки ба мо роҳкор нишон медиҳад, ки ин дустонро ҳамеша дошта бошем. Ба унвони намуна ҳазрати Алӣ(а) дар хутбаи 141 Наҳҷулбалоға мефармоянд:

Эй мардум касе ки аз бародари имонии худаш итминон пайдо кард ва динашро ва ахлоқаш ва тариқи зиндагиашро итминон пайдо кард дар ин сурат вақте ки ба чунин итминоне расид гуфтори дигаронро, гуфтори касонеро ки муғризанд ва мехоҳанд он шахсро дар назари мо сиёҳнамои кунанд ваё сифатҳои бадеро ки ӯ аслан надорад ба ӯ бичасбонанд ва ба ин гуфтаҳо набояд гуш дод чароки байни ҳаққ ва ботил 4 ангушт бештар фосила нест яъне он чизеро ки шумо дидед ҳамон чизро бовар ва қабул кунед ва он чизҳоеро ки шунидед набояд ба ин зуди бовар кард ва таҳти таъсири он ҳарфҳо пайванди дуститонро аз байн бибаред.

Ва нуктаҳое вуҷуд дорад ки тамоми инҳо бо пуштивонаи ривоят аст ва мо ба таври хулоса ишора мекунем, ки дар ододиби дусти ва пайванд ва барқарор доштани дустиҳо муассир аст. Яке ибрози дусти ва изҳори алоқа кардан аст. Яъне вақте касеро дуст доштем динашро қабул дорем ва одами диндор ва хуш ахлоқе аст инро изҳор кунем, ҳамсароамонро дуст дорем изҳор кунем, фарзандонамонро дуст дорем, изҳор кунем, падар ва модарамонро дуст дорем изҳор кунем, тамоми он касонеро ки дуст дорем агар изҳор кунем дар пайванди дусти муассир хоҳад буд ва дигар меҳрубони ва хушахлоки ва неку сухан гуфтани ҳам аз ҷумлаи одоби дусти аст ки дар пайванди дусти ва дар барқарор доштани дусти муассир аст.

Тавозуъ ва фурутани ва рости ва садоқат ва вафои ба аҳд ҳадя додан ва диду боздид ва ҳифзи асрори ҳар кадом аз инҳо боби восее аст ки дар бораи инҳо метавон суханҳо гуфт ва маҷмуаи инҳоро метавон фармулҳое бидонем ки дустиҳоро муҳкам мекунад ва боиси давоми дусти мешавад.

Аз дигар вазифаҳо ва одоби дусти, тадовум бахшидан ба он дар гирифториҳо аст. Онгуна сурудаанд:

Дуст он бошад ки гирад дасти дуст

Дар парешонҳоливу дар мондаги

Яке аз одоби дусти ин аст ки вақте касе бемор мешавад ва ниёз ба таваҷуҳ отифи бештаре дорад дустон ба аёдаташ бираванд. Ҳазрати Алӣ(к) вақте шунид дусташ Ҳориси Ҳамадони бемор аст ва дар бистараи марг афтода тасмим гирфит ба аёдати ӯ биравад. Ҳазрат бо ӯ аҳволпурси кард ва барои у дуо кард.

Шарти дигар дусти бурдбори аст. Бадеҳи аст, ки дар зиндаги инсон, фарозҳо ва нишебҳое рух медиҳад ва ин ҳоле ба ҳоле шуданҳо дар работиаш бо дигарон аз ҷумла бо дуст ва ҳамнишин таъсир мегузорад. Ҳол агар дар ҳангоми ибтило ва гирифтори дуст таҳаммлул ҳамроҳи бо инсонро надошта бошад, мутмаинан дусти пойдор намемонад.

Яке аз роҳҳои зиёд шудани таҳаммул ва бурдбори ҳамнишини бо афроди ҳалим аст.

Ҳазрати Алӣ(а) мефармоянд: Бо бурдбори ҳамнишини кун ва ҳилм ва бурдбори худро зиёд намо.

Ҳамчунин ҳамнишини бо улмао боиси афзоиши илм ва дониш, ва дониш мавҷии басират мешавад ва саранҷом хушбахтиро дар пай дорад. Ҳазрати Алӣ(к) дар ин бора мефармоянд: Бо уламо ҳамнишини кун; хушбахт мешави.

Меъёри дусти бар асоси тақво

Ҳазрати Алӣ(к) мефармоянд:

احبب الاخوان علی قدر التقوی[1]

Бародарони (диниат)ро ба андозаи тақвои онон дуст бидор.

Эъломи дустӣ

Паёмбар(с) мефармоянд:

اذا احب احدکم صاحبه او اخاه فلیعلمه فانّه اصلح لذات البین[2]

Ҳаргоҳ яке аз шумо бародар ва ҳамроҳи худро дуст дошт ва алоқаманд буд. Бояд ӯро аз муҳаббат ва алоқаи худ огоҳ соз чароки ин кор мавҷиби беҳбудии равобит мешавад.

Паёмбар(с) фармуд:

اذا احببت رجلا فاخبره[3]

Ҳаргоҳ касеро дуст дошти, огоҳаш кун.

Шухи беҳуда накардан бо дуст

Имом Содиқ(а) фармуд:

اذااردت ان یصفولک ودّاخیک فلاتمازحنّه و لا تمارینّه[4]

Ҳаргоҳ хости рафоқат ва дусти бародарат бо ту покиза (ва дур аз тираги ва кудурат) бошад, бо ӯ шухи накун ва дар суҳбаҳоят бо вай баҳс ва ҷидол нанамо.

Нукта: шухи кардан ва шодоб будан ва шод кардани дигарон сифате аст бисёр хуб ва писандида ва манзур аз парҳез аз шухи кардан дар инҷо манзур шухиҳое аст ки ба дур аз адаб буда ва ё корҳое аст ки мавҷиби ранҷиши шахси ва ё таҳқири ӯ мешавад.

Интихоби дусти қадими

Ҳазрати Алӣ(к) мефармояд:

اختر من کل شی ء جدیده و من الاخوان اقدمهم[5]

Аз ҳар чизе навашро баргузин аммо аз дустон, қадимиашро.

Дусти ҳақиқи

Ҳазрати Алӣ(к) мефармоянд:

انّ اخاک حقّا من غفر زلّتک و سدّ خلّتک و قبل عذرک و ستر عورتک و نفی وجلک و حقّق املک[6]

Дуст ва бародари воқеи ту касе аст ки: лағзиш ва иштибоҳатро бибахшад ва узратро бипазирад ва айбҳоятро бипушонад.

Савол аз ном ва нишони дуст

Паёмбар(с) фармуданд:

اذا اخا احدکم رجلا فلیسئله عن اسمه واسم ابیه و قبیلته ومنزله فانّه من واجب الحق و صافی الاخأ".[7]

Ҳаргоҳ бо касе дусти шадид бояд аз номаш ва номи падараш ва қабилааш ва манзилаш савол куни ки ин ҷузи воҷиботи дусти буда ва покизатарин дусти аст.

Нукта: Оё таваҷҷуҳ кардаед гоҳе инсон дар тули як сафар ё дар автобус бо касе чанд соат бо ҳам аст ва бо ҳам ҳарф мезанад аммо то охири сафар ҳатто исми ҳамдигарро намефарҳманд. Ин ҷузъи одоби исломи нест балки мутобиқи ин ривоят беҳтар аст инсон вақте бо касе ошно мешавад аввалин чизе ки аз ӯ мепурсад номаш бошад.

Парҳез аз дустони модди

Имом Содиқ(а) мефармоянд:

احذر ان توأخی من ارادک لطمع او خوف او میل او للاکل و الشرب و اطلب موأخاة الاتقیأ و ان افنیت عمرک فی طلبهم[8]

Аз дусти бо касоне ки ба тамаъи чизе ба сӯи ту омадаанд ё аз руи таср ё ниёз ва ё ба хотири хурду хурок бо ту дусти мекуаннд бар ҳазар бош ва бипарҳез ва дунболи дусти бо инсонҳои бо тақво бош ҳарчанд дар пайи ёфтани ингуна афрод умратро сарф куни.

Такрими дуст

Имом Содиқ(а) мефармоянд:

من اتاه اخوه المسلم فاکرمه فانما اکرم الله عزّوجلّ[9]

Ҳаргоҳ касе бародари мусалмонашро ки пеши вай омад, эҳтиром ва икром кунад Худовандро икром карда.

Беҳтарин дуст

Паёмбар(с) фармуданд:

خیر اخوانکم من اهدی الیکم عیوبکم[10]

Беҳтарин дустон ту касе ки айбҳоятро бар ту ҳадя кунад.

Ҳазрати Алӣ(к) мефармоянд:

خیر اخوانک من دلّک علی هدی و اکسبک تقی و صدک عن اتباع الهوی[11]

Беҳтарини дустони ту касе аст ки туро ба сӯи роҳи ҳидоят роҳнами кунад ва боис шавад тақво ба даст овари ва туро аз ҳавопарасти ва пайрави хоҳишҳои нафс боз дорад.

Огоҳ накардани дуст бар асрор

Имом Содиқ((а) мефармоянд:

خیر اخوانک من دلّک علی هدی و اکسبک تقی و صدک عن اتباع الهوی[12]

Ҳеҷгоҳ дустатро ба розҳои худ огоҳ накун магар розе ки агар душманат бадон бавоситаи он зараре ба ту нарасад чароки дуст, рузии душман хоҳад шуд.

Милоки интихоби дуст

Имом Содиқ(а) мефармоянд:

من غضب علیک من اخوانک ثلاث مرات فلم یقل فیک شرّا فاتخده لنفسک صدیقا[13]

Ҳаргоҳ аз ошноён ва бародаронат касе буд ки се бор бар ту асабони шуд аммо дар борат бади нагуфт ӯро ба дусти худ интихоб кун.

Парҳез аз дусти бо ноаҳл

Имом Ҷавод(а) фармуданд:

ايّاک و مصاحبة الشریر فانّه کالسیف المسلول یحسن منظره و یقبح اثره[14]

Бо инсонҳои шарур дусти ва ҳамнишини накун чароки ӯ монанд шамшер охтае аст, ки симояш зебост аммо асараш зишт ва нописанд.

Меъёри шинохти дуст

Луқмони Ҳаким фармуд:

لا تعرف اخاک الاّ عند حاجتک الیه[15]

Дустатро намешиноси магар вақте ба ӯ ниёз пайдо мекуни.

Нишонаи дусти

Имом Содиқ(а) фармуд:

تستبین مودّة الرجل لاخیه فی اکله[16]

Дусти ва хайрхоҳи шахс нисбат ба бародар ва рафиқат дар хурданаш ошкор мешавад.



[1] Биҳор, ҷ 78, саҳ 33

[2] Биҳор, ҷ 74, саҳ 182.

[3] Ҳамон, саҳ 181.

[4] Ҳамон, ҷ 78, саҳ 291.

[5] Ғурарулҳикам

[6] Ҳамон.

[7] Биҳор, ҷ 74, саҳ 174.

[8] Ҳамон, саҳ 272.

[9] Ҳамон, саҳ 298.

[10] Танбеҳулхавотир, ҷ 2, саҳ 123.

[11] Ғурарулҳикам

[12] Мишкотуланвор, ҷ 3, саҳ 23.

[13] Амоли, саҳ 532.

[14] Биҳор, ҷ 74, саҳ 198.

[15] Ҳамон, саҳ 178.

[16] Сафинатулбиҳор, ҷ 1, саҳ 101.

Add comment

Security code
Refresh

Ҳама ҳуқуқҳо ба сайти тоҷикон ҳифз карда шудаанд
Дар Сама тарроҳӣ шудааст