Паёмбари Акрам(с) дар маҷлисе ба Алӣ(к) фармуд:
Ё Алӣ туро дар мавриди худат ба сифоте суфориш мекунам пас онҳоро аз ман ба ёд дошта бош, Худоё кумакаш кун.
Аввал: Ростгӯӣ, мабодо ва ҳаргиз аз даҳонат дуруғе хориҷ шавад.
Дуввум: Вараъ, ҳаргиз хиёнат накун.
Севвум: Тарс аз Худо, гуё ӯро мебинӣ.
Чаҳорум: Гиряи зиёд аз тарси Худо ки дар барои ҳар қатра ашке ҳазор хона бароят дар биҳишт бино мешавад.
Панҷум: Бахшиши мол ва ҷон дар роҳи дин.
Шашум: Иқтидо ба суннати ман дар намоз ва рӯза ва садақаам.
Садақа ҳарчи ки метавони то онҷо ки гумон мекуни исроф карди дар ҳоле ки накардаӣ ва бар ту бод ба намози шаб ва бар ту бод намози пешин ва бар ту бод тиловати Қуръон дар ҳар ҳол. Бар ту бод ба шустани дандонҳо бо ҳар таҳорат.Бар ту бод ба ахлоқи писандида ва парҳез аз ахлоқи нописанд агар чунин накарди (ва зарарашро диди) ҷуз худатро сарзаниш накун.[1]
[1] Биҳор, ҷ 74, саҳ 68.