Аз Расули Худо(с) нақл шуда аст, ки он ҳазрат(с) фармуданд:

“Дар рӯзи қиёмат ақрабе аз ақрабҳои ҷаҳаннам ба саҳрои қиёмат хоҳад омад, ки баданаш бисёр бузург мебошад ва фарёд мекашад:

Кист ки бо Худованд ҷанг ва муҳориба намуда аст ва куҷост?  Ҷабраил мегуяд: Чи касеро мехоҳӣ? Ва он ақраб мегуяд: Шаш гуруҳ ва тоифаро мехоҳам:

1.Тарккунандаи намоз; касоне ки намозро сабук мегиранд ва онро тарк мекунанд, агарчи ба ракъате бошад.

2.Монеи закот; касоне ки закот бояд бипардозанд ва намепардозанд, агарчи ба як дона бошад.

3.Шориби хамр; касе ки шароб мехурад агарчи ба як қатра бошад.

4.Хурандаи риё; касе ки пулашро ба касе медиҳад ва дар баробари он зиёди мехоҳад (аз он пул прасент мегирад) агарчи ба як луқма бошад.

5.Оқи волидайн; касе ки падар ва модараш ӯро оқ карда бошанд агарчи ба як калима бошад.

6.Касе ки дар масҷид ба умури дунёи машғул бошад ва фориғ аз ёди Худованд, сухан аз дунё бигуяд, сипас Паёмбар(с) фармуданд: Ҳамоно ин шаш гуруҳро он ақраб ба даҳон мегирад ва мебалъад, чунонки кабутаре донае мехурад.”

Тафсири Нуруссақалайн, ҷ 8, саҳ 699

Add comment

Security code
Refresh

Ҳама ҳуқуқҳо ба сайти тоҷикон ҳифз карда шудаанд
Дар Сама тарроҳӣ шудааст