Дунё аз нигоҳи ҳазрати Алӣ (к)

الدنیا مزرعه الآخره[i]

"Дунё киштзори олами охират аст".

Бале, агар кишоварз киштзорро бо хонаи худ ва бо мақарри худ иштибоҳ кунад, хато карда аст; киштзорро ба унвони киштзор будан набояд бо чизи дигаре иштибоҳ кунад. Бозор барои як бозаргон ҷои кор аст; яъне ҷои ин аст, ки сармоя ва амал ва талошеро барои суду даромади бештаре ба кор андозад ва бар ончи дорад бияфзояд. Дунё ҳам барои инсон чунин чизе аст. الدنیا مزرعه الآخره

ва каломи Амири мӯъминон Алӣ (к), ки мефармояд:

"الدنیا متجر اولیاء الله"

"Дунё маҳалли тиҷорати авлиёи Худост"

Шахсе дар ҳузури ҳазрати Алӣ (к) шурӯъ кард ба мазаммат кардани дунё. Шунида буд, ки Алӣ (к) дунёро мазаммат мекунад, вале намефаҳмид, ки ӯ аз чи ҷиҳате дунёро мазаммат мекунад. Ӯ хиёл мекард, ки вақте Алӣ (к) дунёро мазаммат мекунад, масалан табиатро мазаммат мекунад; намедонист ки ӯ дунёпарастиро мазаммат мекунад, ӯ туро аз назари парастиши дунё, ки зидди ҳақпарастӣ ва ҳақиқатпарастӣ аст ва баробар бо радди ҳамаи арзишҳои инсонӣ аст, мазаммат мекунад. Вақте он мард дунёро мазаммат кард, Алӣ (к) – ки зидди дунёпарастӣ аст ва онро мазаммат мекунад- ба сахтӣ барошуфту фармуд:

"ایها الذام للدنیا، المغتر بغرورها، المخدوع باباطیلها، اتغر بالدنیا ثم تذمها؟ انت المتجرم علیها ام هی المتجرمه علیک؟"

"Эй мазамматгари дунё! Эй касе ки фиреби дунёро хӯрдаӣ! Дунё туро фиреб надод, ту фиреб хӯрдӣ".

Хеле таъбири аҷибе аст. Дунё касеро фиреб намедиҳад, инсон худаш фиреб мехӯрад.

Ман дар ин бора масале мегӯям: Як вақт пиразане бо ороишҳои сохтагӣ инсонро фиреб медиҳад. Дандон дар даҳонаш надорад, дандони сохтагӣ мегузорад; мӯ ба сараш надорад мӯи сохтагӣ мегузорад. Ба қавли он шоири араб:

عجوز تمنت ان تکون فتیه وقد یبس العینان واحدودب الظهر

Як бечорае ӯро ба сурати як зани ҷавон хиёл мекунад ва вақте мефаҳмад, ки иштибоҳ карда аст, ки дигар дер шудааст. Вале як вақт ҳамин пиразан, мегӯяд: ҷаноб! Синни ман панҷову нуҳ солу шаш моҳу шаш рӯз аст, ва ҳақиқатро мегӯяд. Дандонҳо ва мӯҳояшро нишон медиҳад, мегӯяд: Як дандон ҳам ба даҳонам надорам ва мӯҳоеро ки мебинӣ мӯйи сохтагӣ аст, ки бар сарам гузоштаам; ман ҳамин ҳастам, оё ҳозирӣ бо ман издивоҷ кунӣ? ӯ ҳарчи мегӯяд ман дандон надорам инсон мегӯяд: Қурбони ҳамон дандонҳое ки надорӣ! Ҳарчи мегӯяд ман зулф надорам, инсон мегӯяд: Шумо шӯхи мекунед, ман мефаҳмам ки шумо доред шикастанафсӣ мекунад. Пас ин пиразан туро фиреб надода аст, ту худат барои фиреб хӯрдан тайёр ҳастӣ, худат мехоҳӣ худатро фиреб диҳӣ; як мавзӯъ барои фиреб хӯрдан мехоҳӣ.

Алӣ (к) мефармояд: "Дунё ки чизеро пинҳон накарда аст". Дунё чи чизро пинҳон карда аст, ки мегӯи дунё маро фиреб дод? Он рӯзе ки ба дасти худат падаратро хок кардӣ, дунё туро фиреб дод? Дунё мегӯяд ман ҳаминам ки ҳастам, ман маҳалли дигаргунӣ ҳастам ва пойдорӣ дар ман нест. Дунё мегӯяд манро ҳамон тавр ки ҳастам дарк кун; чаро мехоҳӣ маро он тавре ки нестам, бовар кунӣ? Ман ингуна ҳастам ва дорам худамро ҳам ба ту нишон медиҳам, вале ту мехоҳӣ маро ба гунаи дигаре, ки нестам ва худат хиёл мекунӣ, бовар кунӣ. Пас дунё касеро фиреб намедиҳад, инсон фиреб мехӯрад.

انت المتجرم علیها ام هی المتجرمه علیک؟

Биё ҳисоб кунем, оё ту бар дунё ҷиноят кардӣ ё дунё бар ту ҷиноят кард? Ту ба ин олам хиёнат мекунӣ ё олам ба ту хиёнат мекунад? "متی غرتک"؟ дунё кай туро фиреб дод? " ام متی استهوتک"؟ кай дунё ҳавои нафси туро талаб кард? Ин ту ҳастӣ ки бо ҳавои нафси худ дунболи дунё ҳастӣ.

"ابمصارع آبائک من البلی؟ ام بمضاجع امهاتک تحت الثری؟"

Баъд фармуд:

"الدنیا مسجد احباء الله"

"Дунё масҷиди дӯстони Худост".

Оё агар масҷид набошад, обид метавонад ибодат кунад?

"متجر اولیاء الله"[ii]

"Дунё бозори тиҷорати авлиёи Худост".

Агар бозор набошад оё бозаргон метавонад бозаргонӣ кунаду суд бибарад?

Он фикр ки дунёро барои инсон ба манзалаи зиндону чоҳу қафас медонад ва мегӯяд вазифаи инсон берун рафтан аз ин зиндон ва хориҷ шудан аз ин чоҳ ва шикастани ин қафас аст, устувор бар як асли дигаре дар боби "шинохти нафс" ва "шинохти рӯҳ" аст, ки Ислом онро қабул надорад



[i] - Кунузул ҳақоиқ, Мановӣ, боби дол.

[ii] - Наҳҷул балоға, ҳикмати 131.

Таҳияи: Муҳаммади Раҳимӣ

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст