Рамазон дар луғати араб аз “рамазо” ба маънои шиддати ҳарорат гирифта шуда ва ба маънои сузонидан мебошад.[1] Чун дар ин моҳ гуноҳони инсон бахшида мешавад, ба ин моҳи муборак Рамазон гуфтаанд.

Паёмбари Акрам(с) мефармоянд:

انما سمی الرمضان لانه یرمض الذنوب[2]

“Моҳи Рамазон ба ин ном хонад шуда аст, зеро гуноҳонро месузонад.”

Рамазон номи яке аз моҳҳои қамари ва танҳо моҳи қамари аст, ки номаш дар Қуръон омада аст ва яке аз чаҳор моҳе аст, ки Худованди Мутаол ҷангро дар он ҳаром карда аст. (магар инки вазъияти дифоъи бошад.)

Дар ин моҳ китобҳои осмони Қуръони Карим, Инҷил, Таврот, Суҳуф ва Забур нозил шуда аст[3].

Дар ин моҳ дар ҳадисҳои исломи моҳи Худо ва меҳмонии уммати Паёмбари Акрам(с) хонда шуда ва Худованди Мутаол аз бандагони худ дар  ин моҳ дар ниҳояти каромат ва меҳрубони пазирои мекунад; Паёмбари Акрам(с) мефармояд:

“Моҳи Раҷаб моҳи Худо ва моҳи Шаъбон моҳи ман ва моҳи Рамазон, моҳи уммати ман аст”,[4] ҳар кас ҳамаи ин моҳро рӯза бигирад бар Худо воҷиб аст, ки ҳамаи гуноҳонашро бибахшад, бақияи умрашро тазмин кунад ва ӯро аз ташнаги ва ташнаги дардноки рӯзи қиёмат амон диҳад.”[5]

Ин моҳ, дар миёни мусумонон аз эҳтиром, аҳамият ва ҷойгоҳи вижае бархурдор ва моҳи сулулки руҳии онон аст ва муъминон бо муқаддимасози ва фароҳам кардани заминаҳои маънави дар моҳҳои Раҷаб ва Шаъбони ҳар сол худро барои вуруд ба ин моҳи шариф ва пурбаракат омода мекунанд ва бо ҳулули ин моҳ бо шуру иштиёқ ва додани таъом ва ифтори ба ниёзмандон, шабзиндадори ва ибодат, тиловати Қуръон, дуо, ифтиғфор ва тавба, додани садақа, рӯзадори ва ... руҳу ҷони худро аз сарчашмаи файзи илоҳӣ сероб мекунанд.

Фазилатҳои моҳи Рамазон

Гарчи зикри тамоми фазилатҳои моҳи мубораки Рамазон аз доираи ин мақола хориҷ аст, вале пардохтан ва зикри баъзе аз фазилатҳои он аз назари Қуръон ва ҳадисҳои исломи холи аз лутф нест.

1.Бартарин моҳи сол

Моҳи мубораки Рамазон ба ҷиҳати нозил шудани Қуръони Карим дар он ва вижагиҳои мунҳасире, ки дорад дар миёни моҳҳои соли қамари бартарин аст; Қуръони Карим мефармояд:

“Моҳи Рамазон моҳе аст, ки Қуръон барои ҳидояти инсонҳо дар он нозил шуда аст.”[6]

Паёмбари Акрам(с) дар бораи моҳи Рамазон мефармояд:

“Эй мардум! Моҳи Худо бо  баракат ва раҳмат ва мағфират ба шумо руй овард, моҳе ки назди Худо аз ҳамаи моҳҳо бартар ва рӯзҳояш бар ҳамаи рӯзҳо ва шабҳояш бар ҳамаи шабҳо ва соатҳояш бар ҳамаи соатҳо бартар аст, моҳе аст ки шумо дар он ба меҳмонии Худо даъват шуда ва мавриди лутфи ӯ қарор гирифтаед, нафасҳои шумо дар он тасбеҳ ва хобатон дар он ибодат, амалатон дар он мақбул ва дуоятон дар он мустаҷоб аст ... бештарин соате аст, ки Худованд ба бандагонаш назари раҳмат мекунад...”[7]

2.Нозил шудани китобҳои осмонӣ дар ин моҳ

Тамоми китобҳои бузурги осмони монанди: Қуръон, Таврот, Инҷил, Забур, Суҳуф дар ин моҳ нозил шуда аст. Имом Содиқ(а) мефармояд: “Кулли Қуръони Карим дар моҳи Рамазон ба байтулмаъмур нозил шуд, сипас дар муддати бист сол бар Паёмбари Акрам(с) ва суҳуфи Иброҳим дар шаби аввали моҳи Рамазон ва Таврот дар рӯзи шашуми моҳи Рамазон, Инҷил рӯзи сездаҳуми моҳи Рамазон ва Забур дар рӯхи ҳаждаҳуми моҳи Рамазон нозил шуд.”[8]

3.Тавфиқи рӯза

Дар моҳи Рамазон Худованди Мутаол тавфиқи рӯзадориро ба бандагонаш дода аст: “Пас ҳарки моҳи (Рамазон)ро дарк кард, бояд рӯза бигирад.”[9]

Инсон илова бар ҷанбаи модди ва ҷисми, дорои буъди маънави ва рӯҳи ҳам ҳаст ва ҳар кадом дар расидан ба камоли матлуби худ, барномаҳои вижаеро ниёз доранд, яке аз барномаҳо барои тақвият ва рушди буъди маънави, тақво ва парҳезгори аст; яъне агар инсон бихоҳад худашро аз ҷанбаи маънави рушд ва парвариш диҳад ва ба таҳорат ва камоли матлуб бирасонад, бояд ҳавои нафси худро маҳор кунад ва манеъҳои рушдро яке пас аз дигаре бар дорад ва худро саргарми лаззатҳо ва шаҳватҳи ҷинси накунад. Яке аз аъмоле, ки дар ин росто муасиир ва муфид аст рӯзадори аст, Қуръони Карим мефармояд:

“Эй афроде, ки имон овардаед! Рӯза бар шумо навишта шуд (фарз шуд), ҳамонгуна ки бар пешиниён аз шумо фарз шуда, то парҳезгор шавед.”[10]

Бархе аз фоидаҳо ва фазилатҳои рӯза:

Тақвияти тақво, парҳезгори ва ихлос[11]:

Имом Содиқ(а) мефармояд: Худованди Мутаол фармуда: “Рӯза аз ман аст ва подоши онро ман медиҳам.”[12]

Ҳазрати Фотима(с) мефармояд: “Худованд рӯзаро барои устувории ихлос, воҷиб фармуд.”[13]

Монеи азобҳои дуняви ва охирати мешавд:

Паёмбари Акрам(с) мефармояд: “Рӯза сипаре дар баробари оташ аст.”[14]

Ҳазрати Алӣ(к) мефармояд: “Рӯза рударо борик мекунад гуштро мерезад ва аз гармои сузони дузах дур мегардонад.”[15]



Оромиши равон ва ҷисм:

Рӯзадори руҳ ва равон ва қалбу дилу низ ҷисмро оромиш дода ва боиси саломатии рӯҳ ва тандурустии ҷисм мешавад. Паёмбари Акрам(с) мефармояд: “Рӯза бигиред то солим бимонед.” Боз дар ҳадиси дигаре мефармояд: “Меъда хонаи тамоми дардҳо ва имсок (рӯза) болотарини доруҳост.”[16]

Ҳазрати имом Боқир(а) мефармояд: “Рӯза ва ҳаҷ оромбахши дилҳост.”[17]

Ҳазрати Алӣ(к) мефармояд: “Худованд бандагони муъмини худро ба василаи намозҳо ва закотҳо ва ҳадис дар рӯзадории рӯзаҳои воҷиб (Рамазон) барои ором кардаи аъзо ва ҷавореҳи онон, хушуъи дидагонаш ва фурутании ҷонҳояшон ва хузуъи дилҳояшон ҳифз мекунанд.”[18]

Имрӯза дар илми пизишки ва аз назари беҳдошт ва тандурусти низ дар ҷойи худ собит шуда, ки рӯзадори таъсири фаровоне бар оромиши руҳ ва равон ва саломатии ҷисму бадан дорад, аз байн бурдани чарбиҳо (равғанҳои изофи дар бадан), танзими фишори қанди хун ва ... намунаи он аст.[19]



Монеъи нуфузи Шайтон:

Ҳазрати Алӣ(к) ба Паёмбари Акрам(с) арз кард: Ё Расулаллоҳ! Чи чизе Шайтонро аз мо дур мекунад? Паёмбари Ислом(с) фармуд: “Рӯза чеҳраи ӯро сиёҳ мекунад ва садақа пушти ӯро мешиканад.”[20]

Бинобарин, рӯза монеи нуфузи шайтонҳои ҷинни ва инси шуда ва васвасаҳои ононро аз байн мебарад.



Баробар будан байни сарватманд ва фақир:

Инсни рӯзадор дар ҳангоми гурснаги ва ташнагӣ, фақирҳо ва бенавоёнро ёд намекунад ва дар натиҷа ба кумаки онҳо мешитобад. Ҳазрати имом Ҳасани Аскарӣ(а) дар бораи иллати воҷиб будани рӯза мефармояд: “То тавонгар дарди гуруснагиро бичашад ва дар натиҷа ба ниёзманд кумак кунад.”[21]



Зинда шудани фазилатҳои ахлоқӣ

Ҳазрати Ризо(а) дар бораи иллати воҷиб будани рӯза мефармояд: “То мардум ранҷи гуруснагиро начашад ва ба ниёзмандоии худ дар охират пай бибаранд ва рӯзадор бар асари гуруснаги ва ташнаги хошед, мутавозеъ, фурутан, маъҷур, толиби ризо ва савоби Худо ва ориф ва собир бошад ва бадин сабаб мустаҳаққи савоб шавад, ... рӯза мавҷиби худдори аз шавҳат аст , низ то рӯза дар дунё насиҳатгари онон бошад ва ишонро дар роҳи анҷоми таклифашон ром ва варзида кунад ва роҳнамои онон дар расидан ба аҷр бошад ва ба андозаи сахти, ташнаги ва гурустани ки ниёзмандон ва мустамандон дар дунё мечашонад пай бибаранд ва дар натиҷа, ҳуқуқе ки Худвоанд дар дороиҳояшон воҷиб фармуда аст, ба ишонбипардозанд.”[22]

4.Вуҷуди шаби қадр дар ин моҳ

Шаби қадр шабҳое, ки бартар аз ҳазор моҳ аст ва фариштагон дар ин шаб ба изни Худо фуруд меоянд ва ҷамиъи муқаддароти бандагонро дар тули сол таъин мекунанд.[23] Ва вуҷуди ин шаб дар ин моҳи муборак неъмат ва мавҳибати илоҳӣ бар уммати Паёмбари Акрам(с) аст ва муқаддароти як соли инсонҳо (ҳаёт, марг ва ризқ ва ..) бар асоси лаёқатҳо ва заминаҳое ки худи онҳо ба вуҷуд овардаанд таъин мешавад ва инсон дар баробари чунин шабе бо тафаккур ва тадаббур ба худ ояд ва амъоли як солаи худро арзёби кунад ва бо фароҳам овардани заминаи муносиб  беҳтарин сарнавишро барои худ рақам занад.[24]



5. Баҳори Қуръон

Назар ба инки Қуръони Карим дар моҳи мубораки Рамазон нозил шуда ва тиловати оёт дар ин моҳ фазилати бисёре дорад, дар ҳадисҳои исломӣ, аз моҳи Рамазон ба унвони баҳори Қуръон ёд шуда аст, чунонки ҳазрати имом Боқир(а) мефармояд “Ҳар чизе баҳоре дорад ва баҳори Қуръон моҳи Рамазон аст.”[25]

Як нукта!

Ошкор аст фазилатҳо ва савобҳое, ки барои моҳи мубораки Рамазон ва рӯзадори зикр шуд ва ба бархе аз онҳо ишора шуд, аз они касоне аст, ки ҳақиқати онро дарк кунанд ва ба муҳтавои он амал ва дар гуфтор ва кирдор ба кор гиранд ва ба онҳо ҷомаи амал бипушонанд. Чунон дар ҳадисҳои исломи барои рӯзадори одобе зикр шуда ва касоне, ки сирфан тиловати Қуръон мекунанд, вале ба оятҳо ва аҳкоми он амал намекунанд ва ё он, ки аз рӯзадори танҳо ранҷи гуруснаги ва ташнагиро мекашанд ва бависали гуноҳ, таъсири рӯзаро аз байн мебаранд ва моҳи мубораки Рамазон ва фазои маънавии он таъсире бар худи он шахс бар ҷой нмегузорад, мавриди накуҳиш қарор гирифтаанд.

Чунонки Паёмбари Акрам(с) ба зане ки бо забони рӯза канизи худро дашном медод фармуд: “Чигун рӯзадори ва ҳол онки канизатро дашном медиҳи?! Рӯза фақат худдори аз хурдан ва ошомидан нест, балки Худованд онро илова бар ин ду, монеъи корҳо ва суханони зишт ки рӯзаро беасар мекунанд қарор дода аст, чи андаканд рӯзадорон ва чи биёранд касоне ки гуруснаги мекашанд.”[26]

Ҳазрати имом Саҷҷод(а) дар  дуои ҳулуи моҳи Рамазон ба даргоҳи Худованд арз мекунад: “Ба василаи рӯза ин моҳ ёриамон деҳ то андомҳои худро аз маосии ту нигаҳ дорем ва онҳоро ба корҳои гирем, ки хушнудии туро фароҳам оварад, то бо гушҳоямон суханони беҳуда нашунавем ва бо чашмонамон ба лаҳв ва лаъиб нашитобем ва дастонамонро ба сӯи ҳаром нагушоем ва бо поҳоямон ба сӯи ончи манъ шуда раҳ насупорем ва то шикамҳоямон ҷуз ончиро ту ҳалол кардаи дар худ ҷой надиҳад ва забонҳоямон ҷуз ба он чи ту хабар додаи ва баён фармудаи гуё нашвад.”[27]

Бинобарин, дар моҳи мубораки бояд тамоми аъзо ва ҷавореҳро аз ҳаром дур нигаҳ дошт ва бо ихлос, таваккал, амал ба дастурҳо ва аҳкоми Қуръони Карим ва дури аз гуноҳон, анҷоми тавбаи насуҳ ва воқеи, ибодат, шабзиндадори, дарки фазилатҳои шаби қадр ва ...

Фазилати моҳи мубораки Рамазонро дарк кард ва аз он дар ростои расидан ба камол ҳаракат аст ва бояд дар ин моҳ ба гунае худсози кард, ки бо итмоми моҳи муборак таъсир ва фоидаҳои он дар рӯз ва ҷони афрод боқи бошад ва асари он то моҳи Рамазони соли баъд мондагон бошад

[1] Муфрадот, саҳ 209.

[2] Биҳор, ҷ 55, саҳ 341.

[3] Кофӣ, ҷ 2, саҳ 628.

[4] Васоил, ҷ 2, саҳ 628.

[5] Ҳамон

[6] Сураи Бақара, ояти 185.

[7] Васоил, ҷ 10, саҳ 313.

[8] Кофӣ, ҷ 2, саҳ 628

[9] Сураи Бақара, ояти 185.

[10] Сураи Бақара, ояти 183.

[11] Ҳамон.

[12] Мизонулҳикма, ҷ 2, саҳ 3207.

[13] Ҳамон, саҳ 3209.

[14] Ҳамон.

[15] Ҳамон.

[16] Ҳамон.

[17] Ҳамон.

[18] Ҳамон.

[19] Тафсири Намуна, ҷ 1, саҳ 631.

[20] Мустадракул васоил, ҷ 7, саҳ 154.

[21] Мизонул ҳикма, саҳ 3209.

[22] Ҳамон.

[23] Сураи Қадр, оёти 1 то 5.

[24] Алмизон, ҷ 18, саҳ 132.

[25] Васоил, ҷ 10, саҳ 354.

[26] Кофӣ, ҷ 4, саҳ 87.

[27] Саҳифаи Саҷҷодия, саҳ 186.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст